Ғаффор Мирзоев: "Пир шудам, раҳоям кунед..." АКСУ САДО

акс аз бойгонӣ

Пайвандони Ғаффор Мирзоев, замоне яке аз бонуфузтарин генералҳои тоҷик, ки беш аз 11 соли охир дар кунҷи зиндон ба сар мебарад, гуфтанд, ӯ то ҳол аз ҳаққи бозбинии парвандааш бархӯрдор нашудааст. Собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ва яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ соли 2004 боздошт ва баъд аз ду солаш аз рӯи 30 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “хиёнат ба давлат”, “қасди ташкили табаддулоти давлатӣ”, “хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он”, “сӯиистифода аз мақоми хидматӣ” ва дигар ҷурмҳои сангин ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аз ҳамон замон то кунун ӯ дар утоқи якнафараи боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад ва ҳама гуна дархостҳо дар заминаи интиқолаш ба зиндон беҷавоб мондааст.

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев гуфт, дар охирин

Аз Пешвои миллат мехоҳад, ки ӯро бибахшад. Гуфт, пир шудаам, беморам ва маро афв кунад. Дар куҷое ягон чорабинӣ шавад, мехоҳам биравам ва дар пеши пойи президент афтода гиря кунам, ки додарам 61-сола шуд, ӯро бибахшед. Ҳар гуноҳу ҳар хатое кард, гузашт.

дидорбиниаш моҳе пеш бародараш аз ӯ хоҳиш кардааст, то дар 61-умин солгарди умраш аз номи ӯ ба президенти кишвар муроҷиатнома ирсол кунанд. Ғаффор Мирзоев зодрӯзи навбатии худро рӯзи 8 март дар зиндон таҷлил кард.

Оиша Мирзоева гуфт, бар асоси қонун маҳкумшуда ба ҳукми абад метавонад баъди гузашти даҳ сол дархости бозбинӣ шудани парванда, тағйири режим ё шароити нигаҳдошташро дар зиндон талаб кунад. Вале бо гузашти якуним сол на танҳо арзи Ғаффор Мирзоев баррасӣ намешавад, балки иҷоза намедиҳанд, то мактубҳояш берун шаванд.

Номаҳо то президент намерасанд?

Оиша Мирзоева, ки рӯзи 9 март бо радиои Озодӣ дар бораи қазияи бародараш сӯҳбат мекард, гуфт, бародараш мехоҳад, ки президент ба ӯ раҳм ва афвро раво бинад ва ҳадди аққал дар шароити нигаҳдории ӯ сабукиҳо ворид шавад.

Оиша Мирзоева, акс аз соли 2013

Ӯ гуфт: “Аз Пешвои миллат мехоҳад, ки ӯро бибахшад. Гуфт, пир шудаам, беморам ва маро афв кунад. Дар куҷое ягон чорабинӣ шавад, мехоҳам биравам ва дар пеши пойи президент афтода гиря кунам, ки додарам 61-сола шуд, ӯро бибахшед. Ҳар гуноҳу ҳар хатое кард, гузашт. Наход дар ҳақи давлату миллат ягон хизмат накарда бошад, ки хотири ҳамонро набинед? Лекин маро намегузоранд то пеши президент равам. Мо инро дар мактуб навиштем. Ғаффор пеш аз референдум ва пеш аз Пешвои миллат эълон шудан ба президент мактуб навишт, вале онҳоро нагузоштанд берун шаванд”.

Оиша Мирзоева мегӯяд, Ғаффор Мирзоев бовар дорад, дар сурати расидани мактубҳояш то ба дасти президент ҳатман дар сарнавишти ӯ тағйироте мешавад. “Мегӯяд, президент не, балки дигар одамон намехоҳанд, ки ман озод шавам. Ҳамонҳо маро пеши президент сиёҳ карданд ва то ҳол намегузоранд мактубҳои ман то ба дасти президент бирасад”, - гуфт ӯ.

акс аз бойгонӣ

"Дандонҳояш рехтаанд..."

Ба нақли хонум Мирзоева, дар муддати тамоми солҳои зиндон Ғаффор сиҳҳатиашро аз даст дод. Дарди қалб, фишорбаландӣ ва ҳам дучори бемории қанд шудаст. Се сол пеш дандонҳояш ба рехтан сар карда, ҳоло ба мушкил ғизо мехӯрад. Ҳарчанд борҳо барои табобати дандонҳояш ариза додааст, то ҳанӯз, ба гуфтаи хоҳараш, ҳеҷ пизишке ба назди ӯ роҳ наёфт.

Ҳарчанд, наздиконаш аз шароити нохуби Ғаффор Мирзоев дар зиндон шикоят мекунанд, вале масъулони зиндон мегӯянд, ҳоли ӯ хуб аст.

Мақомот: Бархӯрд бо Мирзоев аз рӯи қонун аст

Як масъули Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ғаффор Мирзоев бо ҳукми додгоҳ ҷазо гирифтааст, аз ин рӯ, нигаҳдорӣ ва бархӯрд бо ӯ аз рӯи муқаррароти қонун ва ҳукми гирифтааш сурат мегирад.

Ин масъули Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш гуфт: “Гирифтани хӯрок, дидорбинӣ ва навиштани мактуб барои чунин зиндониён маҳдуд шудааст. Дар як сол як бор метавонад, вохӯрӣ гузаронад, ду бор хӯрок дарёфт кунад ва чор бор мактуб нависад. Касе пеши роҳи навиштани аризаҳоро нагирифтааст. Маҳбус Мирзоев бисёр вақт аз он ғамгин мешавад, ки дар ҷавоби аризаҳояш ҳукми додгоҳи олиро одилона арзёбӣ мекунанд. Рехтани ҳамаи дандонҳояш ҳақиқат надорад. Танҳо ду дандони курсиаш афтидааст ва дандонҳои дигараш хуб аст.”

Оиша Мирзоева, хоҳари 63-солаи Ғаффор Мирзоев ягона нафаре аз хонаводаи онҳост, ки дар як сол як бор бо ӯ иҷозаи дидору гуфтугӯ дорад. Ҳатто вакилони мудофеаш наметавонанд бо ӯ аз наздик сӯҳбат кунанд.

Манзили собиқи Ғ.Мирзоев дар Кӯлоб баробар бо тамоми дигар моликияташ мусодира шудааст

Ғаффор Мирзоев то замони ба зиндон рафтанаш, дар мақомҳои пурмасъулияти фармондеҳи пешини Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Дар маросими кушоиши бозиҳои Олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Амрико Ғаффор Мирзоев парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ғаффор Мирзоев: Пир шудам, раҳоям кунед...