Болоравии нархи газ дар Суғд. Ронандагон: Истгоҳи охирин куҷост? (ВИДЕО)

Нархи гази моеъ дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар як моҳи охир ҳадди ақалл то 50 дирам боло рафта, нигаронии ронандагону моликони мусофирбарҳоро ба вуҷуд овардааст. Агар дар як моҳи пеш як литр гази моеъ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 2 сомониву 70 дирам ва аз он каме поёнтар буд, ҳоло ба 3 сомониву 20 дирам ҷаҳидааст.

Гази моеъ натанҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон сӯзишвории асосии нақлиёт ба шумор меравад. Ҳудуди 75 дарсади нақлиёти ҷамъиятиву хусусӣ ва корхонаҳо, ба шумули ҳудуди 3 ҳазор мусофирбар аз гази табиӣ истифода мекунанд, ки дар муқоиса ба арзиши бензин арзонтар аст.

Ҳоло нигоҳҳо ба бозори сӯзишворӣ ба Хуҷанд дӯхта шудааст, ки афзоиши қимати гази моеъ дар онҷо ба минтақаҳои дигар чӣ таъсир хоҳад дошт?

Ба қавли ронандаҳо дар Хуҷанд, болоравии қимати гази моеъ аз баҳори имсол шуруъ шуд ва маълум нест, ки истгоҳи охиринаш куҷо хоҳад буд. Баҳори имсол як литр гази моеъ як сомониву 60-70 дирам қимат дошт.

Ронандагон мегӯянд, боло рафтани арзиши газу бензин ба шиддат ба кори онҳо таъсир гузошта, пеш аз ҳама ба даромади хонаводаашон зиён хоҳад расонд. "Ин нарх барои мо - вазнин. Даромадамон кам мешавад. Ақаллан дуним сомонӣ барои як литр мебуд, хуб буд," – гуфт яке аз ронандагон рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Озодӣ.

Мусоҳиби дигари мо афзуд, "солҳои пеш нархи сӯзишворӣ асосан дар фасли тобистон поин шуда, дар фасли тирамоҳ боло мерафт. Имсол нарх торафт боло меравад. Намедонем дар вақти тирамоҳ чӣ мешуда бошад?"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Болоравии нархи газ дар Суғд

Ҳудуди 90 дарсади гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон оварда мешавад. Онро чандин ширкати ватаниву Русия ворид мекунанд. Таъини нархи гази моеъ низ асосан ба тасмими онҳо вобаста аст. Сӯзишвории нақлиёт аз Қазоқистону Русия аввал ба Хуҷанд расида ва аз онҷо ба Душанбеву гӯшаҳои дигари Тоҷикистон бурда мешавад. Аз ин рӯ, ҳоло нигоҳҳо ба бозори сӯзишворӣ ба Хуҷанд дӯхта шудааст, ки афзоиши қимати гази моеъ дар онҷо ба минтақаҳои дигар чӣ таъсир хоҳад дошт?

Мақомоти расмӣ ҳанӯз сабаби болоравии нархи гази моеъро шарҳ надодаанд. Масъулони шуъбаи роҳу нақлиёти ҳукумати Суғд гуфтанд, танҳо дар давоми ними моҳи август ба ин вилоят ҳудуди 11 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки тақрибан ду баробар бештар аз талаботи минтақа аст. Аммо бахши асосии он ба Душанбеву манотиқи дигари кишвар интиқол дода шудааст.

Ба гуфтаи ронандагон, солҳои қаблӣ низ ҷаҳиши нархи гази моеъ иттифоқ меафтод, вале дар пайи он ба зудӣ поин мерафт. "Имсол агар ҳаракати доимии нархи гази моеъву бензин поён наёбад, болоравии нархи маводи ғизоиву дигарро ба дунбол хоҳад дошт," - мегӯянд ронандагон.

Танҳо нархи гази моеъ нест, ки дар Хуҷанд боло рафтааст. Агар соли гузашта як литр бензин ҳудуди чор сомонӣ буд, ҳоло аз марзи чор гузаштаву ба панҷ сомонӣ наздик шудааст.