Ғаффор Мирзоев хостааст, ки ҳукми ӯро кӯтоҳ кунанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Генерали зиндонӣ ва яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев бори дигар хоҳони бозбинии ҳукмаш шудааст. Ӯро бист сол пеш ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Ғаффор Мирзоев ба пайвандонаш гуфтааст, зуд-зуд бемор мешавад ва мехоҳад, боқии умрро дар канори наздикон гузаронад.