Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон 4 марзбон, аз ҷумла муовини сардори дидбонгоҳ ва 1 маъмури милиса кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон пештар танҳо номи як корманди Вазорати умури дохилӣ ва марзбонро эълон карда, дар бораи ҳалокати дигарон хабар надода буданд.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳодисаи рӯзи 6-уми ноябр се марзбони дигар ҷон бохтаанд. Онҳо Диловар Толибов, муовини сардори дидбонгоҳи "Султонобод" ва сарбозон Ҳофиз Ҳасанов ва Ғаниҷони Давлат ҳастанд.
Диловар Толибови 29-соларо рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дафн кардаанд. Музаффар Мухторов, ёвари раиси шаҳри Конибодом рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "маросими ёдбуд баргузор шуд ва дар он мақомоти маҳаллӣ ва фаъолон иштирок карданд."
Сарбоз Ҳафиз Ҳасанов дар зодгоҳаш ҷамоати Фароби Панҷакент ба хок супурда шуд. Амонқул Амроев, раиси ҷамоати Фароби Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳасанов баҳори имсол ба артиш даъват шуда буд".
Мақомот дар ноҳияи Рашт гуфтанд, сарбоз Ғаниҷони Давлатро, ки дар ҳодисаи субҳи 6-уми ноябр кушта шуда буд, ба хок супурданд. Ба гуфтаи мақомот, Ғаниҷони Давлат 19 сол дошт ва то поёни хидматаш як соли дигар монда буд.
Аз ин пеш Баҳром Қосимзода, маъмури милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Иззатулло Латифов, марзбони тоҷик дар Душанбе дафн карда шуданд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бино ба иттилои расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" субҳи 6-уми ноябр аз тарафи бист ҷангҷӯи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, онҳо рӯзи 3-юми ноябр аз ноҳяии Қалъаи Золи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд. 15 ҳамлавар кушта ва панҷ тани дигар дастгир шудаанд. Ҷузъиёти дигар маълум нест. ДОИШ то ба ҳол масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бозтоби ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар матбуоти хориҷӣМаросими дафни Иззатулло Латифов
Иззатулло Латифов, яке аз қурбониёни ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод", рӯзи 7-уми ноябр дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе дафн карда шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ 25 сол дошт ва пас аз адои хидмати ҳарбӣ ҳамчун афсари қарордодӣ дар қисми марзбонии "Султонобод" кор мекард. Се моҳ пеш издивоҷ кардааст. Вале мақомот тафсилоти чӣ гуна кушта шудани ӯро ба наздиконаш нагуфтаанд.
Латифов дар хонаводаи рӯҳонӣ бузург шуда, падараш Абубакр Латифов яке аз аъзои даҳнафарии муассисони масҷиди "Қазоқон" аст. Абубакр Латифов пас аз дафни писараш гуфт, ӯ рӯзҳои ахир ба маросими савгандёдкунии сарбозон омодагӣ медид. Ин маросим бояд рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешудааст.
Падари марзбони кушташуда гуфт, писараш се рӯз пеш ба хона омада буд ва панҷ соат қабл аз ҳодиса низ бо ӯ телефонӣ суҳбат кардааст. “Гуфт, ки бояд ба сарбозон хӯрок барад. Дар фикри сарбозоне буд, ки нав ба артиш омадаанд ва мегуфт, бояд онҳоро тарбия кард. Дар маҳалли хидмати писарам нохушӣ рӯй дод ва фарзанди ман қаҳрамонона ҳалок шуд,” – афзуд ӯ.
Видеои маросими дафни Иззатулло Латифов:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наздикони Иззатулло Латифов гуфтанд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ барои ҳамдардӣ ба хонаи онҳо рафтаанд. Волидони сарбози ҳалокшуда намедонанд, ки ба сари фарзанди онҳо чӣ омадааст, чун мақомот барояшон вазъро нагуфтаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо дар бадани Иззатулло изи корд низ будааст.
Ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод", воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бино бар хабари ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр сурат гирифтааст. Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, ҳамлаварон шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.
Баъди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат мегирад. Дар он моҳ чаҳор дучархасавор кушта шуданд ва гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти террорро бар ӯҳда гирифт.