Бонки Миллии Тоҷикистон барои ҳифзи қурби пули миллии сомонӣ беш аз се тонна тилло харидааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллӣ – рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, имсол қурби як доллари амрикоӣ дар ҳудуди 9 сомонӣ нигаҳ дошта хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир як доллари амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистон ба 8,83 сомонӣ иваз мешавад.
Нурмуҳаммадзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи муассисони "Коммерсбонк" гуфт, ин бонк бар асоси ташкилоти қарзии хурди “Фардо” таъсис шуда, муассисаш ширкати “Фароз” мебошад.
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар соли 2017 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар 12 дарсад коҳиш ёфтааст.
“Муассиси “Коммерсбонк” ширкати “Фароз” аст”
Раиси Бонки Миллӣ дар ин нишасти хабарӣ аз афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ пуштибонӣ кард. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, барои афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣӣ дар кишвар чаҳор ҳазор терминали нави пардохт насб мешавад. Ба гуфтаи ӯ, феълан миқдори онҳо 1500 адад аст.
Дар нишасти матбуотӣ Нурмуҳаммадзода хабар дод, ки то оғози имсол дар кишвар 17 бонк ва 84 созмони қарздиҳӣ вуҷуд доштанд. Вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи муассисони бонки "Коммерсбонк" гуфт, ин бонк бар асоси ташкилоти қарзии хурди “Фардо” таъсис шуда, муассиси он ширкати “Фароз” мебошад.
“Эҳтимол раҳбарияти бонкҳо иваз гарданд”
Дар идомаи сӯҳбатҳо Ҷамшед Нурмаҳаммадзода аз фурӯши евробондҳои Тоҷикистон ба маблағи 500 миллион доллар пуштибонӣ кард ва гуфт, харидорон алоқаманди фурӯши ин коғазҳои қиматнок ба маблағи чаҳоруним миллиард доллар будаанд. “Ба ин далел, дар сурати зарурӣ Тоҷикистон омодааст миқдори иловагии евробондҳоро ба фурӯш барорад”, - афзуд Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.
Раиси Бонки Миллӣ гуфт, феълан дар Тоҷикистон омодагӣ барои таъсиси бонки исломӣ идома дорад ва аз ҷумла ба гуфтаи вай, Бонки рушди Тоҷикистон ва "Тоҷиксодиротбонк" алоқаманди гузариш ба ин навъи бонкдорӣ ҳастанд.
Дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба вазъи молии ду бонки мушкилзо – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” гуфт, ки машваратҳо идома доранд ва эҳтимол дар ин бонкҳо "низоми идораи берунӣ" роҳандозӣ шавад ва раҳбарияти бонкҳо иваз гарданд. Дар маҷмӯъ вай афзуд, низоми бонкҳои Тоҷикистон дар 2-3 соли оянда комилан солим шуда, ба фаъолияти маъмулӣ бармегардад.