Додгоҳи ноҳияи Тверская дар Маскав мӯҳлати боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар моҷарои хунини оромгоҳи Хованское муттаҳам мешаванд, барои 2 моҳ тамдид кард.
Додгоҳ гуфт, ҳамаи панҷ нафар - Ҷомӣ Чақалов, Шоҳимардон Аҳмадов, Раҳмиддин Садриддинов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Диловар Юнусов то замони таҳқиқи парвандаи ҷиноиашон бояд дар боздоштгоҳ бимонанд.
Додситонҳои Русия муҳоҷирони тоҷикро ба авбошӣ, баҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ, зарари барқасдона ба моликияти ҷамъиятӣ ва ё хусусӣ муттаҳам мекунанд. Аммо хешовандонашон мегӯянд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳеч гуноҳ надоранд ва иттиҳомот беасос аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумлаи 22 нафаре буданд, ки баъди муноқиша дар оромгоҳи Хованское боздошт ва ба мӯҳлати 15-рӯзӣ ба ҳабс маҳкум шуданд. Мақомоти интизомии Русия 17 нафари дигарро баъди адои ҳукм рӯзи 29 май озод карданд.
Ҳамкорони муҳоҷирони боздоштшуда аз мақомоти Тоҷикистон кумак хостанд, то ҳуқуқи муҳоҷирон зимни муҳокима дуруст ҳимоят шавад.
Дар муноқишаи хунин миёни як гурӯҳи ҷиноӣ бо муҳоҷирони тоҷик рӯзи 14-уми май дар оромгоҳи Хованское се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда даҳҳо тани дигар захм бардоштанд. Моҷарои мазкур сару садои зиёдро дар Тоҷикистону Русия ба бор овард, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин муноқиша ҳам гунаҳкорони асосӣ беҷазо мондаанд.