Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Зиндагӣ»: Бетарафон душмани оштии миллианд.


Ҳафтаномаи мустақили русизабони чопи Душанбе «Азия Плюс» дар саҳифаи аввали худ акси зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ собиқ лидери оппозсиюни тоҷикро чоп намудааст, ки бо сарвари тарафи дигари сулҳкунанда Имомалии Раҳмон дасти ҳамро мефушуранд. Аммо маълум нест, ки ин акс кай дар куҷо гирифта шудааст. Ҳамин нашрия суол мекунад ки дар афви соли 2007, ки нахустин амнистия дар соли равон мебошад ки раҳо хоҳад шуд? Манзур аз ин суол ин аст ки оё собиқ размандаҳои оппозисиюни пешини тоҷик озод мешаванд. Зеро дар ин афв мавзуъи раҳоии собиқ размандаҳои оппозисиюн ки аксар ба хотири муқовиматҳои солҳои ноооромӣ маҳкум шудаанд, доғ шудааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар саҳифаи аввали худ навиштааст тибқи қонуни афв иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ сарфи назар аз ҷониби оппозисиюни пешин ва ё аз тарафи ҳукумат ҳақ доранд озод шаванд.
Ҳамин тавр саҳифаҳои аслии нашрияҳоро мақолаву навиштаҳо дар бораи ваҳдати миллӣ ва роҳҳои расидан ба оштии миллӣ дар бар гирифтааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» як мусоҳиба бо Сайид Абдуллоҳи Нуриро, ки панҷ сол қабл анҷом дода шудааст, бори аввал чоп кардааст. Лидери иттиҳодияи оппозитсиюни пешин зиндаёд Сайид Абдулоҳи Нурӣ таъкид намудааст,ки роҳбарони мухолифин дар ҳалли мушкили сулҳ ва лаҳзаҳое, ки музокираи сулҳ дучори бунбаст мешуд аз масъулони тарафи ҳукумат дида бештар азхуд гузаштагӣ нишон медоданд. ки ҳатто дар фарҷом бар зарари оппозитсиюн анҷом меёфтааст.

Сафири пешини Ирон дар Тоҷикистон Муҷтаҳид Шабистарӣ ки дар давраҳои руёруӣ миёнҷигарӣ мекард, таҳти унвони «Асрори нагуфтаи музокироти сулҳи тоҷикон зиёд аст» бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» суҳбат кардааст.
Оғои Шабистарӣ ёдовар мешавад ки дар ҳарду ҷониби даргир ҳам, Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини пешин афроди тунрав зиёд буданд. Вай Мулло Абдуғаффорро мисол меорад ки аз тарафи оппозитсиюн фаъолият дошт ва кудакони русҳоро гаравгон гирифт ва ҳамчунин дар майдони Шаҳидон эълом доштани 27 ҳазор афроди мусаллаҳ фақат тундгӯӣ буду тамом. Дар атрофи ҳукумат низ тундравҳо буданд ки хостори сулҳу ваҳдат набуданд. Ҷаноби Шабистарӣ меафзояд, агар гуем ки сад дар сад банду фаслҳои созишномаи сулҳи тоҷикон татбиқ шудаанд, нодуруст мебошад.

Узви комисони оштии мили пешин профессор Абдунабӣ Сатторзода дар зимни суҳбат бо ҳафтаномаи мустақили «Зиндагӣ» мегуяд имруз фурсате пеш омадааст ки оштии миллиро аз чанд тоифа ҳифз бояд кард. Пеш аз ҳама аз гуруҳе ки бетараф ҳастанд ва шиорашон гур сузаду дег ҷушад мебошад. Дуввум аз ҳизбу ҳизбиёни пурдаъво ва масъулиятношиносе,ки дар зарфи 10 -15 соли ахир натавонистаанд ҳадаф ва барномаашонро барои ҷомеа рушан кунанд.

Тақрибан аксари донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик дар навиштаву мусоҳибаҳои худ ба муносибати 10 солагии ваҳдати миллӣ вуҷуди тафакури маҳал ва маҳалгароӣ дар ҷомеа, ривоҷи фасоди идорӣ,тафриқаи зиёди иҷтимоӣ дар қишрҳои ҷомеа бемасъулиятии амалии ҳукумат дар баробари сарнавишти муҳоҷирони корӣ, вазъи бади мактабу маориф ва ба дараҷаи матлуб рушд накардани иқтисоди кишварро аз хатароти ҷиддӣ ба ваҳдату оромӣ ва оштии миллӣ мешумуранд.
XS
SM
MD
LG