Дафтари матбуоти ширкати «Газпром- интернешнл» дар як посухи катбӣ ба радиои «Озодӣ» гуфт «барои пеш бурдани корҳои иктишофӣ дар шимол «Газпром» муҷаввиз надорад, аммо имкони дарёфти онро баррасӣ мекунад. Гап дар бораи мавзеи «Нафтмайдон» меравад, ки то куҷо ояндадор будани онро танҳо пас аз гузаронидани тадқиқиоти махсус мешавад муайян кард. Масъалаи гирифтани муҷаввиз барои ин мавзеъ дар ҳоли ҳозир баррасӣ мешавад».
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хадамоти матбуоти «Газпром- интернешнл», ки танҳо ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ машғул аст, ширкати «Газпром» дар нақшаҳои ояндаи хеш сохтмони як корхонаи коркарди нафт ва ё газро дар қаламрави Тоҷикистон дар назар дорад. Аммо ба гуфтаи «Газпром- интернешнл» манфиатбахш будан ва ё набудани бунёди чунин як корхона дар қаламрави Тоҷикистон ба натиҷаҳои ҷустуҷӯ ва истихроҷи худи нафту газ дар кишвар бастагӣ дорад.
Раҳмонбек Бахдавлатов, муовини раиси саридораи «Геологияи тоҷик» дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» рӯзи 3- уми июл дар ин робита гуфт: “Мавзеи “Нафтмайдон” дар қисмати тоҷикситонии водии Фарғона ҷойгир шудааст. Дар ин водӣ ширкатҳои “Петролиюм Суғд” фаъолият мекунанд ва ҳатто нафт ҳам истихроҷ мекунанд. Ширкати “Сомон ойл” низ корҳои сейсмикӣ анҷом дода истодааст. Аммо захираҳои кони “Нафтмайдон” ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудааст”.
Зимнан ҷаноби Бахдавлатов афзуд, онҳо умедворанд, ки ширкати «Газпром- интернешнл» то охири соли ҷорӣ корҳои санҷиширо дар чоҳи «Шаҳринав 1п» анҷом дода натиҷаҳои онро эълон медоранд.
Зимнан барои дарёфти муҷаввиз барои истихроҷи кони “Нафтмайдон” дар ҳудуди ноҳияи Конибодом на танҳо ширкати «Газпром- интернешнл», балки ширкатҳои дигаре назири «Тетис петролиюм» низ талош доранд, вале то ба ҳол ҳеҷ яке аз онҳо ба гирифтани он муваффақ нашудаанд.
Георгий Кошлаков, ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон, маъданшиноси собиқадор дар суҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфт, қаблан аз мавзеи “Нафтмайдон” ҳамчун “Маҳрам” ёд карда мешуд: “Ба назари ман ин ҳамон мазеи “Маҳрам” аст, ки ҳоло номаш иваз шудааст. Ин дар лаби кули Қайроқум ҷойгир аст. Барои истихроҷи он бояд корҳои пармакунӣ аз дохили ин кул анҷом дода шаванд”.
Ширкати «Газпром- интернешнл» ҳанӯз соли 2003 бо имзои як қарордод барои 25 сол бо давлати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳузурашро дар ин қаламрав тахмин кард. Ин ширкат дар Тоҷикистон чор муҷаввиз барои конҳои “Сариқамиш”, “Саргазон”, “Шоҳамбарии ғарбӣ” ва “Рагон” ро ба даст оварда буд.
Аммо баъдан аз муҷаввиз барои кони “Рангон” даст кашида дар кони Сариқамиш жарфтарин чоҳро дар Осиёи миёна бо дарозии 6450 метр кофт. Захираи гази кони Сариқамиш ҳудуди 18 миллиард метри мукааб 17 миллион тонна нафт муайян шудааст. "Газпромғ интернешнл” дар қаламрави Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2009 ин ҷониб беш аз 140 миллион доллар масарф кардааст.
Ба иттилои «Газпром- интернешнл» ҳоло ҳам дар мавзеи «Сариқамиш» дар ҷоҳи «Шаҳринав-1п» корҳои санҷишӣ идома дорад. Ҳангоми пармакунӣ дар ин ҷоҳ 8 нуқтаи умедворкунанда мушоҳида шудааст ва ба таъкиди «Газпром- интернешнл» ҳоло тадқиқот дар нуқтаи 7-ум идома дорад.