“Роснефт” – бузургтарин ширкати давлатии нафти Русия аз азмаш ҷиҳати ба даст овардани беш аз нисфи саҳмияҳои фурудгоҳи “Манас” – бузургтарин фурудгоҳи Қирғизистон – хабар додааст.
Дар иттилоияи “Роснефт” гуфта мешавад, ки президенти ин ширкат Игор Сечин рӯзи 19 феврал бо муовини сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев як ёддошти тафоҳум дар бораи харидории 51 дарсади саҳмияҳои фурудгоҳи байналмилалии “Манас”-ро имзо кардаанд.
Бар асоси ин санад, ки дар ҳошияи иҷлоси навбатии кумиссиюни байнидавлатии Русияву Қирғизистон ба имзо расид, “Роснефт” бояд барои харидории саҳмияҳои “Манас” то 1 миллиард доллар ҷудо кунад. “Роснефт” ҳамчунин ӯҳдадор мешавад, ки дар ин фурудгоҳи воқеъ дар 23-километрии Бишкек як маркази нави муосири лоҷистикӣ бино кунад.
Фурудгоҳи “Манас” аз поёни соли 2001 ба ин сӯ ҳамчун як маркази таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон истифода мешуд. Дар солҳои охир мақоми он от ҳадди маркази транзитӣ пойин оварда шуд, вале раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев чандин бор гуфтааст, ки баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 ба поён бирасад, маркази транзитии нирӯҳои Амрико ва НАТО низ бояд аз “Манас” бираванд. Маскав ин азми раҳбари кунунии Қирғизистонро ҳамеша бо ваъдаҳои сармоягузориҳои бузург дар иқтисоди ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ ташвиқ мекард.
Дар маҷмӯъ рӯзи 19 феврал дар Бишкек байни Русияву Қирғизистон 4 қарордоди нав дар риштаи энержӣ ба имзо расид, ки бар асоси он, ширкати русӣ назорати чанд корхонаи муҳими Қирғизистонро ба даст меоранд.
Бар асоси қарордоде ки рӯзи 19 феврал дар Бишкек миёни президенти ширкати “Роснефт” Игор Сечин ва мудири кулли ширкати нафти Бишкек Александр Ниёзов ба имзо расид, ширкати давлатии Русия 100 фоизи саҳмияҳои ин яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори фурӯши маҳсулоти нафтии Қирғизистонро соҳиб мешавад. Бар асоси ин муомила, як силсила нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар пойтахти Қирғизистон ва зербинои дигаре, ки қаблан ба ширкати нафти Бишкек тааллуқ дошт, ба ихтиёри ширкати “Роснефт” мегузаранд.
Ба ин тартиб, “Роснефт” – бузургтарин ширкати давлатии нафти Русия – барои бори аввал ба бозори фурӯши маводи сӯхти Қирғизистон роҳ меёбад. Игор Сечин гуфтааст, ин нахустин қадамҳои ширкаташ ба “бозори ояндадори маводи сӯхти Қирғизистон” аст. Аммо ин қарордод ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, чунки ба “Роснефт” лозим аст, ки як силсила шартҳоро иҷро кардаву иҷозатномаҳоеро аз ниҳодҳои зиддимонополии Қирғизистон ба даст биорад.
Бар асоси қарордоди дигаре, ки Игор Сечин аз номи “Роснефт” бо Албек Иброҳимов - президенти фурудгоҳи байналмилалии “Манас”, воқеъ дар канори пойтахти Қирғизистон, ба имзо расонд, ширкати русӣ 50 дарсади саҳмияҳои ширкати “ИНТЭК” – танҳо молик ва таъминкунандаи маводи сӯхти фурудгоҳи Ӯшро соҳиб мешавад. Солона фурудгоҳи Ӯш қариб 1 миллион мусофир кашонда, то 17 000 тонна маводи сӯхти ҳавопаймо масраф мекунад. Баъди навсозии фурудгоҳ интизор меравад, ки харҷи авикеросин дар инҷо то ба 25 000 тонна бирасад.
Як ҳайъати баландпояи Русия ба раҳбарии Андрей Белянинов, раиси Хадамоти гумруки он кишвар ба хотири ширкат дар ҷаласаи навбатии кумиссиюни байннидавлатии ҳамкориҳо дар Бишкек қарор дошт. Ин иҷлос ба дунболи мулоқоти ахири раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи доир шуд. Отамбоев дар он дидор дар ҳошияи расми ифтитоҳи Олимпиадаи зимистона хостори фаъолтар шудани сармояи русӣ дар бозори Қирғизистон шуда буд.
Отамбоев чанд дафъа аз мақомот ва ширкатҳои Русия интиқод карда буд, ки бо вуҷуди ваъдаҳои бузург то ҳол ба таври ҷиддӣ ба иқтисоди Қирғизистон таваҷҷӯҳ накардаанд. Дар соли 2012 Русия дар ивази то соли 2032 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Канти Қирғизистон 489 миллион доллар қарзи Бишкекро бахшида, барои сохтани 5 нерӯгоҳ, аз ҷумла нерӯгоҳи азими Қамбар-Ота-1 ваъдаи сармоя дод. Узбакистон, чун дар мисоли Роғун, шадидан мухолифи бунёди Қамбар-Ота аст ва ба хотири таскин додани нигарониҳои Тошканд, анҷоми ташхисоти фанниву иқтисодии тарҳи ин нирӯгоҳи барои Қирғизистон (чун Роғун барои Тоҷикистон) “ё ҳаёт, ё мамот”-ро ба як ширкати Канада супурдаанд. Вале ин ташхис чун ташхиси тарҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ то ҳол анҷом наёфтааст.
Як мушкили дигар дар ширкати “ИнтерРАО” – масъули сармоягузории тарҳ аз тарафи Русия аст, ки гуфта мешавад, дар соли гузашта 2 миллиард доллар хисороти молӣ дид ва ба ин далел натавонист ба тарҳи Қамбар-Отам бирасад. Дар қарордоди чоруме ки дирӯз дар Бишкек ба имзо расид, тарафҳро ба зарурати анҷоми зудтари марҳалаи ташхисот ва гузаштан ба марҳалаи нав дар иҷрои қарордоди бунёди нирӯгоҳи Қамбар-Ота таъкид кардаанд.
Аммо таҳлилгарон ҳанӯз дар рӯзҳои тавофуқи Бишкеку Маскав дар мавриди бунёди 5 нирӯгоҳ дар рӯдхонаҳои Қирғизистон аз сӯи ширкатҳои русӣ ба имкони иҷрои он шубҳа бурда, аз ваъдаҳои Русия барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ёдовар мешуданд, ки ду дафъа – дар соли 1994 ва дар соли 2004 – ҷомаи қарордоди расмӣ ҳам пӯшид, вале дар рӯи қоғаз монд.
Гардиши мол байни Русияву Қирғизистон солона беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳамин қадари пули дигар, бино ба омори расмӣ, ҳамасола тавассути беш аз ним миллион муҳоҷири қирғиз аз Русия ба Қирғизистон фиристода мешавад.