Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Мурғоб ҷони як ҷавони 21-соларо гирифт


Дар ноҳияи Мурғоб як ҷавони 21-сола дар оташсӯзӣ ҳалок шуда, 6 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Анвар Шолангаров, муовини сардори хадамоти давлатии оташнишонии Бадахшон, мегӯяд, муносибати беэҳтиётона бо сӯзишворӣ боиси сӯхтор гардидааст.

Ба қавли ӯ, "тақрибан соати 10-и рӯз дар ҳавлии сокини ҷамоати Мурғоби ноҳияи Мурғоб -- Эргаш Мустапаалиев сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа сокини ҷамоат, Чингиз Қозибеков фавтид ва шаш нафар аҳли оилаи Мустапалиев Эргаш ҷароҳатҳои гуногун бардошта, чор нафарашон дар бемористони Хоруғ ва ду нафарашон, ки ҷароҳати сабуктар доранд, дар бемористони ноҳиявӣ табобат мегиранд."

Бар асоси тафтишоти пешакӣ соҳибхона Мустпалиев бо автомашинаи "КАМАЗ" ангиштсанг оварда, барои холӣ намудани он аз ҳамсояаш, Чингиз Қозибекови ҷавон кӯмак хостааст. Дар бордони автомашина ҳамчунин тақрибан 300 литр бензин ҷой доштааст, ки соҳибхона онро барои фурӯш овардааст. Ҳангоми фаровардан, бочкаи ҳомили бензин ба замин афтода сӯзишорӣ дар замин мерезад. Аз шарораҳои лампаи оташфишон, ки соҳибхона бо он автомашинаро гарм мекард, то аз сардии Мурғоб оби даруни он ях накунад, бензин дар як дам оташ мегирад ва манзили истиқоматиро ба коми худ мекашад.

Чингиз Қозибеков, ки ба оташ аз ҳама наздиктар будааст, ҷароҳати бештар бардошта, ҳалок шудааст. Аммо бо кӯмаки ҳамсояҳо дигаронро, ки аз оташ ҷароҳатҳои гуногун гирифта буданд, аз дами оташ берун овардаанд.

Худи Эргаш Мустпаалиев ҳам, ки хадамоти сӯхторнишонӣ муҷрими ҳодиса мешуморад, аз оташ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористони вилоятӣ қарор дорад.

Бино бар иттилои Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ин дувумин ҳодисаи фавти шаҳрвандон аз оташсӯзӣ дар минтақа тайи соли равон мебошад. Дар ҳодисаи қаблӣ посбони донишгоҳи Хоруғ бар асари беэҳтиётӣ бо оташдони барқӣ сӯхта ҳалок шуд.

Аз оғози сол то кунун дар Бадахшон 18 ҳодисаи сӯхтор ба вӯқуъ пайвастааст. Дар натиҷа ду нафар ҳалок шуда, болиғ бар 700 ҳазор сомонӣ ба амволи шахсӣ ва давлатӣ хисорот расидааст. Хадамоти сӯхторнишонӣ мегӯяд, бо фаро расидани сардиҳо эҳтимолияти сар задани сӯхтор бештар шудааст ва аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ва сӯзишворӣ аз эҳтиёт кор гиранд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG