Гӯшвори нуқрагине, ки дастсохти як маъюб буд, дар як музоядаи вижа дар Кӯлоб бо қимати 300 сомонӣ ба фурӯш рафт.
Нархи ибтидоии ин гӯшвор 150 сомонӣ буд, вале дар ниҳоят онро Қурбонгул Қосимова, як сокини Кӯлоб ба 300 сомонӣ харид. Ин хонум гуфт, ҳадафаш арзишу сифати гӯшвор набуд, балки бо ин роҳ хост, то дили як маъюб ба зиндагӣ гарм шавад ва бештару самараноктар фаъолият кунад. Бад-ин тартиб дар Рӯзи ҷаҳонии маъюбон бо пешниҳоди шаҳрдори Кӯлоб маҳсули дасти маъюбон ба ауксион гузошта шуд. Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб аз ҳозирин хоҳиш кард, то дастранҷи маъюбонро харидорӣ кунанд ва ин бо ин роҳ ба онҳо кӯмаки беминнат расонанд.
Сарахон Абдуқаҳоров, мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин тасмим ба хотири болида гардонидани хотири маъюбон ва роҳе барои расонидани кумаки молӣ ба онҳо буд. Ӯ мегӯяд, вақте барои як дастранҷи маъюб чанд харидор гирд омада, нархгузорӣ мекунанд, он вақт ӯ худашро хушбахттарин инсон рӯи замин ҳисоб мекунад.
Ӯ гуфт: «Ин як иқдоми хуб буд. Маъюбон ҳар чӣ доштанд, пешниҳод карданд. Гӯшвору гулдӯзӣ, расмҳое, ки онҳо кашидаанд, пешниҳоди харидорон шуд. Ҳар вақте ки як чизашон харида мешуд, шодии онҳоро ҳадду канор набуд. Ҳатто ба хотири ҳавасманд гардонидани маъюбон, маҳсулоти онҳо бо нархи баланд ба савдо рафт.»
Саидкарим Шокиров, як сокини Кӯлоб мегӯяд, барои ӯ гулдӯзии як маъюб хеле писанд афтод ва онро бо нархи 50 сомонӣ харидорӣ кард. Дар ҳоле ки нархи ибтидоии ин гулдӯзӣ 30 сомонӣ будааст.
«Ин маҳсули дасти як маъюб аст, ки рамзи гулҳоро тасвир кардааст. Мо инро дар охир бо панҷоҳ сомонӣ харидем. Аслан, ин маҳсул бароям хеле писанд шуд. Кори хуб аст, ки ба ин тариқ маҳсулоти маъюбон харидорӣ мешавад ва ин кор онҳоро ба кор ташвиқ мекунад.»
Даврони Айниддин, як маъюби гурӯҳи дуюм, ки ба шеърнависӣ шуғли зиёд дорад, дар ин ауксион як китоби шеърашро гузошта буд, ки он бо нархи 80 сомонӣ харидорӣ гардид. Дар миёни маҳсулоти маъюбон расмҳои табиати зебо, гулдӯзиҳо, куртаҳои кӯдакона ва кокулбофиро низ мушоҳида кардан мумкин буд.
Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 2 ҳазор маъюб ё афроди имконияташон маҳдуд сабти ном шудааст. Барои аввалин бор маҳсули дасти афроди имконияташон маҳдуд ба ауксион гузошта шуд. Дар ин ауксион беш аз 40 номгӯи маҳсулот, мисли гулдӯзиҳо, гӯшворҳо ва зардӯзиҳо пешниҳод шуд, ки аксараш ба фурӯш рафт.