Раҳоии 800 маҳбуси нахустин аз зиндонҳои Тоҷикистон (ВИДЕО)

Субҳи 3 ноябр бар асоси қонуни авф тақрибан 800 маҳбуси нахустин аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд. Интизор меравад, дар ин афв то 10 000 зиндонӣ ва афроди таҳти таъқибу тафтиш ба озодӣ бирасанд.

Дафтари матбуоти раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз бар асоси қонуни афв, аз зиндони занонаи Норак 175 нафар озод шуданд. Субҳи 3 ноябри гурӯҳи кормандони раёсат ҳамроҳ бо васоити ахбори давлатӣ ба маҳбаси Норак омаданд ва 175 нафарро раҳо карданд.

Ба гуфтаи мақомоти идораи зиндонҳо, аз зиндони занонаи воқеъ дар шаҳри Норак 287 зани маҳбусро озод хоҳанд кард. Аммо 27 зани маҳбуси боқимонда мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт, чунки онҳо алакай ду дафъа афв шуда, дигарбора даст ба ҷиноят задаанд. Аксари занони маҳбус дар зиндони Норак бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва қаллобӣ нишастаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, имрӯз ҳамчунин ҳудуди 500 нафар маҳбус аз зиндони Ёвон ва 60 нафар ноболиғ аз маҳбаси рақами аввал воқеъ дар шаҳри Душанбе озод шуданд. Ҳамин тавр, дар нимаи дувуми рӯзи 3 ноябр Кумиссияи раёсати ислоҳии вазорати адлия аз боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами аввали шаҳри Душанбе 57 айбдоршавандаро бар асоси қонуни афв раҳо карданд.

Генерал Ҷумъахон Футуров, муовини сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар нахустин иқдом барои иҷрои “Қонуни афв” имрӯз беш аз 800 нафар аз маҳбус аз зиндонҳо раҳо шуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Футуров, аз ин миён 175 зани маҳбус аз зиндони рақами 8 воқеъ дар шаҳри Норак ва 58 ноболиғ аз маҳбаси шумораи 12 ва бақия афроди синниу соли мухталиф озод шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озодшавии маҳбусони тоҷик аз зиндонҳо

Ба таъкиди вай, иҷрои “Қонуни афв” муддати шаш моҳи оянда идома хоҳад дошт ва ҳар маҳбусе, ки аз зиндон озод мешавад, ҳатман аз сӯи идораи зиндонҳо то манзили зисташон бо нақлиёт таъмин мешавад. Генерал Футуров афзуд, ки пас аз раҳо шудан, ин маҳбусон аз сӯи мақомоти маҳаллии ҷои зист таҳти ҳимоят қарор мегиранд ва мақомот онҳоро бо ҷои кор таъмин хоҳанд кард.

Ба ин тартиб, аз зиндони рақами 1 ҳудуди 40 маҳбус озод шуд, ки ба гуфтаи генерал Футуров, парвандаи афви ҳар як маҳбус дар алоҳидагӣ ва аз сӯи комиссияи махус, ки иборат аз мақомоти ҳукумати кишвар, додситонӣ ва дигар ниҳодҳои марбута, расидагӣ шудааст.

Хабарнигори радиои Озодӣ, ки дар маросими раҳо шудани ҳудуди 40 тан аз маҳбусон дар зиндони рақами 1 ширкат дошт, мегӯяд, ки ба истиқболи ин маҳбусон зану фарзандон ва хешу таборони онҳо омада буданд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳам дар чеҳраи маҳбусони раҳошуда ва ҳам зану фарзанд ва пайвандонашон шодиву нишот ҳувайдо буд.

Ин лаҳзаҳо Изаттулло Шарифов, муовини вазири адлия ва ҳамзамон раҳбари идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон низ хитоб ба пайвандони маҳбусон гуфтааст, ки “марҳамат, наздиконатонро гиред ва соҳибӣ кунед, то дигарбора ба зиндон наафтанд!”.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба муносибати 20-солагии тасвиби Қонуни асосии кишвар қонуни афвро қабл кард, ки аз маҳбасҳо ва ҳамчунин аз таҳти тафтишу таъқиби ҷиноӣ раҳо кардани то 10 000 нафарро дар назар дорад. Ҳангоми муаррифии тарҳи ин афв дар порлумон гуфта шуд, ки ин 16-умин афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон буда, бар асоси 15 афви қаблӣ 100 000 нафар ба озодӣ расидаанд.

Ба ҳисоби сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои ин кишвар тақрибан 13 000 нафар адои ҳукм мекунанд. Мақомоти идораи зиндонҳои вазорати адлия мегӯянд, бар асоси қонуни афв 3500 нафар аз зиндонҳо ва 4500 нафари дигар аз колонияҳои маскунӣ озод шуда, ҳукми то 2 000 нафари дигар кам карда хоҳад шуд.

Айни видеоии раҳоии маҳбусон дар Ютюб: