Валиҷон Мирзомиддинов мехоҳад, сабабгорони ҳалокати писари сарбозаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Валиҷон Мирзомиддинов, падари сарбози марҳум Мирзомиддин Мирзомиддинови 26-сола аз Додситонии низомии Тоҷикистон тақозо дорад, ки иллати аслии марги фарзандаш дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанберо рӯшан кунад. Ӯ ба хулосаи додситонӣ, ки гуфтааст, шояд фарзандаш худро ба дор овехтааст, бовар надорад.
Баҳори соли равон сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Мирзомиддин Мирзомиддинов бо хоҳиши падараш ба хидмати ҳарбӣ рафт. Мақомоти низомӣ мегӯянд, баъд аз панҷ моҳи хидмат дар нерӯҳои ҳавоии Вазорати дифоъ вай даст ба худкушӣ задааст. Он ҳам ду рӯз қабл аз таваллуд шудани фарзанди дувумаш, ки ба муносибати ин метавонист, хидмати ҳарбиро ҳамин ҷо ба поён расонад ва ба хона баргардад.
Падари сарбози марҳум мегӯяд, ним соат пеш аз ин ҳодиса бо хоҳиши писараш бо ӯ вохӯрдаву барояш ғизо ва либоси гарм оварда буд. Ба гуфтаи падар, аз ҳолати равониву сӯҳбатҳои Мирзомиддин маълум буд, ки ӯ ба зиндагӣ дилгарм аст ва мехоҳад ҳарчи зудтар ба назди ҳамсару фарзандаш баргардад. Валиҷон мегӯяд, писараш ду моҳи охири хидмат ҳамеша аз онҳо хоҳиш мекардааст, ки ӯро зудтар аз артиш озод кунанд ва ду бор ҳам кӯшидааст, аз қисми ҳарбӣ гурезад.
Валиҷон Мирзомиддинов гуфт, писараш аз онҳо тавалло мекард, ки зудтар ӯро аз хизмат озод кунанд: "Мегуфт, як бало карда маро бароред аз ин ҷо. Таъкид
мекардам, ки сабр кун. Як маротиба аз қисми ҳарбӣ берун баромада, гурехтанӣ будааст, ба ман занг зад, гуфтам қафо гард. Чандин бор хостам аз командиру масъулон пурсам, ки чаро писари ман аз хидмат гурехтан мехоҳад, чӣ мушкил дорад, онҳо бояд сабабро пайдо кунанд, вале ба ин муваффақ нашудам. Рӯзи охир ҳам хостам, дар ҳамин маврид бо як қумандонаш сӯҳбат кунам, аммо гуфт, кор дорад. Бачаи ман дар зиндагӣ ягон камбудӣ надошт, соҳиби хонаву дар, зану фарзанд, мошин, ҳама чӣ буд. Бачаи қобил буд. Ҳоло ҳама гуноҳ дар сари худи ӯ аст, ҳама командиру масъулон дар ҷои худ кор мекунанд."
Валиҷон Мирзомиддинов мегӯяд, чун раиси маҳалла мехост, барои дигарон намуна шавад, то фарзандони худро ба артиш фиристанд. Аз ин сабаб маҷбуран писари худро ба хидмат сафарбар кардааст. "Ҳоло, баъди марги писарам бисёриҳо аз ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳои мо аз артиш ҳаросон шудаанд",-гуфт ӯ.
Вале санҷиши додситони низомии шаҳри Душанбе ба қароре расидааст, ки дар қазияи марги сарбоз нишонаҳои хушунат ё бадрафторӣ ба чашм намехӯрад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар ин замина яке аз масъулони Додситонии низомии пойтахт хеле мухтасар чунин посух дод: "Мо аз рӯйи ин ҳодиса санҷиш бурдем, қарори ниҳоӣ қабул кардем. Оғози парвандаи ҷиноиро рад кардем. Ин мактуб ва қарорро ба дасти падари марҳум додем."
Вале Валиҷон Мирзомиддинов бо хулосаҳои тафтишот розӣ нест ва мегӯяд, дархости имзо кардани ин санадро аз ҷониби мақомоти додистонӣ рад кардааст. Ӯ мегӯяд, барои марги писараш бояд фармондеҳоне посух диҳанд, ки зери дасти онҳо хидмат кардаст. Ҳоло ин падари фарзандгумкарда мехоҳад “барои рӯи об овардани ҳақиқат” то охир мубориза барад. Ӯ мутмаин аст, ки барои марги писараш бояд гунаҳкорон ҷазо бинанд, то дигар чунин як фоҷиа ба сари падару модари ҷавони дигаре наояд.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вуҷуди бадрафториву зӯргӯӣ дар хидмати артишро таъйид мекунанд. Созмони “Ампаро”, ки махсус барои таҳқиқи вазъи сарбозон дар артиш амал мекард, ҳалокати ҳадди ақал як сарбоз дар натиҷаи бадрафторӣ дар артишро собит кардааст. Вале масъулони додситонии низомӣ шумораи сарбозони фавтида ва ё онҳоеро, ки худкушӣ кардаанд, намегӯянд. Аммо Ҳомидҷон Ибодов, як намояндаи ин додситонӣ гуфт, асосан муносибатҳои оилавӣ ва ноомодагии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сабаби хукдушии сарбозон мешавад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!