Модари Ҳоҷӣ Мирзоро дар Душанбе дафн карданд. ВИДЕО, АКС

Намози ҷанозаи модари Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохтаи тоҷик пас аз намози пешин дар масҷиди марказии Душанбе баргузор ва сипас дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карда шуд. Модари Ҳоҷӣ Мирзо рӯзи 17-уми январ дар 82-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Ӯ аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзо дар Душанбе

Дар намози ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзо теъдоди зиёди пайравонаш, рӯҳониёни шинохта ва мақомдорони идораҳои давлатӣ иштирок доштанд. Намози ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзоро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хонд.

Ҳоҷӣ Мирзо рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ модарашро шабзиндадору Худотарс тавсиф кард. Ӯ гуфт, "падару бобоҳои модариам сайидзода буданд. Одами диндору қуръонхонро бисёр дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Домуллои маҳаллаамон, аз ҷумла Бобои Мулло Шарифро (манзур шоиру донишманд Сомеъ Одиназода ҳаст - РО) хоҳиш мекард, ки бачаи маро дарс диҳед. Мо аз замони мактабиамон дар пеши онҳо дарс мегирифтем. Медидам, ки онҳоро маош медод, маблағ медод."

Ҳудуди як сол қабл падари Ҳоҷӣ Мирзо аз дунё реҳлат карда буд.

Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имом-хатиби масҷиди “Ҳилоли Аҳмар”-и шаҳри Кӯлоб буд. Аз он замон то кунун расман дар масҷиде фаъолият намекунад, аммо ҳамчунон аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст.

Аксҳои бештар дар инҷост:

8 акс аз намози ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзо