Сел даҳ нафарро кушт ва Боғи ҳайвонотро вайрон кард

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, дар пайи борони сахте, ки баъд аз зӯҳри 13 июн борид, дар пойтахти ин кишвар сел омада, ба камияш даҳ нафарро кушта ва чандин тани дигарро бе ному нишон кардааст.

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, борони шадид ва омадани сел дар Тифлис, пойтахти ин кишвар, боис ба ҳалокати 10 нафар ва бедарак шудани чанд тани дигар гардидааст. Ба қавли онҳо, сел шаби 13 ба 14 июн омада, даҳҳо хона, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаи газро низ хароб кардааст.

Ҳоло интиқоли газ ва оби ошомиданӣ ба баъзе аз қисматҳои шаҳр қатъ шудааст ва ё хеле кам дода мешавад. Баъзе аз сокинон ба ширкати барқи "Теласӣ" муроҷиат карда ва худашон хостаанд, ки интиқоли барқ ба хонаи онҳоро қатъ кунанд, зеро манзилашон зери сел мондааст.

Гурӯҳҳои наҷот ба ҳолати омодагии фавқулода дароварда шудаанд ва тамоми шабонарӯз кори худро идома медиҳанд. Онҳо ба хонаҳои харобшуда мераванд, то сокинонашро биҷӯянд ва ё ба онҳо кумак расонанд. Гурӯҳҳои рафъи оқибатҳои офат низ ба кори худ идома медиҳанд, то роҳҳоро боз ва шабакаҳои тақсими обу барқ ва газро барқарор кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сели харобиовар дар Тифлис (Тбилиси)

Давид Нармания, шаҳрдори Тифлис ба хабаргузориҳо гуфтааст, вазъ "ҳалокатовар" аст. Бештар аз ҳама Боғи ҳайвоноти пойтахти Гурҷистон осеб дидааст. Дар дохили боғ ҷасади се корманди онро пайдо кардаанд. Мзия Шарашидзе, сухангӯи Боғи ҳайвоноти Тифлис гуфт, "қисмати поёнии боғ дигар вуҷуд надорад. Дар он қисмат на ҳайвонот дида мешавад ва на хонаҳояшон."

Қисмати болоии боғи ҳайвонот боқӣ мондааст, ки дар он ҷо асосан ҳайвоноти сумдор, шерҳои сафед ва бабрҳо нигаҳдорӣ мешуданд.

Пештар хабар дода буданд, ки аз боғи ҳайвонот 6 шер, 6 паланг, 7 хирс, 13 гург ва рӯбоҳу ҷонварони дигар фирор кардаанд. Баъзе аз ин ҷонваронро боздошт карда, аммо баъзеи дигарашро парондаанд, зеро рафтори онҳо нисбат ба одамон хатарнок будааст. Масалан, 6 гургро дар ҳавлии бемористони кӯдакона парондаанд. Як баҳмут ё бегимотро низ ба ҳамин минвол куштаанд.

Миндия Ҷанелидзе, дабири Шӯрои амният ва ҳолатҳои фавқулодаи Гурҷистон ба рӯзноманигорон дар бораи ташкили ситоди махсус хабар дода ва гуфтааст, ба ин ситод Ираклий Гарибашвилӣ, нахуствазири кишвар раҳбарӣ мекунад. Ҳар вазорат барномаи худро барои рафъи оқибатҳои офат таҳия кардааст ва дар ҳамаи минтақаҳои офат корҳо бидуни танаффус идома доранд. Ҳамзамон зарари ин офатро ҳисоб мекунанд. Миндия Ҷанелидзе аз додани маълумоти дақиқ дар бораи зарари офат худдорӣ карда ва гуфтааст, ки додани маълумот дар ин бора ҳанӯз зуд аст, вале зарари расида даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо ҷорӣ шудани селоб дар Тифлис шаби 13 ба 14 июн дар роҳи Тскнетӣ-Бетания теппае лағжида роҳ ва маҷрои обро бастааст. Коршиносон мегӯянд, ки маҳз лағжиши ҳамин теппа сабаби зери об мондани дараи Вере дар шаҳри Тифлис шудааст.

Вазорати молияи Гурҷистон дар ҷаласаи фавқулодаи шаҳрдорӣ изҳори омодагӣ кардааст, то замони пурра ҳисоб шудани зарари офат 4,5 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин вазорат аз бонкҳои кишвар хостааст, рӯзи якшанбе кор кунанд, то дар интиқоли пулҳо ва ҳисобу китоб таъхир ба вуҷуд наояд. Дар шаҳри Тифлис тақрибан 1 миллиону 100 ҳазор нафар аҳолӣ ба сар мебаранд.

Сел ҳашт нафарро кушт ва Боғи ҳайвонотро вайрон кард