Барои нахустин бор дар Тоҷикистон намоиши хайрияи мӯди либос баргузор шуд ва дар он худи маълулон ҳамчун "модел" рӯи саҳна баромаданд.
Барои тамошогарон саҳнаи намоиши либос аз ҷониби одамони маъюб эҳсосоте лабрези ашку шодӣ дошт. Бархе бо тамошои ин саҳнаҳо ҳам кафкӯбӣ доштанд ва ҳам ашки чашмашонро тоза мекарданд.
Аммо худи кӯдакони маъюб, ки бори аввал дар чунин намоише ширкат мекарданд, хеле хурсанд буданд. Волидонашон мегуфтанд, ки онҳо аз шодӣ шаби дароз хоб надоштанд ва ба ин намоиш хеле омодагӣ мегирифтанд.
Қабл аз оғози намоиш дар қафои саҳна кӯдакон хеле сертараддуд ба назар мерасиданд. Яке аз духтаракони маъюб, ки либоси зарҳалӣ ба бар дошту дар аробачаи маъюбӣ менишаст, бо ҳавас ба пероҳанаш менигарист ва мехост дигарон ҳам зебоии либосашро бубинад. Хостам бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам, аммо модараш гуфт, вай лол аст ва ҳарф зада наметавонад. Аслан, бештари кӯдаконе, ки дар ин намоиш ширкат мекарданд, наметавонистанд дурусту бурро ҳарф зананд, аммо шодиашонро бо ҳаракату хандаҳо нишон медоданд.
Мавзунаи Хидирзода, яке аз ширкатдорони намоиши мӯди либос 24 сол дорад ва бо асобағал роҳ мегардад. Мавзуна мегӯяд, хеле шод аст, ки ӯро барои ширкат дар ин намоиш даъват карданд. Ба гуфтаи Мавзуна вай аз сесолагиаш бар асари нодуруст гузарондани сӯзандору аз пойи равон маҳрум шудааст ва мустақилона роҳ гашта наметавонад. Мавзуна гуфт, «вақте ҳароратам баланд шуд, ба ман сӯзандору гузаронданд ва ба ин иллат гирифтор шудам. Ҳоло бо ду асобағал роҳ мегардам, аммо шукр мекунам, ки чашми биною ақли солим дорам ва метавонам худро дар байни ҷомеа муаррифӣ кунам».
Ба Мавзуна, ки бо асобабағал рӯи саҳна баромада буд, ҷавони зебое сари роҳаш дузону нишаста, гул тақдим кард ва сипас аз зери дасти духтар гирифта, ӯро дар саҳна ҳамроҳӣ кард. Ин саҳнаи ҳаяҷонбахш бозгӯи он буд, ки ин инсонҳо ҳам сазовори ишқу дустдорӣ ҳастанд ва чун худашон ниёз ба меҳру муҳаббат доранд, омодаанд ба дигарон ҳам ишқи беҳаду самимӣ нисор намоянд.
Бо чунин мазмун ҳунармандони театри русии ба номи Владимир Маяковский саҳнае намоиш доданд, ки дар он ҷавон пойҳои маҳбубаи маъюбашро мешуст ва тадриҷан кӯмак кард, ки аз ҷояш баланд шавад ва ҳамроҳи ӯ рақси валс кунад.
Аз ҳама варзишгари маъюб Адолат Хӯҷамқулова, чемпиони чоркаратаи Осиё дар бахши дастхобонӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон қарор гирифта буд. Адолат бо либоси арӯсии худ рӯи саҳна баромад. Ӯ ҳам механдиду ҳам аз ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд. Адолат ду моҳ пеш бо Раҳматуллои Раҳим, хабарнигори радиои "Садои Душанбе" издивоҷ кардааст. Раҳматулло ҳам маъюб аст ва бо асо роҳ мегардад. Аммо дар намоиши мӯди либос вай ба ҷойи асо аз пояи аробачаи маъюбии ҳамсараш гирифта мебурд.
Воқеан, ҳамаи онҳое, ки дар намоиш ширкат доштанд, ҳам кӯдакон ва ҳам ҷавонон кӯшиш мекарданд, ҳатто агар дард ҳам мекашанд, таҳаммул кунанд, хеле беҳтар аз ҳама рӯзи дигар роҳ раванд ва ҳастии худро дар сатҳи баланд ба намоиш гузоранд.
Фазлиддин Насриддинов, сарвари созмони ҷамъиятии «Ирода» ва яке аз баргузоркунандагони намоиш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт нияташон шод кардани ин кӯдакон буд ва худашон ҳам шоданд, ки ба ин ҳадаф расиданд: «кӯдакони маъюб ҳам орзӯи пӯшидани либоси зебо, баромадан ба рӯи саҳна ва орзӯи нишон додани худро доранд. Мо хостем бархе аз ин кӯдакон орзӯи худро дар ин рӯз амалӣ намоянд».
Маълулон либосҳои офаридаи тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторовро ба намоиш гузоштанд, ки махсус барои онҳо таҳия шуда буд ва баъди анҷоми намоиш ба онҳо тақдим гардид. Кӯдаконеро, ки мустақилона роҳ гашта наметавонистанд, наздиконашон ҳамроҳӣ мекарданд.
Хуршед Сатторов мегӯяд, ҳангоми офаридани пероҳан барои маълулон эҳсосоти аҷибе дошт ва дилаш моломоли раҳму шафқат шуд. Вай гуфт, қаблан барои ин қишри ҷомеа либос таҳия накарда буд ва хеле талош кард, то ин либосҳо ба онҳо писанд оянд. Ҷаноби Сатторов мегӯяд, кор бо маъюбон ба ӯ писанд омадааст, зеро бисёр чизҳоро дарк кардаву барои худ бардоштҳои хубе гирифтааст ва меафзояд, «мо хостем ба мардум фаҳмонем, ки ин инсонҳо ҳам метавонанд ба мисли дигарҳо зебо бошанд, ба мисли дигарон рӯи саҳнаи мӯд бароянд».
Дар ин намоиш либосҳои дигари офаридаи Хуршед Сатторов аз силсилаи «Келинчак» ва «Шаҳризод» низ ба намоиш гузошта шуд, ки дар қиёс ба онҳо либоси маълулон одитару хоксоронатар ба назар мерасид. Хуршед Сатторов инро ба камбуди молӣ рабт дод ва гуфт, ин таҷрибаи нахустин буд ва дар намоишҳои дигар сифати либосҳо беҳтар хоҳанд шуд.
Дар намоиши хайрияи мӯди либос 17 нафари имконияташон маҳдуд ширкат варзиданд, ки барои омода кардани либос барои онҳо се ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ҳамчунин намоишгоҳи маҳсули дасти маъюбон низ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Намоиши мӯди либос, ки бо ташаббуси созмонҳои ҷамъиятии «Имкониятҳои баробар», «Ирода» ва «Алегрия» дар чаҳорчӯби барномаи давлатии таҳкими шарикӣ бо дастгирии молии созмони MIUSA ва Департаменти давлатии ИМА баргузор шуд, тамошогарони зиёдеро дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency» гирд овард.
Бино бар омори расмӣ, теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон ба 164 ҳазор нафар мерасад, ки 30 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.