Ин фаввора бузургу зебост, аммо об надорад. Дар хиёбонҳои Кӯлоб ба мисли ин даҳҳо фаввораи хурду бузург қад кашидаанд, вале шаҳрвандон мегӯяд, ёд надоранд, ки кай бори охир аз ин фавораҳо об берун шуда бошад. Бисёриҳо фаввораҳоро рамз ё символи беобӣ меноманд. Масъулони шаҳр эътироф мекунанд, ки бархе аз ин фаввораҳо аз беобӣ корношоям шудаанд. Омадани об ба лӯлаҳои онҳо мисли нӯшдоруи баъди марги Сӯҳробро мемонад.
Ширинмоҳ Хоҷаева, як сокини Кӯлоб рӯзи10 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хандаовар аст, вақте об нест, барои чӣ фавора месозанд. Ӯ мегӯяд, ёд надорад дар Кӯлоб фавворае дар шом ё субҳгоҳон фаъол бошад ва ба шаҳр ҳусну ба раҳгузарон сафо бахшида бошад. Ширинмоҳ дар қабати аввали хонаи баландошёнаи маҳаллаи Ҳувайдуллоев зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки умри занони бинои онҳо ба обкашӣ мегузарад.
“Бовар кунед, ҳамсояҳои ман, ки дар қабати сеюм ва чаҳорум зиндагӣ мекунанд, аз обкашӣ хаста шудаанд. Аз будани чунин об набуданаш беҳтар аст. Ҳама сокинон ба хусус занон хаста шудаанд, аз обкашӣ дастонамон дарорз шудаанд,” -- мегӯяд Ширинмоҳ Хоҷаева.
Фавворае, ки як ҳафта қабл ба муносибати пойтахти фарҳангӣ унвон шудани Кӯлоб бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ сохта шуд, ҳудудан як шабонарӯз кор кард. Баъдан кормандони ободонии шаҳр реҷаи фаъолияти онро тағйир доданд ва ҳоло фаввора бо оби захиравии гандида гоҳ-гоҳ фаъол мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зоиршоҳ Ғозиев, сармеъмори шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаи онҳо танҳо сохтани фаввораҳост, нигаҳбонии он бар дӯши шаҳрдорист.
“Ҳозир дар Кӯлоб 12 фаввораи бузург аст, ки 4-тои он дар даруни Боғи фарҳангӣ ҷойгир шудааст, аммо дуи онҳо аз фаъолият мондааст. Мо аслан замони сохтмонаш ба ин фавораҳо сару кор мегирем, баъди итмом, мо аз сарамон соқит мекунем, ки онро ба ӯҳдаи ободонии Кӯлоб вогузор мекунанд.”
Соли 2010 Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ дар Кӯлоб беш аз 3 миллион доллар ҷудо карданд. Тибқи барномаи бозсозии хатҳои интиқоли оби нӯшокӣ дар Кӯлоб бояд то аввалҳои соли 2011 анҷом меёфт ва мушкили таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ сад дар сад ҳали худро пайдо мекард. Аммо касе намедонад, ки чаро тарҳ ба анҷом нарасид ва Кӯлоб ҳамчунон об надорад, дар ҳоле, ки 3 миллион доллар барои бозсохти шабакаи оби Кӯлоб пули кам набуд. Мақомоти вақти шаҳри Кӯлоб он замон гуфта буданд, ки ин маблағ масъалаи беобӣ дар Кӯлобро комилан аз байн мебарад.
Сӯҳроб Раҳимов, сардори хоҷагии оби шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, дар воқеъ ин маблағ барои шаҳри Кӯлоб ҷудо шуда буд, ва бозсозӣ аз маҳаллаи Саъдии Шерозӣ оғоз ёфта, лулаҳои як қисмати маҳаллаҳо ва насосҳои обкаш иваз шуданд. Ӯ мегӯяд, ҳоло боз тибқи як шартномаи дигар то соли 2016 кулли лулаҳои обгузар иваз карда шаванд.
Як сокини шаҳр -- Музаффар Каримов мегӯяд, сохтани фаввораҳо барои як ё ду рӯзи ҷашн аст. “Ҳамин ки меҳмонон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Кӯлоб баромаданд, фавораҳо ҳам аз кор мебароянд, аз фаввора сохтан лӯлаҳои обгузарро бо ин маблағи калон таъмир кунанд, ки мардум аз мушкили беобӣ халос шавад, беҳтар буд,” -- мегӯяд Каримов.
Вақте мо чанде аз ин фаввораҳоро наворбардорӣ мекардем, раҳгузарон ҳайрон мешуданд ва суол мекарданд, ки чаро фаввораи хушкро ба навор мегирем?
Хатҳои интиқоли оби ошомиданӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳудудан 40 сол пеш бунёд шуда, ба гуфтаи масъулон феълан корношоям гардидаанд.
Кӯлоб аз саввумин калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, наздики 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Соли 2015 ин шаҳр пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон шуд.