Аз Омбудсмени рус таҳқиқи марги мармузи зани тоҷик дар як боздоштгоҳи муваққати Русия тақозо шудааст.
Намояндаи ваколатдори ҳуқуқи башари Русия мегӯяд, то ҳол дархости ҷониби Тоҷикистонро дар бораи таҳқиқи шароити ҳалокати Фотима Ғаффорова - шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Курган ё Қурғони Русия нигаҳдорӣ мешуд, дарёфт накардааст. Раҳбарияти ин ниҳод дар тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки “маъмулан, бо расидани чунин муроҷиатҳо кори таҳқиқу омӯзиши қазия аз ҷониби шӯъбаҳои дахлдор шурӯъ мешавад”.
Зариф Ализода - Омубдсмен ё гузоришгари ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба ҳамтои худ дар Русия Владимир Лукин номае навишта дархост кардааст, ки иллати марги шаҳрванди Тоҷикистон дар як боздоштгоҳи Русияро таҳқиқ кунад. Назар ба шикояти хешовандони марҳум Ғаффорова, дар тани ӯ осори шиканҷаву лату кӯб ба чашм расидааст ва онҳо дар худкушии ӯ шубҳа кардаанд.
Дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ Азиз Солиев - намояндаи ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ё Омбудсмен таъйид кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба Русия ҳамин гуна дархост фиристодааст ва ҳоло мунтазири ҷавоби Владимир Лукин мебошанд. Вай афзуд:
- Ҳадаф ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин масъалаҳо мебошад. Мо пештар бо худи ваколатдори созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда будем ва дар ҳамин асос мо метавонем бо он кас дар иртибот бошем ва доир ба ҳар қазия ҳамкории муштарак дошта бошем.
Дар ҳоле, ки масъули ҳуқуқи башари Русия ҳанӯз бо пажӯҳиши мустақилонаи қазияи Фотима Ғаффорова машғул нашудааст, масъулини боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қурғон ҳалокати ин хонумро бар асари шиканҷаву лату кӯб рад мекунанд. Дар як сӯҳбати бидуни микрофон бо радиои "Озодӣ" як масъули ин боздоштгоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш нақл кард, ки хонум Ғаффорова охирҳои соли 2011 ба ин ҷо бо гуноҳи содир кардани қонуншикании ҷиноятӣ, яъне “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” оварда ва тақрибан се моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ шудааст:
- Дар рӯзҳои аввали март ӯ дар дохили утоқи боздоштгоҳ даст ба худкушӣ зад. Бо рӯймоли сараш худро дор овехтааст. Вақте мо аз ин чиз бохабар шудем, ӯро зуд ба шифохона интиқол додем. Баъдан вай дар касалхонаи шаҳри Қурғон даргузашт. Ҳеҷ кас ӯро шиканҷа накардааст, ин гап асос надорад. Баъди марги ӯ ин ҳодиса чандин бор санҷиш ва бегуноҳ будани кормандони муассисаи тафтишотӣ ва боздоштгоҳи муваққат собит шуд, - гуфт ин корманди боздоштгоҳ.
Вай гуфт, ки дар номаи пеш аз маргаш ҳам хонум Ғаффорова “бо забони русии қобили фаҳм” навиштааст, ки касеро дар ҳалокати худ гунаҳгор намекунад. Ин манбаъ, ки шахсан худаш чандин бор бо ин хонуми тоҷик дар боздоштгоҳ ҳамсӯҳбат шудааст, гуфт, ӯро “як зани орому ботамкин дарёфтааст”.
- Ӯ зане буд начандон ҷавон ва начандон пир, аз 30 боло буд. Забони русии ӯ чандон хуб набуд, вале гапашро фаҳмида мешуд, - нақл кард ин корманди боздоштгоҳ дар идома. – Ҳеҷ шикоят ё даъвое надошт, ором буд. Сабаби аслии марги ӯ ба мо пурра маълум аст. Фақат ҳамин ки мо бидуни иҷозати мақомоти болоӣ дар Маскав дар бораи ин қазияи марбут ба шаҳранди як кишвари хориҷӣ бо шумо сӯҳбат карда наметавонем, - гуфт вай.
Он чи ки намояндаи масъули боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қурғон ба радиои "Озодӣ" гуфт, то андозае бо нақлҳои шоҳидони айнии қазияи Фотима Ғаффорова мувофиқат мекунад. Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Қурғон эшони Абдурашиди Фозил гуфт, ки боздошти марҳум Фотима Ғаффорова ба як қазияи солҳои 2009 иртибот мегирад. Он сол ӯву ҳамсафарони дигари тоҷикистониаш, ки бо кори савдову тиҷорат машғул будаанд, савори автобусе дар марзи Қурғон боздошт мешаванд ва ронандаи автобус бо иттиҳоми мусоидат дар интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт мешавад.
- Хонум Фотима ва чанд ҳамсафараш ҳам чанд рӯзе боздошт шуда, баъдан ба унвони шоҳид баёнот медиҳанд ва озод мешаванд. Вале баъд маълум мешавад, ки ронандаи автобус илоҷе ёфта озод мешавад ва гӯё тамоми гуноҳро ба гардани Фотима Ғаффорова бор мекунад. Ва вақте ӯ мехост баъди он ҳодиса соли 2011 аз Тоҷикистон хеста ба шаҳри Иркутски Русия ба назди шавҳараш равад, ӯро дар Красноярск боздошт карда, ба Қурғон интиқол доданд. Вақте ки Фотима бепарво ба ин ҷо меояд, ФСБ паспорти вайро тафтиш мекунад, мебинад, ки вай дар ҷустуҷӯ будааст ва ӯро боздошт мекунад.
Ба гуфтаи афроди дигаре, ки бо қазияи хонум Ғаффорова сару кор доштанд, ӯ як зани “баимону худотарс буд, дар зиндон ҳам намоз мехонд”. Асадулло Саидов, тарҷумони додгоҳии Фотима Ғаффорова ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тамоми тафтишот ба бегуноҳии вай ишора мекард ва қарор буд базудӣ мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад.
- Дуруғ аст. Вай зани бечора чӣ хел организатори муҳоҷирати ғайриқонунӣ мешуд? Организатор шофёрҳо буданд. Ронандаи автобус, ҳоҷӣ Набӣ мегӯянд, аз Хуҷанд буд, аз Ғафуров. Вай як сол дар зиндон шишт. Мӯҳлаташ тамом шуд, ҷавоб шуда рафт.
Асадулло Саидов ва Абдурашидхони Фозил - раиси ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Қурғон мегӯянд, худи Фотима низ дар номае бо кӯмаки занони зиндонии рус дар боздоштгоҳи Қурғон навиштааст, ки вай ҳеҷ гоҳ созмондиҳандаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ набудааст ва вурудаш ҳам ба қаламрави ин кишвар тибқи қонунҳои Русия сурат гирифтааст. Вай фақат савори автобусе вориди қаламрави Русия шудааст, ки дар он муҳоҷирони истирдодшуда менишастанд.
Дар миёни чизҳои хонум Фотима, ки баъди маргаш ҳамроҳ бо ҷасад аз зиндон ба дасти хоҳаронаш супурдаанд, баъдан як қуръону тасбеҳу тӯмор, номаҳояш пайдо шудаанд, ки дар онҳо дар бораи бегуноҳии худ менавишт. Ҷасади Фотима Ғаффорова дар моҳи март, баъди даргузашташ дар беморхонаи рақами яки шаҳри Қурғон ба хешовандонаш дода шуд.
Мусоҳибони мо гуфтанд, Фотима дар боздоштгоҳи Курғон ҳудуди се моҳро сипарӣ мекунад. Саидов мегӯяд, барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ қонунҳои Русия то 8 моҳи зиндонро пешбинӣ мекунанд ва ҳатто имкон дошт, Фотима аз зиндон раҳо шавад. Вале Абдурашидхони Фозил, Асадулло Саидов ва як корманди зиндон, ки нахост аз вай ном бибарем ишора мекунанд, ки эҳтимолан афсурдагӣ ва рӯҳафтодагӣ Фотимаро ба худкушӣ водор кардааст. Бо вуҷуди ин ки хоҳаронаш аз ҳабси вай огаҳ будаанд, вале барои дидор вай наомадаанд.
“Онҳо дар дохили хонавода бар сари хонаву моликият рақобати хонаводаӣ доштанд”, - мегӯянд онҳо. Инчунин, онҳо розӣ набудаанд, ки Фотима баъд аз талоқ аз шавҳари пешинаш бори дигар ба нафари бегона оила барпо кардааст. Муттаасифона шавҳараш низ дар он шабу рӯзҳо Фотимаро танҳо гузоштааст ва бино ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар он ҳолати афсурдагиву навмедӣ ба ҷони худ қасд кардааст. Фақат баъд аз даргузашти хоҳараш Онаой, бо даъвати ҷамъияти тоҷикон аз Хуҷанд ба Қурғон омадааст ва бо кӯмаки ин ҷамъият Фотимаро ба зодгоҳаш интиқол додаанд ва дар он ҷо ба хок супурдаанд.