Деҳаи Порвор ва Мулёб дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), дар наздикии марз бо Афғонистон, дар пайи фаромадани ярчу омадани сел чаҳор рӯз боз дар "муҳосира" мондаанд. Сокинони ин ду русто гуфтанд, ки дар ин муддат на танҳо касе ба ёриашон наомад, балки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ "як техника ҳам нафиристод".
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд.
Қаюм Бегимадов, раиси деҳаи Порвор, рӯзи 24 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ба осебдидагон кумаки амалӣ нашудааст, вале як комиссияи ҳукуматӣ зиёни расида ба онҳоро ҳисобу китоб намуд. Ӯ гуфт, «комиссия дид, ки сел на танҳо хона, балки оғилу чорвои сокинонро ҳам бурдааст. Дар маҷмуъ, 90 дар сади деҳа зарари молӣ дидааст. Ин ҳодисаро аз ҳукумаати ноҳия ҳам омада санҷиданд», - гуфт Бегимадов.
Аксҳои бештар дар инҷост:
Офати табиӣ дар шаби 20 ба 21 апрели имсол дар рустои Порвору Мулёб панҷ хонаро комилан ва ҳудуди 30 манзилро қисман хароб кард. То ҳол дар ин ду деҳа нирӯи барқ ҳам нест, чун сел баъзе аз симчӯбҳоро кандааст. Сешанбе Гадоев, як сокини деҳаи Порвор, рӯзи 24 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «сел баъзе аз роҳҳои мошингардро низ хароб кард ва рафтуомадро ба маркази ноҳия мушкил гардонд».
Дар деҳаи Порвор 200 ва дар рустои Мулёб 100 хонавода ба сар мебаранд, ки дар маҷмӯъ беш аз 1,5 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад. Сокинони ин ду деҳа дар ҳолати беморӣ маҷбур ҳастанд, ки даҳҳо километр роҳро тай карда, барои табобати худу наздикон ба маркази ноҳия бираванд.
Ҳамон тавр ки сокинон гуфтанд, ин офати табиӣ шабонгоҳ омада, онҳоро дар ҳолати «шок» қарор додааст. Сафаргул Ҳакимова, сокини рустои Порвор мегӯяд, шаби омадани сел танҳо дар фикри халосии ҷони худу фарзандон буд ва барои гирифтни ҷиҳозу санади хонааш ҳеҷ талош накард.
Исмоил Зокиров – раиси деҳаи Мулёби ноҳияи Шасмиддин Шоҳин – мегӯяд, дар лаҳзаи омадани сел дар дохили мошин нишаста буд. «Ҳамон шаб дар даромадгоҳи деҳа об кам омада истода буд, аммо якбора аз куҳ селу ярч фаромад. Мо зуд аз мошин баромада, ба ҷои амнтар гурехтем ва сел мошинро бурд», - гуфт мусоҳиби мо.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи ахир бориши зиёди борон ва фаромадани ярч дар баъзе аз ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Лахшу Ашт ва Айниву Сангвор хонаву роҳҳоро хароб карда, дар ноҳияи Дарвоз боис ба марги як модару кӯдак шудааст. Мақомот гуфтанд, ки аз қабл сокинонро дар бораи хатари омадани селу фаромадани ярч огоҳ карда буданд ва ҳоло дар фикри ҳарчӣ зудтар расондани кумаканд.
Тоҷикистон дар зимистон ва аввали баҳори имсол шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид буд, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Дар зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд.