Волидони Фирӯз Холмуродзода иддао доранд, ки писарашон шиканҷа шудааст

Фирӯз Холмуродзода

Волидони Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, иддао доранд, ки писари онҳо дар рӯзҳои аввали боздошт ба хотири эътирофи гуноҳ гӯё шиканҷа шудааст. Суҳбати мо бо падару модари Холмуродзода рӯзи 9-уми июн дар манзили онҳо ба шарте сурат гирифт, ки номашонро ошкор накунем ва аз онҳо акс нагирем.

Фирӯз Холмуродзода пас аз дучори сактаи қалб шудан ба худ наомадааст ва ӯро рӯзи 7-уми июн аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба қисми тиббии боздоштгоҳ фиристодаанд.

Парванда дар роҳ ба сӯи додгоҳ?

Волидони Фирӯз Холмуродзода гуфтанд, писарашон дар робита ба баёноти як зани тиллофурӯш, ки аз ӯ Баҳриннисо ном мебаранд, мавриди зӯроварӣ қарор гирифтааст. Ин зан шоҳидӣ додааст, ки Фирӯз Холмуродзода дар ивази раҳоии ӯ аз боздошт тилло талаб карда буд. Мақомот ин иттилоъро то ҳол расман тасдиқ ё такзиб накарданд.

Волидони Фирӯз Холмуродзода аз кормандони собиқи Вазорати умури дохилӣ буда, дар муддати ду моҳи боздошт бо писарашон дидор надоштаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло аз ҳаққи Фирӯз Холмуродзода ду вакили дифоъ ҳимоят мекунанд ва интизор меравад, ки ба зудӣ парвандаи писарашон барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шавад. Дар ҳоли ҳозир тафтишот ба пурсиши шоҳидон машғул будааст.

Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Онҳо гуфтанд, шояд ба хотири ҳамин аст, ки то имрӯз иҷозаи мулоқот бо фарзандашонро дарёфт накардаанд ва ҳама хабарро аз тариқи вакилони мудофеъ дарёфт мекунанд.

Холмурдзода ба қисми тиббӣ интиқол ёфт

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба тафтишот гуфт, ки вазъи саломати Фирӯз Холмуродзода вазнин шуда, барои табобат аз СИЗО ба беморхона ё қисми тиббии боздоштгоҳ интиқол ёфтааст. Ӯ рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирӯз Холмуродзода пас аз дучори сактаи қалб шудан ба худ наомадааст ва ӯро рӯзи 7-уми июн аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба қисми тиббии боздоштгоҳ, ки шароити беморхонаро дорад, фиристодаанд.

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон ба хотири халал нарасидан ба ҷараёни тафтишот ба таври комил ин боздоштҳоро шарҳ надодаанд.

Манбаъ гуфт, Фирӯз Холмуродзода аз ҳолати ба "ҳамлаи ваҳм" гирифтор аст ва ин ҳолат беҳтар шудан дарди қалби имконнопазир мекунад. "Ҳоло дар қисми тиббӣ табобат мешавад ва шароити инҷо аз СИЗО фарқ мекунад. То замони ором шудан дар ҳамин ҷо хоҳад монд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Фируз Холмуродзода аввали моҳи май ду бор дучори сактаи қалбӣ шудааст. Волидони ӯ гуфтанд, ҳар ҳафта барои фарзандашон ғизо мебаранд ва аз дохил коғаз мегиранд, ки ғизоро гирифтааст, вале дар бораи саломатии Фирӯз мақомоти боздоштгоҳ ҳеҷ хабаре намедиҳанд.

Боздоштҳои бидуни шарҳ

Фирӯз Холмуродзода тақрибан ду моҳ пеш бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сӯистифода аз мақом" дастгир шуд. Дар бораи боздошти ӯ ва боздоштҳои дигари пурсарусадои кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия охири моҳи апрели имсол хабарҳо пахш шуд. Аммо то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон ба хотири халал нарасидан ба ҷараёни тафтишот ба таври комил ин боздоштҳоро шарҳ надодааст. Расман маълум нест, ки чӣ қадар аз корманди Оҷонсии зидди фасод боздошт шуда, онҳо ба чӣ муттаҳам мешаванд.

Ягона хабаре, ки намояндагони оҷонсӣ ва он ҳам ғайрирасмӣ гуфтаанд, ин аст, ки Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони оҷонсӣ ба қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Дар бораи боздошти Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси оҷонсӣ, дар ҳама ҷо сукут аст, ҳарчанд бародараш Қутбиддин Хайров ба боздоштгоҳ бурдани ӯро таъйид кардааст.