Футболбози собиқ -- номзад ба мансаби президенти Гурҷистон

Михаил Кавелашвили

"Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳоким дар Гурҷистон, рӯзи 27-уми ноябр номзадии футболбози собиқ, Михаил Кавелашвилиро ба мақоми президенти ин кишвар пешбарӣ кард.

Ӯ дар соли 1995 дар ҳайати дастаи "Спартак-Алания"-и Владикавказ унвони қаҳрамони Русияро соҳиб шуда буд.

Кавелашивили 53-сола аст ва аз соли 2016 вакили порлумони Гурҷистон.

Ӯ борҳо ба зидди Ғарб изҳорот дода, иддао кардааст, ки гуё дар Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо талош доранд, "Гурҷистонро ба ҷанги нав бо Русия кашонанд".

Салоҳияти раисҷумҳури ҳозираи Гурҷистон, Саломе Зурабишвилӣ, рӯзи 16-уми декабр ба поён мерасад.

Вай натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ (26-уми октябрми 2024)-ро дар Гурҷистон напазируфт ва тарафдоронашро ба эътироз хонд.

“Шумо дар интихобот мағлуб нашудед. Онҳо раъйи шуморо дуздида, кӯшиш карданд, ки ояндаатонро низ бидузданд," – гуфт ӯ рӯзи 28-уми октябр хитоб ба норозиён.