Фош шудани маълумоти махфии Исроил. Пулис ёвари Нетаняҳуро боздошт кард

Бенямин Нетаняҳу

Пулиси Исроил яке аз ёварони баландпояи нахуствазирро, бо гумони фиристодани маълумоти махфӣ ба расонаҳои хориҷӣ боздошт кардааст. Дар ин бора телевизиони CNN хабар додааст.

Чор маъмури Хадамоти махсуси Исроил ҳам дар ин кор гумонбар ҳастанд. Яке аз онҳоро ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд.

Ба гузориши CNN, гумонбари асосӣ Элиэзер Фелдштейн аст, ки солҳои дароз дар бахши матбуотии артиш кор кардааст. Моҳи декабри соли 2022, Фелдштейн мушовири нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар умури кор бо афсарон таин шуда буд.

Хабаргузории “Ройтерс” гузориш додааст, ки муттаҳамон маълумоти махфиро ба расонаи бритониёии The Jewish Chronicle ва нашрияи олмонии Bild додаанд. Ин ду нашрия моҳи сентябри имсол бо такя ба хадамоти истихборотии Исроил гузориш доданд, ки гурӯҳи “Ҳамос” асирони исроилиро махфиёна аз Навори Ғазза ба Миср бурдааст. “Ҳамос” дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.

Ҳарду нашрия ҳамчунин навишта буданд, фаластиниҳо дар талош ҳастанд, ки ҷомеаи Исроилро пароканда карда, нахуствазирро ба халалдор кардани музокироти сулҳ ва озодии гаравгонҳо муттаҳам кунанд.

“Ройтерс” ба ин нукта диққат кардааст, ки нуктаҳои матолиби нашршуда, ба изҳороти Нетаняҳу дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми сентябр монанд аст. Нахуствазири Исроил аввали моҳи сентябр ва чанд рӯз пас аз пайдо шудани ҷасади шаш гаравгони кушташуда дар Ғазза, дар бораи пайдо шудани санадҳое гуфта буд, ки нишон медиҳанд, “Ҳамос” дар талоши интиқоли асирон ба Миср аст.

Яир Лапид, роҳбарони мухолифон дар порлумони Исроил эълон кард, ки ҳуҷҷатҳои пайдошуда дар нақбҳои Ғазза сохта баромаданд. Лапид ҳамчунин қайд кард, ки дафтари Нетаняҳу гӯё маълумотро ба расонаҳо ифшо кардааст, то имкони тавофуқ барои озодии гаравгонҳо халалдор шавад.

Дар ҳамин ҳол дафтари нахуствазирии Исроил даст доштан дар ифшои асноди махфиро рад кардааст. Худи Бенямин Нетаняҳу гуфт, дар бораи фош шудани санадҳои махфӣ аз расонаҳо маълумот гирифтааст.

Артиши Исроил рӯзи 1-уми сентябр аз кашфи шаш ҷасади гаравгони исроилӣ дар як туннел дар Рафаҳ, дар ҷануби Навори Ғазза хабар дод ва эълон карда буд, ки онҳо қаме қабл аз пайдо шудан ба қатл расидаанд.

Амрико ва Исроил бовар доранд, ки "Ҳамос" ин гаравгонҳоро куштааст. Гурӯҳи"Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро гурӯҳи террористӣ медонанд, мегӯяд, ки ин гаравгонҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҳалокат расиданд.

Ҷанг дар Навори Ғазза беш аз як сол аст, ки идома дорад. Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 тани дигарро ҳам гаравгон гирифт. Дар пайи он Исроил ба Ғазза юриш бурд ва давоми беш аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои онро комилан аз байн бурд. Ин ҷанг, ки то кунун идома дорад, боис ба ҳалокати беш 42 ҳазор фаластинӣ шудааст, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.