ВИДЕО: Шабистарӣ, Раҳмон ва ёдоварӣ аз даврони ҷангу сулҳ

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар маҳфили навбатии "гуфтугӯи тамаддунҳо"

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири собиқи Эрон дар Душанбе, аз ҷанги дохилии Тоҷикистон ва нақши тарафҳо дар барқарории сулҳ ёдоварӣ кард ва гуфт, ин неъмат ба осонӣ ба даст наомадааст.

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири нахустини Эрон дар Душанбе, ки давраи намояндагияш ба ҷанги шаҳрвандӣ ва музокироти ҳукумату нерӯҳои мухолифини тоҷик барои имзои созишномаи сулҳ рост омадааст, аз Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон тавсиф кард ва ӯро шахси меҳрубону самимӣ номид. Ӯ, ки шоми 9 октябри соли ҷорӣ дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"-и Иброҳим Усмонов дар Душанбе сӯҳбат мекард, аз ҳодисаи 22 соли пеш дар ин замина ёдоварӣ намуд.

"Соли 1992 назди Аслиддин Соҳибназаров даромадам, ки он замон муовини сарвазир буданд. Гуфтам, ба Кӯлоб орд бифиристем. Он замон Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов), ки раиси шаҳри Кӯлоб буд, аз мо хафа шуданд. Ба ҳар ҳол, мо ордро ба Кӯлоб расондем ва чанд дафъаи дигар ҳам фиристодем. Аммо вақте оқои Раҳмон раиси ҷумҳур шуданд, дар як вохӯрие бархоста ва гуфтанд, ман аз ин кас узр пурсиданӣ ҳастам, ки он замон суханони сахт гуфта будам",-нақл кард сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тавсифи Шабистарӣ аз Раҳмон ва ёдоварӣ аз даврони ҷангу сулҳ

Оқои Шабистарӣ дар идомаи суҳбаташ ба масъалаи сулҳи тоҷикон пардохт ва гуфт, дар даври аввали музокироти ҷонибҳо, ки дар Теҳрон баргузор шуд, боис гардидааст, то Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Абдулмаҷид Достиев сӯҳбати хусусӣ карда, фазоро барои барқарории сулҳ ба вуҷуд оранд. “Онҳоро водор кардам, қабл аз оғози музокирот бо ҳам сӯҳбат кунанд, то якдигарфаҳмӣ шавад. Соати шашуними субҳ ҳардуяшонро ба як ҳуҷра овардам. Сӯҳбаташон тӯли бештар аз ду соат идома кард. Вақте берун омаданд, дар чеҳраҳояшон дилгармӣ ва умед барои барқарории сулҳ дида мешуд. Аммо то ҳоло ин нуктаро касе дар ҳеч ҷое нанавиштааст”,-афзуд ӯ. Ба ин тартиб, сафири собиқи Эрон дар Душанбе гуфт, сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст ва бояд ҳифз шавад.

Шабистарӣ дар мавриди сару садоҳое, ки дар даврони ҷанг гуфта мешуд, гӯиё Эрон ба Тоҷикистон силоҳ ворид кардааст, изҳор дошт: "Ҳеч кас намепурсид, оё Тоҷикистон бо Эрон марзи муштарак дорад, ки битавонад силоҳ биёрад? Ё тавассути ҳавопаймо, ки марзу фурудгоҳҳо назорат мешуд. Аммо вақте касе мехост, ин иттиҳомотро нисбат ба Эрон мезаданд.”

Ин дипломати эронӣ дар масъалаи гуруҳи "Давлати Исломӣ" ё ДОИШ-и собиқ ҳам изҳори назар кард ва гуфт, "мутаассифона, чеҳраи Ислом ба бадномкунии ин гурӯҳ махлут шудааст. Шояд он нақшаҳое, ки бархе аз давлатҳои Ғарб барои махлут кардани чеҳраи Ислом доштанд, мутаассифона, имрӯз амалӣ шуд. Он амале, ки ин гурӯҳҳо мекунанд, аслан ба Ислом рабт надорад, аммо мегӯянд мусалмон ҳастанду намоз мехонанд.”

Барои ҷилавгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ пешниҳод кард, бояд ба мардум иҷозат дода шавад, то Исломи нобро биомӯзанд. "Чунки ДОИШ-иҳо ҳам худро мусалмон мегиранд ва мегӯянд аз рӯи шариат кор мекунанд. Аммо исломи ҳақиқӣ чигуна аст, бояд ҳар кас худаш инро донад”,-афзуд вай.