Мақомоти интизомии Тоҷикистон ахиран чаҳор танро ба иттиҳоми хабар надодан аз ҷои пинҳон шудани аъзои гуруҳҳои тундрав, боздошт кардаанд.
Маҳмадсафар Пиров, сардори идори корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 4 нафар сокини ноҳияи Мастчоҳ, ахиран дар доираи амалиёти боздошти аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дастгир шудаанд: “Парвандаи ин афродро мақомоти раёсати корҳои дохилӣ ва додситонии Суғд пеш мебаранд. Мо танҳо онҳоро дастгир кардем ва дар ихтиёри мақомоти мазкур супоридем. ”
Шӯъбаи корҳои дохилии Мастчоҳ мегӯяд, ба сурати умум, дар моҳи январ дар ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар зимни амалиёт алайҳи аъзои ҲИУ боздошт шудаанд. Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, ки 3 тан аз дастгиршудаҳоро, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ба фаъолиятҳои террористӣ ва мансубият ба ҲИУ ва 3 тани дигарро ба паноҳгоҳ додан ба ин афрод айбдор мекунанд.
Ба гуфтаи вай, амалиёти махсуси пулис шаби 9 ба 10 -уми январи соли 2013 дар ноҳияи Масчоҳ оғоз гардида, дар навбати аввал 2 гумонбар дар ҳамкорӣ бо ҲИУ гардидаанд. Ба иттилои як манбаи муътамад дар вазорати корҳои дохилӣ номи яке аз 2 нафари шоми 9 - ум ба 10 - уми январ дастгиршуда Зариф Зарифов, сокини деҳаи Дашти миёнаи ноҳияи Мастчоҳ ва дигаре сокини ноҳияи Исфара буда, таи чанд соли ахир таҳти пайгарди Кумитаи амнияти миллӣ қарор доштаанд. Ин афрод тайи чанд моҳи ахир дар деҳаи Арнохун ва Сурхкати ноҳияи Масчоҳ дар манзили як сокини ин деҳа паноҳ бурдаанд.
Дар бораи 4 нафари дар идомаи ин амалиёт дастгиршуда, Робия Холова, сардори шуъбаи идеологии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо сокинони деҳаҳои Сурхкат ва Ғузн будани бархе аз онҳо маълум аст: “Дирӯз тағоии яке аз дастгиршудаҳо ба мо муроҷиат карда буд, ки чаро ҷиянашро дастгир карда бурданд. Ба дархости мо дар сохторҳои марбута ҷавоб доданд, ки рӯзҳои наздик дар мавриди иттиҳомот алайҳи боздоштшудагон маълумоти хаттӣ пешниҳод мекунанд.”
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомот, амалиёти махсус барои боздошти афроди ҳамдаст бо гурӯҳҳои тундрав дар вилояти Суғд идома дорад. Додситонии Суғд қаблан гуфта буд, ки тайи соли 2012 дар ин вилоят 72 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави мазҳабӣ боздошт шудаанд. Аз ҷумла, як сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, Ғайбулло Файзиев, ки бо иттиҳоми фаъолият дар иттиҳоди ҷиноӣ ва куштори 4 сокини Суғд аз соли 2002 мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир ва зиндонӣ гардидааст.