Хабаргузории Ройтерс нахустин аксҳои дастрасшуда аз Хоруғро нашр кард.
Дар се аксе, ки рӯзҳои 26 ва 27 июл дастраси ин хабаргузорӣ шудааст, саҳнаи сӯхтори як муассисаи давлатӣ, ҷасади ду сарбози нирӯҳои ҳукуматӣ ва саҳнаи хоксупории қурбониҳои рӯйдодҳои 24 июл ба чашм мехӯранд.
Тибқи иттилои манобеи мӯътамад, дар акси аввал саҳнаи сӯхтори як хобгоҳи муаллимон ба чашм мехӯрад, ки ба эҳтимоли ғолиб иштибоҳан дар интернет ба унвони “хона-интернат” зикр шудааст. Манбаи мӯътамади Озодӣ гуфт, ки сохтмони
сӯхтаистода дар акс дар асл бинои як хобгоҳи муаллимон будааст.
Хабаргузории Ройтерс менависад, ки ин аксҳоро “аз дасти сеюм” ба даст оварда, ба ҳамон тарзе, ки дастрас шудааст, онро дар миёни муштариёнаш паҳн кардааст.
Баъди оғози амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ субҳи рӯзи 24 июл, тамоми иртиботи телефониву интернетӣ бо Хоруғ қатъ шуд. То ҳанӯз матбуоти маҳаллӣ натавонистааст аксу навори қобили эътимодро аз ҷои ҳодиса, ҷараёни амалиёт ва ё ҳолати шаҳри Хоруғ ба даст оваранд.
Дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеаш бо намояндагони матбуот раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Зуҳуров гуфт, ки робита бо Хоруғ бо сабаби бар асари "як тир хароб шудани сими алоқа" сар задааст ва "мутахассисон се рӯз аст барои барқарор кардани алоқа талош мекунанд".
Ба бовари коршиносон, қатъи мухобироти телефониву интернетӣ бо Хоруғ ва навоҳии атроф як амали ҳисобшудаи ҳукумат дар ҳангоми ба роҳ мондани амалиёти низомӣ дар маркази Бадахшони Кӯҳӣ будааст.