Фарзонаи Хуҷандӣ, шоираи маъруфи тоҷик қасд дорад, ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар тамоми манотиқи Тоҷикистон базми шеър баргузор кунад.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоираи шинохтаи тоҷик, ки рӯзи 19 июн дар чунин як базми шеъри Фарзона дар Душанбе ба хотири 80-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагон сӯҳбат мекард, гуфт, қасд дорад, ба муносибати рӯзи«Ваҳдати миллӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон базми шеър баргузор кунад. Фарзона мегӯяд, шеър василаест, ки мардумро муттаҳидтар ва дӯстиву рафоқатро бештар мекунад ва рисолати шоир ҳам, ба назари ӯ, даъвати мардум ба ваҳдати миллист, ки тариқи эҷоди шеър инро бояд анҷом диҳанд.
Ин ҳарфҳоро Фарзона дар ҳоле мегӯяд, ки ба ақидаи бисёриҳо, нақши шоирон дар ҷомеа ва таваҷҷӯҳ ба шеъру китоб дар кишвар солҳои охир коҳиш ёфтааст. Аммо хонум Фарзона гуфт, ин ҳарфҳо, ки сухани шоир таъсир надорад ва шоирро намешиносанд, ҳарфҳои бепоя ҳаст.
Ӯ дар тақвияти гуфтаҳояш аз як ҳодисае ёд кард: «Ман асли ваҳдатро соли гузашта бо чашми худ дидам. Соли гузашта ҳангоми сафар ба яке аз навоҳии кишвар дар хонае шаб хобидем. Шаб аз ошёнаи дуввум ба поён нигоҳ кардам, ки нафаре болои як ароба хоб аст. Субҳи барвақт аз соҳибхона пурсидам, ки ин чӣ касест, ки болои ароба хоб аст? Гуфт, ки ин бача соати 12-и шаб омад ва мехост, бо шумо вохӯрад. Ӯ фикр мекард, ки шумо субҳи барвақт меравед ва ҳамон ҷо хобид, то ҳангоми берун шудан шуморо бубинад. Гуфтам, ки асли ваҳдат ҳамин аст».
Дар маҳфили 80-солагии Иттифоқи нависандагон ба Фарзона нишони «Сухан» супурда шуд. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон гуфт, шоирон беҳтарин тараннумгари сулҳу ваҳдат ҳастанд ва Фарзона дар ин самт аз беҳтаринҳост: «Фарзона шоираест, ки на танҳо дар доираи Тоҷикистон, балки дар доираи форсизабонони дунё аз шинохтатаринҳост. Инсоне, ки покиза аст, инсоне, ки фариштахӯ ҳаст, тинати тоза дорад, шеъраш ҳам олӣ аст».
Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик низ Фарзонаро аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик номид: «Дар дунё ягон шоир шеъри нав намегӯяд. Аммо бархе кӯҳнаро нав мебинанд. Фарзона ҳар кӯҳнае мебинад, ӯро нав мебинад ва ба ӯ ҷомаи нав мепӯшонад. Дар ин нави ӯ сухани худро мегӯяд. Сухани як инсоне, ки ояндаву раванда аст. Вазифаи адабиёт лаҳзаро ба ҷовидон пайваст кардан аст, дар ин ҷода Фарзона хеле муваффақ шуд».
Дар маҳфили базми шеъри Фарзона сарояндаҳои зиёде аз эҷодиёти ӯ тарона хонданд. Хосияти Зарафшонӣ, сарояндаи маъруфи тоҷик мегӯяд, шеърҳои Фарзона саршори мусиқии нафисанд:
«Зи шаҳри хомӯшон агар касе фиғон кашад, манам,
Фиғони осмоншикоф ба каҳкашон кашад, манам.
Ин аввалин шеъри Фарзона буд, ки оҳанг бастам. Хеле хуб омада буд. Ҳоло шеърҳое, ки аз Фарзона ва шавҳари азизаш Озарахш, ки низ як шоири хеле хуби мост,оҳанг бастаам, аз 10 гузаштааст. Шеъраш хеле сода ва пур аз маънӣ ҳаст, ки зуд ба қалбҳо менишинад. Оҳанг бастан ба шеърҳои Фарзона осон аст, чунки одиву самимӣ ҳастанд.»
Ҳоло қарор аст, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб низ «Базми шеъри Фарзона» баргузор шавад. Ин аввалин бор аст, ки ин шоири маъруф дар тамоми Тоҷикистон ба сокинон шеър мехонад. Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони мусоир, ки тирамоҳи имсол ба синни 50 мерасад, худро пайрави мактаби шеъри Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсори Сафӣ медонад.
Ин ҳарфҳоро Фарзона дар ҳоле мегӯяд, ки ба ақидаи бисёриҳо, нақши шоирон дар ҷомеа ва таваҷҷӯҳ ба шеъру китоб дар кишвар солҳои охир коҳиш ёфтааст. Аммо хонум Фарзона гуфт, ин ҳарфҳо, ки сухани шоир таъсир надорад ва шоирро намешиносанд, ҳарфҳои бепоя ҳаст.
Ӯ дар тақвияти гуфтаҳояш аз як ҳодисае ёд кард: «Ман асли ваҳдатро соли гузашта бо чашми худ дидам. Соли гузашта ҳангоми сафар ба яке аз навоҳии кишвар дар хонае шаб хобидем. Шаб аз ошёнаи дуввум ба поён нигоҳ кардам, ки нафаре болои як ароба хоб аст. Субҳи барвақт аз соҳибхона пурсидам, ки ин чӣ касест, ки болои ароба хоб аст? Гуфт, ки ин бача соати 12-и шаб омад ва мехост, бо шумо вохӯрад. Ӯ фикр мекард, ки шумо субҳи барвақт меравед ва ҳамон ҷо хобид, то ҳангоми берун шудан шуморо бубинад. Гуфтам, ки асли ваҳдат ҳамин аст».
Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик низ Фарзонаро аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик номид: «Дар дунё ягон шоир шеъри нав намегӯяд. Аммо бархе кӯҳнаро нав мебинанд. Фарзона ҳар кӯҳнае мебинад, ӯро нав мебинад ва ба ӯ ҷомаи нав мепӯшонад. Дар ин нави ӯ сухани худро мегӯяд. Сухани як инсоне, ки ояндаву раванда аст. Вазифаи адабиёт лаҳзаро ба ҷовидон пайваст кардан аст, дар ин ҷода Фарзона хеле муваффақ шуд».
Дар маҳфили базми шеъри Фарзона сарояндаҳои зиёде аз эҷодиёти ӯ тарона хонданд. Хосияти Зарафшонӣ, сарояндаи маъруфи тоҷик мегӯяд, шеърҳои Фарзона саршори мусиқии нафисанд:
«Зи шаҳри хомӯшон агар касе фиғон кашад, манам,
Фиғони осмоншикоф ба каҳкашон кашад, манам.
Ин аввалин шеъри Фарзона буд, ки оҳанг бастам. Хеле хуб омада буд. Ҳоло шеърҳое, ки аз Фарзона ва шавҳари азизаш Озарахш, ки низ як шоири хеле хуби мост,оҳанг бастаам, аз 10 гузаштааст. Шеъраш хеле сода ва пур аз маънӣ ҳаст, ки зуд ба қалбҳо менишинад. Оҳанг бастан ба шеърҳои Фарзона осон аст, чунки одиву самимӣ ҳастанд.»
Ҳоло қарор аст, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб низ «Базми шеъри Фарзона» баргузор шавад. Ин аввалин бор аст, ки ин шоири маъруф дар тамоми Тоҷикистон ба сокинон шеър мехонад. Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони мусоир, ки тирамоҳи имсол ба синни 50 мерасад, худро пайрави мактаби шеъри Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсори Сафӣ медонад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад