Хадамоти оташнишонии Душанбе мегӯяд, нафари муҷрим дар сӯхтори бозори «Ҷал-ҷам»-и пойтахро боздошт кардаанд.
Раҳмон Исмоилов, сарвари Хадамоти оташфишонии пойтахт ба «Озодӣ», бидуни овардани номи ин нафар гуфт, ӯ кафшергарест, ки дар бозор бо сохтмон машғул буд ва эҳтимоли боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ вуҷуд дорад. Аммо оқои Исмоилов гуфт, барқасдона ё аз тасодуф рух додани ин сӯхторро тафтишот муайян менамояд.
Сӯхтор дар бозори «Ҷал- ҷам» субҳи имрӯз, 21-уми ноябр рух дод. Тибқи маълумоти охирин, теъдоди ниҳоии дӯконҳое, ки ба коми оташ рафтаанд, ба 10 адад расидааст. Ин ҳама дӯконҳое будаанд, ки дар онҳо маводи сохтмонӣ, аз қабили тахта, дару тиреза ва ғайра савдо мешуданд.
Раҳмон Исмоилов мегӯяд, ҳаҷми хисорот аз сӯи коршиносон ҳисобу китоб мешавад. Дар ҳамин ҳол тоҷирони ин бозор мегӯянд, ки дар ин дӯконҳо даҳҳо ҳазор доллар маводи сохтмонӣ ба фурӯш мерафт.
Аз ин қабл Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳаҷми сӯхтор бузург набуда, танҳо ба ду – се дӯкони бозор хисорот ворид шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, сабаби сӯхтор беэҳтиётии кафшергароне будааст, ки дар бозор кор мекардаанд. Сӯхтор дар бозори маводи сохтмонии «Ҷал-ҷам» тақрибан соати 10-и субҳ ба амал омада, соати 10:30 дақиқа чаҳор мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва чаҳор мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар карда шудаанд.
Ин аввалин сӯхтор тайи солҳои ахир дар бозорҳои Душанбе нест. Рӯзи 5-уми сентябри соли равон бар асари сӯхтор дар қисмати яклухтфурушии бозори «Корвон» 8 ҳазор метри мураббаъ ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо ба коми оташ рафт. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд.
Дар гузашта дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Варзоб» ва ғайра низ сӯхтор ба амал омада буд. Далоили сӯхторро дар бозорҳо ҳамчунин ба рақобати миёни тоҷирон рабт медиҳанд, аммо то ба ҳол касе аз тоҷирон таъйид накардааст, ки хисороти онҳо ҷуброн шуда бошад.
Дар бораи хисороти моливу ҷонии бозори «Ҷал – ҷам» ҳанӯз иттилое ироа нашудааст.