Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд мегузарад


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар "Шоми дӯстӣ"-и Тоҷикистону Узбекистон. Шаҳри Душанбе, моҳи марти соли 2018
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар "Шоми дӯстӣ"-и Тоҷикистону Узбекистон. Шаҳри Душанбе, моҳи марти соли 2018

“Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикстону Узбекистон бегоҳи 17-уми август дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, иштирок мекунанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 14-уми август хабар дод. ки ҳайати ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар “Шоми дӯстӣ” аллакай ба Узбекистон рафтаанд. “Барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” шоми 17-уми августи имсол дар Кохи форумҳои “Ӯзбекистон” сурат мегирад”, - гуфтанд дар Вазорати фарҳанг.

Ба ҳайати ҳунармандони тоҷик 170 нафар шомиланд, ки тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбек ба шаҳри Тошканд рафтаанд. Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Саидқул Билолов, Таҳмина Ниёзова ва Муҳаммадрафӣ Кароматулло, овозхонҳои шинохтаи кишвар, ба ин ҳайат шомиланд.

Расонаҳои Узбекистон ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми август бо сафари давлатӣ ба Тошканд меравад. Расонаҳои Узбекистон навиштанд, дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон беш аз бист санаду созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатии ду кишвар имзо хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст.

XS
SM
MD
LG