Сел ҷасади як кӯдаки 6-соларо аз Қубодиён ба дурии 8 километр то ноҳияи Носири Хисрав бурд, чандин танро захмӣ ва хонаҳоро вайрон кард.
Бинобар маълумоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, 150 нафар аз 21 хонавода, ки хонаҳояшонро сел вайрон кард, дар хаймаҳо ҷойгир шуда, ба онҳо обу ғизо ва дорувор расонда мешавад. Соҳибони ҳудудан 50 хонаи дигар, ки манзилҳояшон қисман хароб шудаанд, шабро дар хонаи хешу табор рӯз намуда, рӯзона асбобкашӣ мекунанд, зеро ба онҳо гуфтаанд, ки зиндагӣ дар он хонаҳо бехатар нест.
Аммо онҳое низ ҳастанд, ки дигар хона надоранд. Ислом Холёров, сокини 43 солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён, ки 15 сол боз дар Русия кор мекунад, ҳоло намедонад, ки борону сел дар шаби 12 ба 13-уми май хонаи ба сахтӣ бунёдкардаи ӯро валангор кардааст. Ҳамсараш низ наметавонад ба ӯ занг бизанад, чун мобилаш дар зери лой мондааст.
Ислом барои сохтани ин хона 10 сол пул ҷамъ карда буд ва онро аз роҳи “ҳашар” бо кӯмаки муҳоҷирони дигар бунёд кард. Ӯ дар хонаи навбунёд се моҳ ва зану бачаҳояш ҳамагӣ чаҳор моҳ зиндагӣ карданд. Холёров, ки дар яке аз корхонаҳои нонпазии шаҳри Маскав кор мекунад, барнома дошт, ки ин сафар каме пул ҷамъ мекунад ва барои хонаводааш гову гӯсфанд мехарад. Ҳоло ҳамсари Ислом Холёров бо чаҳор фарзандаш дар хайма ба сар мебарад ва намедонад, ки шавҳараш барои сохтмони дубораи манзил пул меёбад ё не.
"Сохтмони хонаамон ду сол давом кард, вале дар як шаб нест шуд, шавҳарам ба азоб хона сохта буд, ҳоло ба Масква рафтааст. Намедонам барои мо кӣ хона месозад ва кай соҳиби хонаи нав мешавем, дар ин хона ҳамагӣ чаҳор моҳ зиндагӣ кардем. Либосҳои писаронам, картошаю пиёз, орду равғанамро об бурд, лекин дар хона пул надоштам" – мегӯяд Валамат Холёрова, ҳамсари Ислом Холёров.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Танҳо хонаи Ислом Холёров нест, ки бар асари боришоту селобаҳои авоили ҳафта аз байн рафтааст. Холмирзо Сафаров, раиси ҷамоати деҳоти "Заркамар" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз деҳаи Заркамари ҷамоати "Заркамар" 21 хона комилан ва ҳудуди 50 хона қисман хароб шудаст. Аксари мардҳо аз ин ин хонаводаҳо дар Русия буда, ин манзилҳоро дар даҳ соли охир аз пули муҳоҷират сохтаанд.
Аксари сокинони деҳаи Заркамар, ки дар як шаб аз хонаву дар ва дорияшон маҳрум шудаанд, барои гову гӯсфанди гумшуда ва ҷиҳози хонаашон, ки дар зери обу лой мондааст, ғусса мехӯранд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки ба вайронаҳо, ки то дирӯз хонаҳои обод буданд, бираванд ва ҷиҳози солим мондаро аз зери обу гил берун биёранд. Кормандони “МЧС” мегӯянд, ки рафтан сӯи деворҳои валангор бехатар нест.
Гулбаҳор Ғаффорова, сокини 59 солаи “Заркамар” мегӯяд, ки 3 гов ва 8 гӯсфандашро сел бурд. Ҷамила Маҳмадиева, сокини дигари ин мавзеъ гуфт, ки хонааш валангор ва 10 фарзанду келину набераҳояш дар берун мондаанд. Салима Абдиеваи 49-сола, як бошандаи дигари деҳкадаи “Заркамар бо дареғ мегӯяд, ки писари дуюмашро хонадор карданӣ буд ва барои қудояш либосҳои зиёд харида, мебоист 14 июл тӯй барпо мекард, вале сару либос, дегу танур орду равғани тӯи писараш аз байн рафт.
Боришоти зиёд ва фаромадани сел дар аввали ҳафтаи равон дар ноҳияҳои Қубодиён, Вахш, Ёвон, Ҷиликӯл ва Хуросони вилояти Хатлон зиёда аз 80 ҳазор гектар заминро комилан хароб карда, се мактабро қисман тахриб намуд. Омори дақиқи хонаҳои харобшуда дар ин навоҳӣ феълан дастрас нест.