Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе овезаҳои зиёдеро дидан мумкин аст, ки аз обҳои газдори гурҷӣ ба монанди “Набеглавӣ” ва “Зедазенӣ” таблиғ мекунанд.
Бо он ки Русия фурӯши обҳои маъдании Гурҷистонро дар бозораш дубора иҷозат дод, тавре ба назар мерасад, обҳои гурҷие, чун “Набеглавӣ” ва “Зедазенӣ” дар ин авохир дар бозори Тоҷикистон низ пештоз мешаванд.
Агарчи обҳои газдори гурҷие, ба мисли «Боржомӣ» солҳои пешин, ба хусус дар замони Шӯравӣ ҳам дар Тоҷикистон талабгори зиёд дошт, аммо дар чанд соли ахир ҳузури нафақат обҳои маъданӣ, балки анвоъи дигари маҳсулоти Гурҷистон дар бозори Тоҷикистон хеле кам дида мешуд. Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, бозгашти обҳои газдори гурҷӣ ба бозорҳои ба эҳтимоли зиёд мавқеъи лимонадҳои тоҷикиро дар ин бозор танг хоҳад кард.
Исфандиёри Халил, як шореҳи иқтисодии тоҷик мегӯяд, дар ҳоле ки худи Тоҷикистон қудрати истеҳсоли обҳои газдорро дорад ва боз таблиғ аз нӯшокиҳои дигар кишварҳо мекунад ин ба он маъност, ки бозори тоҷик воқеан ҳам хароб аст.Вай мегӯяд: «Ман намедонам, сифати “Набеглавӣ” аз сифати «Оби зулол» ё «Шоҳамбарӣ» чӣ фарқ доранд. Инро бояд коршиносон бидонанд. Вале гумон мекунам, агар соҳибкорони тоҷик ҳам хоҳанд, ки дар сатҳи баланд нӯшоба истеҳсол кунанд, метавонанд. Шарт нест, ки аз Гурҷистону Озарбойҷон як оби газдорро оварда, дар бозорҳои худамон ин қадар реклама кунем. Бо ин роҳ мо бозори дохилии худамонро худамон муфлис карда истодаем.»
Исфандиёри Халил ҳамчунин меафзояд, ки Тоҷикистон узви Созмони тиҷорати ҷаҳон аст ва дигар наметавонад сади роҳи воридоти маҳсулоти хориҷиро бигирад. Чун қабл аз он ки Тоҷикистон узви Созмони тиҷорати ҷаҳон шавад, таҳлилгарон мегуфтанд, ки бозори тоҷик ҳанӯз ба ин кор омода нест. Ба қавли ин шореҳи тоҷик, агар шарту шароити корхонаҳои тоҷик ва сифати маҳсулоти онҳо баланд бардошта нашавад, ин ширкатҳо метавонанд комилан дар бозор шикаст бихӯранд.
Соҳибназарони тоҷик ҳамзамон мегӯянд, ки соҳибкорони дохилӣ аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ намеёбанд, ки ин ҳам сабаби камфаъолии онҳо гаштааст. Барои он ки соҳибкори тоҷик як корхонаи истеҳсолӣ кушояд, ба монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад. Онҳоро лозим меояд, то аз даҳҳо идора иҷоза гиранд ва аксаран бо пардохти «ҳаққ»-и муайян ба касе , ки мӯҳру имзо барои таъсиси корхонаҳоро дар даст дорад.
Савдогарҳои тоҷик ҳам инро тасдиқ мекунанд, ки онҳо мехоҳанд моли ватаниро бештар ба савдо гузоранд, аммо ба далели сифати начандон баландаш моли Тоҷикистон харидори зиёд надорад ва дар айни ҳол, бо вуҷуди нархи гаронаш бозори нӯшокиҳои хориҷӣ гармтар аст.
Сабоҳати Наҷиб, як тоҷир дар бозори «Саховат»-и Душанбе, ки нӯшокиҳои газдори ҳам ватаниву ҳам хориҷиро мефурӯшад, мегӯяд, таваҷҷӯҳи мардум ба “Набеглавӣ” ва “Зедазенӣ” хеле бештар аст ва баъди ба бозор ворид шудани ин нӯшокиҳои гурҷӣ лимонади тоҷикиро, ба гуфтаи ӯ, қариб ки суроғ намекунанд. Ҳол он ки ба пули як “Набеглавӣ” ё “Зедазенӣ” метавон ду лимонади «Буратино» харидорӣ кард. Сабоҳат меафзояд: «Пас аз Соли нав савдо каме суст шудааст, аммо пештар одамон ҳатто барои нӯшиданашон як лухт харидорӣ мекарданд. Мо дар аввал гумон мекардем барои тӯю маърака бошад, аммо маълум шуд, ки онҳо яклухт барои нӯшидани худашон мехаридаанд.»
Ба қавли Сабоҳати Наҷиб, “Набеглавӣ” ва “Зедазенӣ-ро тоҷирони тоҷик аз Гурҷистон тариқи қатори роҳи оҳан ба Тоҷикистон ворид мекунанд, вале худи ӯ барои дӯконаш ин нӯшокиҳоро аз мағозаҳои назди «Садбарг» яклухт харидорӣ мекунад.
Харидорон ҳам аз обҳои гурҷӣ хуб истиқбол мекунанд. Хуршеди Эмомалӣ, як ҷавони тоҷик, ки ба таври зиёд “Набеглавӣ” харидорӣ кард, мегӯяд намедонад саро падараш обҳои гурҷиро хуш дорад. Хуршед мегӯяд: «Худи ман миёни обҳои газдори тоҷикӣ ва гурҷӣ ҳеҷ тафовуте намебинам, аммо ҳама хонаводаамон хуш доранд аз обҳои гурҷӣ истеъмол намоянд. Ба назари ман, «Оби зулол», «Шоҳамбарӣ» ва ё «Буратино»-и тоҷикӣ ҳам камтар нестанд аз обҳои гурҷӣ. Баръакс ба маблағи як шиша “Набеглавӣ” метавон ду лимонади тоҷикӣ харид. Фикр мекунам, агар тоҷирони тоҷик ҳам нархи обҳои худиро як ё ду сомонӣ боло баранду сифаташонро боз ҳам беҳтар кунанд, дигар шарт нест, ки обҳои Гурҷистонро харидорӣ кунем.»
Дар мағозаҳои шаҳри Душанбе як шиша оби нимлитраи сохти Гурҷистон 4 сомониву 30 дирам, шишаи яклитрааш 7 сомону 50 дирам ва шишаҳои калони дулитрааш 12 сомонӣ арзиш доранд. Тоҷирон мегӯянд, обҳои Гурҷистон ба ду далел нархи баланд доранд: аввалан, ба далели сифати хуби он ва баъдан, роҳе ки ин обҳои маъданӣ то расидан ба Тоҷикистон тай мекунанд. Гурҷистон , қарори маълум, яке аз кишварҳои пасошӯравӣ дар минтақаи Қафқоз аст, ки аз Тоҷикистон дар фосилаи 3200 километр дурӣ қарор дошта, байни ин ду кишвар хутути мустақими нақлиётӣ, ҳатто роҳи ҳавоӣ вуҷуд надорад.
Қаторҳои роҳи оҳан низ то расидан аз Гурҷистон ба Тоҷикистон бояд дастикам 4 кишвар – Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистонро убур кунанд.