Рустои Марзич дар чанги сели харобиовар

Босуръат об шудани барф ҳамроҳ бо борон сабаби сел дар рустои Марзич дар ноҳияи Айнӣ шуд.

Сел 500 метр роҳи деҳаро вайрон кард.

Марзич дар як минтақаи аз назари экологӣ хатарнок ҷойгир аст.

Баъзе аз иншооти мардум зери сангу гил мондааст. Мақомот мегӯянд, дар ин фалокат касе осеб надидааст.

Ягона пуле, ки Марзичро бо Душанбе ва Хуҷанд васл мекард, аз байн рафт.

Рӯзи 5-уми июл дар натиҷаи сел чандин хона дар рустои Марзич дар ноҳияи Айнӣ осеб дид. Даҳҳо нафар маҷбур шуданд, аз тарси сел дар кӯҳҳо дар ҷойҳои селнорас шабашонро рӯз кунанд.