Шогуна Собир, рӯзноманигори озод
Ягон чизи муқаддас дар фарҳанг вуҷуд надорад, ки онро фаромӯш карда нашавад.
Мо достони офаринишро, ки замоне ба он бовар доштем, дигар ба хотир намеорем. Анъанаҳои дини аҷдодамонро ҷашн намегирем ва ҳатто ёдоварӣ намекунем. Хурсандии идгардак ҳам аз хотираи набераҳои мову наслҳои оянда хоҳад рафт.
Баъзе аз анъанаҳо ба таври табиӣ аз роҳи рӯшангарии дониш аз байн мераванд. Барои мисол, то ба солҳои наздик мардум ҳангоми моҳгирифтагӣ (ё гирифтани Моҳ) бар таблу тобаҳо мекӯбиданд, то ки девҳои осмониро, ки гуё моҳро азоб медиҳанд, битарсонанд.
Дар замонҳои дигар, анъанаҳои фарҳангӣ бо зӯр аз дарун, тавассути нерӯҳои берунӣ ё ҳар ду аз байн бурда мешаванд. Баъзан ин гуна ислоҳоту иқдомот хайрхоҳона ва натиҷааш ба фоидаи ҷомеа аст, аммо дар баъзе мавридҳо не.
Имрӯз мо шоҳиди кӯшиши маҷбуран манъ кардани идгардак ҳастем. Аммо чаро маҳз идгардак? Сабабҳои эҳтимолии вакилони порлумон барои манъи идгардак пешгирӣ аз ташвишҳои нохушоянд, эҳтимол монанди сару садои баланди кӯдакон, исрофу ифлосӣ дар кӯчаҳо, гаштугузор бе назорати волидон ва "рафторҳои номатлуб" мебошанд.
Агарчи ин ҳама мумкин аст нороҳаткунанда бошад, аммо айни ин ҳолатҳо дар иду ҷашнвораҳои дигар, монанди шабу рӯзи Соли нав, чорабиниҳои бузурги варзишӣ ва умуман таътили тобистонаи мактабӣ вуҷуд доранд. Бинобар ин, ин далелҳо барои махсус манъ кардани анъанаи идгардак кофӣ нест.
Гуфта нашудааст, ки сабаби манъи ид кам кардани хароҷот аст, зеро иди Рамазон ва Қурбон манъ нест (қонун ин ду рӯзро истироҳатӣ эълон кардааст) ва калонсолон озодона бо ташкили зиёфат дар хонаҳои якдигар аз он лаззат мебаранд. Пуле, ки барои харидани сақич ва қанд сарф мешавад, дар муқоиса бо пуле, ки барои идҳои дигар, рӯзҳои таваллуд ва пардохтҳои доимоафзояндаи давлатӣ сарф мешавад, ночиз аст.
Азбаски ин мамнӯият (манъкунӣ) махсусан кӯдаконро ҳадаф қарор додааст, яке аз сабабҳояш мумкин суст кардани контроли дин ба наслҳои оянда ва кам кардани робитаи мусбат бо он бошад, ки дар даврони кӯдакӣ шакл мегирад. Бо ин ҳол, таъкид ба идҳои дигар ва дар айни ҳол камаҳамият ҷилва додани ин ду иди мазҳабӣ аҳамияти онҳоро кам нахоҳад кард.
Бо таваҷҷуҳ ба таъсири зиёди тамоми кишварҳои мусулмоннишин аз тариқи расонаҳои гуногун, аз он ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз хурсандии кӯдакон дар ин идҳо аз таъсири худи дин кам намекунад. Мумкин аст, онҳоро дар муқобили таъсири эҳтимолии номатлуби хориҷӣ ҳассостар ва осебпазиртар ҳам кунад, зеро ҳеч чизи фарқкунанда байни "равиши онҳо" ва "роҳи мо" нахоҳад буд.
Дар асл, исломро аз ҳамаи унсурҳои тоҷикӣ холӣ мекунад. Бинобар ин, манъи идгардак бо таваҷҷуҳ ба ин далелҳо низ мантиқӣ нест. Далел ё сабаби эҳтимолии дигар мумкин чизе аст, ки ҳозир ба истилоҳ мӯди рӯз аст: тақлид аз кишварҳои хориҷӣ ва роҳҳои хориҷӣ. Дар ин ҳолат ҳадаф дар як сатҳ шудан бо кишварҳои ҷамъиятшон аксар мусулмон аст, ки идгардак надоранд. Аммо ин ҳам барои чӣ? Чаро ин муҳим аст?
Агар сабаб аз байн бурдани он чизе, ки шумораи ками одамон ҷанбаи "гадоӣ"-и идро медонанд, бояд ба назар гирифт, ки дар кишварҳои сарватманд идҳо ба мисли Иди Пок (Пасха) ва Ҳеллоуин ҳаст, ки кӯдакон тухм ҳадя мегиранд ва дар ба дар рафта, шириниҳо талаб мекунанд. Ҳеч кадоме аз ин далелҳои гумроҳона мантиқӣ нест ва наметавонанд барои манъи идгардак асос шаванд.
Мардум дӯст намедоранд маҷбур шаванд ё аҳмақ пиндошта шаванд. Баҳонаҳои ковоку бебунёд барои манъи чизе фақат боис ба озору хашми бештари мардум мешавад. Бахусус вақте ки мушкилоти воқеӣ вуҷуд дорад, ки ба онҳо бояд таваҷҷуҳ шавад.
Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.