Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷонибдори тағйири сохтор ва ё реструктуризатсияи "Агроинвестбонк" аст. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд яке аз саҳомони бонки дучори мушкилшудаи "Агроинвестбонк" дар Тоҷикистон мебошад.
Чӣ гуна мехоҳанд "Агроинвестбонк"-ро наҷот диҳанд?
Антон Усов, масъули идораи робита бо ҷомеаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, БАТР "ҷонибдори як нақшаи шаффофи бозсозии сохторӣ (реструктуризатсия)-и "Агроинвестбонк" аст, ки ҳам барои ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам барои қарздиҳандагониу саҳомони "Агроинвестбонк" манфиат дорад".
"Агроинвестбонк" яке аз ду бонки бузурги Тоҷикистон аст, ки тайи се соли ахир гирифтори мушкил шуда, дар бозгардонидани пасандози муштариёнаш оҷиз мондааст.
Усов гуфт, БАТР саҳмдори умдаи "Агроинвестбонк" аст ва ба ҷуз онҳо, чанд бозигари дигар ҳам саҳмияҳои ин бонкро доранд. "Ҳоло мунтазирем, ки Бонки Миллӣ дар қиболи ин бонк чӣ тасмим мегирад. Ҳукумат ба ин бонк чӣ гуна бархӯрд мекунад. Мо ҳамчун саҳоми ин бонк ҷонибдори реструктуризатсия ҳастем. Мо, албатта, дар баррасии нақшаи таҷдиди ин бонк ширкат хоҳем кард", - иброз дошт Антон Усов.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз соли 2009 бо харидани 25 дарсади саҳмияи "Агроинвестбонк", шомили рӯйхати саҳомони ин бонк шуда буд. Баъдан БАТР мизони саҳмияҳояшоро дар ин бонк коҳиш дод ва айни замон ҳудуди 12 дарсад саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр дорад. Боқӣ ҳудуди 87 дарсади саҳмияҳои "Агроинвестбонк" дар ихтиёри Вазорати молия, яъне давлат аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
БАТР таҷрибаи "наҷот"-и чанд бонкро дорад
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар гузашта мушкили чанде аз бонкҳоеро, ки дучори мушкил шуда буданд, бо роҳи таҷдиди сохторашон ҳал кардааст.
Аз ҷумла бонки "Парекс", ки дар Латвия дучори мушкил шуда буд, бо тавсияи ин созмон, ба ду бонк тақсим карда шуд. Масъулияти бозгардони қарзҳои ба таъхируфтодаро ба дӯши як бонк ва қарзҳое, ки сари вақт бармегарданд, ба ихтиёри бонки дигар дода шуд. Айни замон ин бонк ба таври муваффақ фаъолият мекунад.
Бонки "Виктория" дар Молдова, ки низ дучори мушкил шуда, қисме аз саҳмияҳояш ба мисли "Агроинвестбонк" дар ихтиёри Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд қарор дошт, бо роҳи ҷалби сармоягузории бузург аз Руминия наҷот дода шуд.
Се гузина барои ҳалли мушкили "Агроинвестбонк"
Ба андешаи иқтисоддонҳои БАТР, айни чунин таҷрибаҳо, ки боис ба наҷоти бонкҳо дар Аврупо шуд, барои ҳалли мушкили "Агроинвестбонк" ҳам метавонад муфид бошад.
Аз ин қабл Cандуқи Байналмиллалии Пул ба ҳукумати Тоҷикистон машварат дода буд, ки муҷаввизи "Агроинвестбонк"-ро бозхонда, худи ин муассисаро барҳам диҳад ва аз даромадҳои бонк қарзи амонатгузоронро пардохт кунад.
Барҳамдиҳии "Агроинвестбонк" яке аз се гузинаест, ки Сандуқи байналмилалии пул барои ҳалли мушкили "Агроинвестбонк" пешниҳод кардааст. Ду гузинаи дигар - сармоягузории бонк аз ҳисоби будҷаи давлат ва ё таъсиси ду бонки дигар дар заминаи "Агроинвестбонк" мебошанд.
"Буду набуд"-и "Агроинвестбонк" баъд аз бӯҳрони сесола
"Агроинвестбонк" яке аз ду бонки бузурги Тоҷикистон аст, ки тайи се соли ахир гирифтори мушкил шуда дар богардонидани пасандози муштариёнаш се сол боз оҷиз монда аст. Масъалаи "буду набуд"- "Агринвестбанк", ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ, дар баррасии ҳукумат низ ҳаст.
Аммо зоҳиран бо назардошти хеле бузург ва бонки низомсоз будани "Агроинвестбонк", ки барҳамдиҳиаш оқибатҳои иҷтимоиро дар пай дорад, ҳукумат дар тасмимгирӣ нисбат ба он хеле мулоҳиза мекунад.
Дар оғоз бонкоматҳои бонк бепул монданд, баъдан маъмурият пардохти маблағро ба як муштарӣ дар як моҳ то 500 сомонӣ маҳдуд шуд.
Айни замон бонк кулли фаъолияти маъмулиашро қатъ карда, моҳдармиён ба пасандоздоронаш аз 500 то 1000 сомонӣ маблағро бозмегардонад. Ин дар ҳолест, ки "Агроинвестбонк" дар баробари "Тоҷиксодиротбонк" аз давлат 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ кӯмак гирифта буд.