Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қарзи Қирғизистонро мебахшад


 Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев
Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев
Рӯзи панҷшанбе дар канори шаҳри Бишкек президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев шароити тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон, ширкати Русия дар лоиҳаҳои обу барқи Қирғизистон ва қарзи Қирғизистон ба Русияро баррасӣ намуд. Дар арафаи мулоқот Путин ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, “замона дигар шуд, вале равобити мардуми кишварҳои мо доимо хуб будааст”.
Дар нишасти муштараки раҳбарони ду кишвар Путин гуфт, пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчун омили устувории ин ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ хидмат мекунанд. Қабл аз сафари Путин ба Қирғизистон расонаҳои хабарии Русия иттилоъ доданд, ки Маскаву Бишкек дар масъалаи истифодаи пойгоҳи Канти канори шаҳри Бишкек ба мувофиқат расидаанду Русия барои иҷораи он солона 4,5 миллион доллар пардохт хоҳад кард.
Дар мулоқоти Отамбоев ва Путин созиши аз эътибор соқит намудани 489 миллион доллар қарзи Қирғизистон ба Русия имзо шудааст. Тибқи хабарҳо қарз то моҳи марти соли 2016-ум лағв мешавад. Русия гуфтааст, ки 189 миллион доллари ин қарзро бидуни шарт лағв намуда, саҳмияҳои корхонаҳои саноатӣ ва аз ҷумла корхонаи тавлиди торпедоҳои Иссих-кӯлро ба даст меорад.
Дар нишаст сарнавишти пойгоҳи амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас низ матраҳ шуд. Отамбоев гуфт, Манас, ки ҳамчун маркази транзитии сарбозну лавозимоти эътилоф ба Афғонистон хидмат мекунад, баста хоҳад шуд.
Дар изҳороти муштараки ду раҳбар таъкид шудааст, ки баъди соли 2014-ум вақте созиши иҷораи Манас ба поён мерасад, Қирғизистон мехоҳад, ки ин фурӯдгоҳ фақат бо ҳадафҳои осоишта мавриди истифода қарор гирад.
Путин ва Отамбоев мувофиқат карданд, ки нерӯгоҳҳои обу барқи Қирғизистонро, ки сохтмони онҳо дар даврони Шӯравӣ оғоз ёфтааст, ҳамроҳ бо ширкатҳои Русия такмил намоянд.
Вазирони энергетикаи ду кишвар такмили силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Норин ва Қамбар-Ота-1-ро имзо карданд, вале Путин хотирнишон кард, ки замони шурӯи кор ташхис нашудааст.
Президенти Русия илова кард, ки ду кишвари поёноб: Узбакистону Қазоқистон метавонанд ба ин лоиҳа ҳамроҳ шаванд. Қаблан ду кишвари ёдшуда, ташвиш доштанд, ки бунёди обанборҳои нерӯгоҳҳои Қирғизистон кишоварзони онҳоро беоб мемонад.
Ҳамчунон Путин ба Қирғизистон ваъдаи кумак дар қабули ин кишвар ба Иттиҳоди Гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистонро ваъда дод.
XS
SM
MD
LG