Рустам Саъдиев, коргардони узбек наворбардории қисми дуюми филми овозадори “Барон”-ро бо ҷалби ҳунарпешаҳои тоҷик шурӯъ карда аллакай панҷ актери тоҷикро барои иҷрои нақш даъват кардааст.
Наворгирии қисми дуюми филми “Барон” аз аввалин корҳои муштараки филмсозони тоҷику узбек баъди барпо шудани ҳамкорҳои сиёсию фарҳангии миёни ду кишвар хоҳад буд.
Ман ҳамеша дар орзуи истифода аз ҳунармандони тоҷик дар офаридани филмҳоям будам. Раҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон шароитро барои расидан ба ин орзуи ман фароҳам кардаанд ва ман ба унвони коргардон нахустин шуда, аз ин имконият истифода мекунам
Носир Раҳмон, мудири киностудияи “Тоҷикфилм” рӯзи якуми октябр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки ҳафтаи гузашта миёни ин муассиса ва Агентии “Узбеккино” созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст, ки шароитро барои ҳамкориҳои густурда миёни синамогарони ду кишвар фароҳам месозад. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон дар пайи имзои ин санад тасмим шудааст, ки коргардони маъруфи узбек Рустам Саъдиев наворгирии нахустин филми муштараки Тоҷикистону Узбекистонро ба ӯҳда бигирад:
“Рустам Саъдиев то чанд рӯзи пеш дар Душанбе буд ва барои иҷрои нақшҳо дар қисмати дувуми филми “Барон” ҳунармандони тоҷикро интихоб кард. Ин нахустин иқдоми ҳамкории синамогарони тоҷику узбек дар солҳои ахир мебошад. Мутмаинам, ки идомаи чунин ҳамкориҳо ба рушди синамои тоҷик мусоидат мекунад”.
"Дар орзуи ҳамкорӣ бо актерҳои тоҷик будам"
Худи коргардони узбек Рустам Саъдиев аз ҳамкорӣ бо ҳунармандони тоҷик умедвориҳои зиёд дорад. Вай гуфт, ки барояш шурӯи ҳамкорӣ бо синамогарони тоҷик ифтихор аст ва бовар дорад, ки маҳсули ҳамкории онҳо дар ниҳоят қобили қабули тамошобини ҳарду кишвар хоҳад шуд.
Рустам Саъдиев, муаллифи қисмати аввали филми пуртамошобини “Барон” дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд гуфт, ки аз солҳо қабл дар орзуи ҳамкорӣ бо синамогарони тоҷик буд. Зеро, ба эътиқоди вай, чаҳраи бештаре аз ҳунармандони тоҷик синамозеб аст ва ҳирфияти онҳо дар арсаи байналмиллалӣ шӯҳрат ёфтааст. Вай афзуд, ки аллакай барои иҷрои нақшҳо дар идомаи филми “Барон” ҳунармандони тоҷик Қурбони Собир ва Таҳмина Раҷабоваро даъват кардааст. Ҷаноби Саъдиев афзуд:
“Ҳунармандони узбек низ синамозебанд, аммо ҳунармандони тоҷик бо сатҳи баланди ҳирфаӣ доштанашон ҷолибанд. Дар гузашгта ҳунармандони зиёди тоҷик дар филмҳои узбекӣ нақшҳо офарида, қалби тамошобинонро тахсир кардаанд. Ман ҳамеша дар орзуи ҳамкорӣ бо ҳунармандони тоҷик будам. Раҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон шароитро барои расидан ба ин орзуи ман фароҳам кардаанд ва ман ба унвони коргардон нахустин шуда, аз ин имконият истифода мекунам”.
Рустам Саъдиев афзуд, ки маблағи харҷи таҳияи ин филми муштаракро асосан ҷониби Узбекистон пардохт мекунад, аммо бояд имзои созишномаи ниҳоӣ дар мавриди таҳияи ин филмро интизор шуд. Вай афзуд, ки қарор аст дар ин филм саҳнаҳои амалиёти муштараки маъмурони амниятии Тоҷикистону Узбекистон дар роҳи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва ифротӣ шудани аҳолии ду кишвар истифода шавад.
Дар ҳошияи "Дидор"
Зимнан, қисмати аввали филми “Барон” аз зиндагӣ ва фаъолияти қочоқчиёни маводди мухаддир ҳикоят мекунад ва истифода аз маблағҳои қочоқбарон дар амалиётҳои террористӣ ва тундгароӣ нақл мекунад. Вай афзуд, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон бо Афғонистони ҷангзада марзи муштарак доранд, вале аҳолии ин ду кишвар ҳеҷ замоне ба истифода аз маводди мухаддир ва амалҳои террористиву ифротгароӣ майл надоштанд. “Ҳадафи таҳияи ин филм аз он иборат аст, ки ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки на тоҷику на узбек ҳаргиз ба чунин чизҳо шавқе надоранд”, афзуд Рустам Сагдиев ва гуфт, ки наворгирии ин филм дар зудтарин фурсат дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад.
Хабари таҳияи нахустин филми муштарак дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистону Узбекистон дар ҳошияи нишасти матбуотии марбут ба оғози ҷшнвораи синамои “Дидор” дар Душанбе матраҳ шуд. Ба гуфтаи Носир Раҳмон қарор аст дар ин ҷашнвора ҳудуди 70 филми синамогарони тоҷику узбек, Қазоқистону Қирғизистон ва Эрон Амрикову Швейтсария ба намоиш гузошта шаванд. Ба гуфтаи дастандаркорон дар соли ҷорӣ ҳеҷ як филми ҳунарии Тоҷикистон ба барномаи филмҳои баланд ин ҷашнвора ворид нашудааст.
Куллияи филмҳои сохти синамогарони тоҷик дар бахши филмҳои миллӣ намоиш дода мешаванд. Ба гуфтаи дастандаркорон ҳоло сатҳи филмҳои ҳунарии синамогарони тоҷик бо филмҳои сохти кишварҳои дигар рақобатпазир нестанд ва ба ин далел тасмим шудааст, ки ширкати онҳо дар бахши филмҳои миллӣ барои синамогарон бештар судовар хоҳад буд.
Азсаргирии ҳамкориҳои эҷодии синамогарони тоҷику узбек дар ҳолест, ки солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таҳияи филмҳои муштараки «Тоҷиккино»-ву «Узбекфилм» зиёд будааст. Коргардонҳои тоҷик Борис Кимёгарову Тоҳир Собиров дар таҳияи достонҳои маъруфи худ аз «Шоҳнома»-ву «Ҳазору як шаб» дар баробари ҳунармандони тоҷику рус, ҳунарпешаҳои узбекистониро ҳам зиёд даъват кардаанд.
Барқарор шудани ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвар баъди оддӣ шудани равобиту ду кишвар баъди сари президент Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон имконпазир шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд мегузарад