Фарзона: Мехоҳам ба дилу ҷони мардум нуру сурур нисор кунам

Фарзона

Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик тирамоҳи имсол ба синни 60 расид. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба муносибати мавлудаш бо Фарзона доири рисолати эҷодкорӣ ва печутобҳои рӯзгораш суҳбат кард. Сароғоз аз ӯ пурсидем, ки  ин шасти камолот то куҷо ба ӯ камол бахшид?

Фарзона: Тамоми зиндагонии ман мисли наворе буд, ки на танҳо бо чашми худам балки ба чашми хонандагону иродатмандон ҳам пайдо буд. Ва онҳо метавонанд қазоват кунанд. Дар воқеъ ман дигаргуна мехостам, ки ба ин фасли зиндагӣ биёям ва ин марҳилаи ҳаётамро дуруд гӯям. Бо кавкабаи солими хонаводагӣ, бо ҳузури инсонҳои азизтарине, ки офтобона ҳаёти маро партав медоданд ва мутаассифона бо шикасту рехт ба ҳамин марҳила расидам. Ва ҳоло наметавонам сухан аз нусратҳои зиндагиям гӯям, чунки ҳарчи дар чашми мо зоҳиран нусрат менамояд, аслан шояд шикаст бошад, ҳарчи бохт менамояд аслан шояд бахт бошад. Яъне миёни ин бахту бохт муайян намудани сарҳад барои ман басе душвор аст. Агар гӯед, ки дар зиндагии ҳунарӣ як андак тавфиқ ёфтам боз ҳам мебинам, ки зиндагонии ҳунариам низ басе нокомил аст, басе вероиш ва полоиш мехоҳад. Чӣ ҷойи зиндагонии хонаводагӣ, ки ин қадр халали бузург ба ҳамин силсилатуззаҳаб, ба ҳамин силсилаи заррини ҳаёти мо ворид шуд. Аз ин хотир дар ҳар сурат бо шукргузорӣ аз ҳузури азизоне, ки ҳанӯз фурсати будан доранд дар хонаводаи мо, азизоне, ки ман ба зиндагонии руҳонии худам ворид намудаам мисли шумо ва мисли чандин ҷавонони дигаре, ки ба будани ман ниёз доранд, хаёл мекунам, ки бо шукр ва сабр идомаи зиндагиро бояд паймоем.

Радиои Озодӣ: Шояд дар зеҳни ҳаводорони шумо ҳамин савол ҳамеша бошад, ки аз ҳамин шикастҳои ҳаёт чӣ гуна берун омадед? Ин кумаки ботинии шумо буд ё он нафароне, ки ҳамеша дар иҳотаи шумо ҳастанд?

Фарзона: Дар як ғазал ман навишта будам, ки

То маро аз он табиби ғайб ёрӣ мерасад,

Ман ба номат менависам беҳтарин тӯморро ..

Тӯмор ба маънои муборакномае буд. Ба маънии номаи дастурхатие, ки пизишк барои бемор менависад. Ман умед доштам, ки кош Худованд ба ман фурсатеву қудрате медод, ки ба захмҳои дили инсонҳо интиҳо мебахшидам ва решҳои ҷони мардумро мудово менамудам. Ин гуна тавону маҷоле ҳоло надорам. Ва шояд қаблан ҳам надоштам. Лекин ҳамин ниятро доштам, ҳамин орзуву ормонро доштам, ки ба дилу ҷони мардум нуру сурур эҳдо барам ва тӯҳфаи ҷони худамро барои дилҳои муштоқ нисор кунам.

Суҳбатро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фарзона: Мехоҳам ба дилу ҷони мардум нуру сурур нисор кунам

Радиои Озодӣ: Шумо аслан чӣ гуна фаҳмидаед, ки шеър роҳи аслии баён кардани ҳастию ормони инсонии шумост? Кай ба хулосае омадед, ки тасвири ҳаводиси рӯзгор ва ҷомеаро бояд тавассути шеър ифода кунед?

Фарзона: Аз рӯзгори кӯдакӣ дилбастаи сухани мавзун будам. Ҳуруфе чанд пайи ҳам мечидам ва хаёл мекардам, ки ба шакли шеър даромад. Баъдан, ки як камтар бузургсолтар шудем ва бо осори ниёгон ва имрӯзиёни арҷманд ошно гардидем, дарёфтам ки ҳанӯз дар аввали қарор дорам. Ҳол он, ки Мавлоно мегӯяд, “мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем”. Пас мо куҷо расидем?

Радиои Озодӣ: Аксари шеърҳои шумо иҷтимоист ва фарогири масъалаҳои ҷомеъа аст. Чӣ гуна марз миёни воқеият ва хаёлотро дар шеър муайян мекунед?

Фарзона: Ҳуруфи ман бозгӯи воқеият аст, фақат як кам ба таври дигар. Яъне бо он, ки масалан маҷрои тахайюлот маро ба ҳарсӯ мекашад, ман ҳаргиз намехоҳам, ки аз воқеият барканда бошам ва ҳуруфе гӯям, ки бархурди инсони имрӯз ҳам бошад. Напиндорад, ки ман аз замони асотир омадам ва чун ёдгори асри куҳан ҳастам ва ҳарфҳое бигӯям, ки кайҳо дар бойгонӣ ҳастанд. Бояд сухани имрӯзро ҳам гӯем. Дарди дили ҷомеаи имрӯзи миллати худро ва бани башарро эҳсос кунем ва набзи бисёр пурташаннуҷи ҷаҳони имрӯзинро дар вуҷуди худи худамон ва дар шеъри худамон эҳсос намоем.

Тарҷумаи ҳоли Фарзона

Иноят Хоҷаева (Фарзона) 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Тулӯи хандарез” соли 1987 бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ чоп кардааст. То кунун ба 50 китоби ашъори Фарзона, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён”, иборат аз 3 ҷилд, “Муҳри гули мино”, “Себарга”, Парниёни ҷон”, “Девони ғазалиёт”, “Найсон” ва китобҳои гулчини ашъори ӯ ба забонҳои анлисиву русӣ дар чандин кишварҳои ҷаҳон ба чоп расидааст. Дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва унвони “Шоираи халқии Тоҷикистон” мебошад. Шеъргӯиро дар ҷавонияш сар карда, ашъораш берун аз Тоҷикистон, дар кишварҳои форсизабон шуҳрат ёфтааст. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш аз серҳаводортарин шоирони тоҷик ҳастанд, ки ҳар гардиши нав дар фаъолияти эҷодӣ ва ҳаётиашон аз таваҷҷӯҳ дур намемонад.

Радиои Озодӣ: Вақте шеърҳои шуморо мехонем, онҷо ҳаминхел ҳис мегардад, ки тамоми маъниҳо ё мафҳумҳои чаҳор китоби муқаддас ифода меёбад. Албатта шояд на ҳамааш бошад, аммо дар аксар ҳол ҳаст. То ҷое ман медонам ҳамин ҳисси эҷодиро шумо аз шеърҳои шоирони гузаштаи мо, бахусус классикон ба худ гирифтаед. Худатонро бештар шабеҳи кадом шоирони классик ё шоирони муосир медонед?

Фарзона: Ман шояд ин нуктаро борҳо зикр карда бошам, ки як муддати том, зери таъсири ҳуруфи офтобии устод Лоиқ будам ва ҳанӯз ҳам аз он таъсир ва таасуроти рушану мунавваркунанда берун наомадаам. Як муддати дигар зери таъсири ҳамнаслони устод Лоиқ, ки хеле шуарои қавии неруманде ҳастанд, ки ҳамаашон қитъаҳои ҷудогонаро дар шеъри имрӯз боз кардаанд. Ҳамчунин муддате ҳам буд, ки бо таъсири шеъри Фурӯғ сухан мавзун мекардам. Баъдан дидам ки Фурӯғ хеле пессимист аст. Бо он, ки бисёр бузургмасоҳат ва бисёр амиқандеша аст, бисёр шоири навгӯ бо башоратҳои нав аст, аммо дилу вуҷуду руҳаш як андак гароише дорад ба зулматҳои зиндагӣ. Хостам, ки ба сӯи нуру сурур нақб канам ва ба ман салом гуфт Мавлоно. Мавлоно, ки дигар аз таъсири ӯ, аз иҳотаи ӯ, муҳосираи зебои ҷаҳонгиру ҷаҳонпаймои ӯ роҳи раҳоӣ надорам. Устод Лоиқ ҳам бори аввал ба ман Девони Кабирро доданд, ба ман ишоратҳое карданд. Боре гуфтанд, ки хеле ҳаҷмаш бузург аст ва худам ба фурудгоҳ мебарам. Ман бояд Хуҷанд меомадам ва устод оварданд. Ҳудуди чанд киллограм вазн дошт. Девони Кабире, ки устод дар таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар ба ман оварда буданд. Ман он вақт 21 сол доштам. Устод гуфтанд, ки “бардошта метавонӣ? Ту бисёр нозук ҳастӣ”. Ҳамин суол, як суоли одӣ набуд! “Мавлоноро бардошта метавонӣ?” На ба ин маънӣ, ки ман 5 килограм китобро мебардорам. Ба ин маънӣ, ки бори нӯҳ осмонро ва бори кулли коинотро ту бо ин наҳифӣ чӣ гуна мебардорӣ? Ман гуфтам, ки ба маънии воқеияш бардошта метавонам! Аммо ба ин маъние, ки Шумо ишора кардед, тамоми зиндагониам кифоят намекунад, ки як заррае аз паёми Мавлоноро иҷро кунам ва дар зиндагиам ба кор барам.

Радиои Озодӣ: Ҳама мухлисони шеъру адабиётшинос медонанд, ки устоди аслии шумо, он нафаре, ки дар ин ҷода хеле шуморо дастгирӣ кардаанд Лоиқ Шералӣ мебошанд. Дар чандин маҳфилҳо шоир Аҳмадҷони Раҳматзод як хотираашонро бо устод Лоиқ Шералӣ дар бораи шумо нақл карданд. Ҳангоми шумо ҳанӯз дар синни ҷавонӣ будан Лоиқ Шералӣ ба таври гӯшакӣ ба устод Аҳмадҷони Раҳматзод гуфтаанд, ки агар умр вафо кунаду Фарзона дар шеър гомҳои устувор гузорад ӯ пайғамбари шеър мешавад. Шумо ба ин гуфтаҳо ва рисолати шоириатон чӣ гуфта метавонед?

Фарзона: Бародари иззатманди мо устод Аҳмадҷони Раҳматзод, ки бисёр давлати мулозимати устод Лоиқро доштанд, дар ҳоли сархушӣ ин ҳуруфи устодро шунидаанд. Ба умед гуфтаанд, ки шояд оянда коре кунад. Албата шеъри мо дар миёни бонувони зан ҳам шахсиятҳои хеле муқтадиру муҳташам дорад. Ба мисли устод Гулрухсор, ки дигар ҷойи тавсиф нест. Масоҳати руҳонии устод хеле фарох аст ва хаёл мекунам, ки аслан ман як нафаре нестам, ки гирифтори қиёс бошам. Ҳеҷ касро бо ҳеҷ кас наметавонам қиёс кунам ва наметавонам масалан гӯям, ки ин дарё бузург асту он дарё кӯчак, чун аз рози он дарё огаҳ нестам. Ба ҳар ҳол устод Гулрухсорро ба унвони як нафаре, ки дар оғози ин ҷода давоми ҷодаҳоро барои мо чароғафрӯзӣ кардаанд, медонам. Як нафаре, ки ба адабиёти мо, миллати мо бузургтарин рисолат ва тааҳҳудро сомон мебахшад, мешиносам ва қадр мегузорам. Аммо худам як нафаре будам, ки ҳамин дар як мисрае мазмунан чунин гуфтаам. “Эй худоҷон ба ман бахти оддии як инсони заминӣ деҳ, яъне ки барои ман ҳеҷ моҳият надорад, ки шумо дар ҷадвали мартаба маро аз ҳама охир мегузоред ё бештар медиҳед. Ман хеле мехостам, ки зиндагонии маъмулие дошта бошам, бо ҳузури инсонҳои шариф, бо ҳузури инсонҳои азизе, ки буданашон зиндагонии маро ранг медиҳад ва фурӯғ мебахашад.

Радиои Озодӣ: Аз рисолати пайғамбарӣ гузарем ба рисолати шеър. Дар як байтатон мегӯед, ки:

Гарчи равонем адам бар адам,

Гул бинишонем қадам бар қадам.

Яъне ҳамеша инсонҳоро ба сӯи рушаноӣ даъват мекунед. Масалан дирӯз ҳам дар маҳфилатон устод Ҷурабек Набиев як ғазали Шуморо хонданд, ки чунин гуфтаед:

Эй дӯст, аз ҷаҳон бо худ чӣ мебарӣ?

Эй чун ҳама равон, бо худ чи мебарӣ?

На гул барӣ на пул, бар даргаҳи қабул,

Дар рӯзи имтиҳон, бо худ чӣ мебарӣ?

Фарзона: Дар як шеърам гуфтаам, ки:

Молу пул хоҳад, ки бигрезад зи ман,

Ман аз ӯ бигрезаму пинҳон шавам.

Яъне на ин, ин ки вай гурехта гардад, беҳтар инки ман аз гурезам.

Дилам аз майсаву гул гуфт, на аз пайсаву пул,

Он чи мехостам аз давлати дунё дигар аст.

Дар як лаҳза давлати Қорун ҳам барбод рафту зери хок шуд ва тамоми давлату неъматҳои олам рафтанду нобуд шуданд. Аммо давлати сармад кадом аст? Боз ҳамун ёдгораҳои бузурги маънавист.

Лаҳзае аз суҳбати Фарзон Муҳаммадӣ бо Фарзона

Радиои Озодӣ: Дар ҳамин асно пурсиданиам, ки ба андешаи шумо то куҷо имрӯз шеър дар назди ҷомеаву мардум рисолаташро иҷро мекунад?

Фарзона: Аҷиб аст, ки ҳануз ҷомеаи мо, миллати мо боз ҳам мисли пешин чун ҳавову об ниёзманд аст ба сухани мавзун ва хаёл мекунам, ки ҳанӯз шеърро як мафҳуме, ки пиршуда бошаду фарсуда бошад ба бойгонӣ наниҳодааст. Ҳанӯз бо шеър зиндагӣ мекунад, ҳанӯз ниёзи бисёр шадид дорад. Нафароне, ки башоратҳое медиҳанд, аслан дар мавриди бузургони сухан, ман ҳамин ақидаро дорам, ки шоирӣ як коре аст, ки фақат василае барои бозгӯии паём ва башоратҳояшон мебошад. Яъне шоирӣ барои онҳо тааҳҳуди авалияе нест, тааҳҳуди аввалин гуфтани муждае аст. Муждаҳои миноӣ, муждаҳои ростин ва дастури ҳидоят барои мардум мебошад. Вагарна аллома Иқболи Лоҳуриро мардум пешвои худашон намехонданд. Вагарна устод Лоиқро як нафари ҳодиву раҳнамуни зиндагонии худашон намепазируфтанд. Вагарна Ҳофизу ҳаким Фирдавсиву Ҳаким Низомиву Саъдиву Мавлоноро ба унвони чароғи иршоди имрӯзу фардои худашон намешинохтанд.

Радиои Озодӣ: Мо дар асре қарор дорем,ки асри илму техника мегӯянд ва бештар инсонҳо ба олами маҷозӣ равона шуда истодаанду бо он саргарм ҳастанд. Ба андешаи Шумо то куҷо шеър хонандаи худро, масалан то чанд асри дигар ҳамроҳӣ мекунад, вале агар шеър бехонанда монад худи шеър боқӣ мемонад ё не?

Фарзона: Ман чандин боре, ки ба кишварҳои Аврупо сафар кардам дарёфтам,ки шеър як унсури ҳошиявӣ аст ва дигар ҳамроҳу ҳамқадаму ҳамдилу ҳамоҳанги мардуми ғарб нест. Шояд иштибоҳ кунам, шояд назари зоҳирии ман аст, ки чунин диду қазоват кард, аммо дар чанд сӯҳбатҳое, ки нависандагон ҳузур доштанд, медидам, ки теъдоди хеле ками мардум меоянд ва бо дилбастагию пайвастагӣ ба он осор алоқамандиву равобити худро рӯнамо мекунанд. Шеър ҳам ҳамин тур як унсуре ҳаст, ки дар зиндагонии ҳамарӯзаи мардум ширкат намекунад, аммо дар мавриди зиндагии шеър ва вуруди шеър ба ҳаёти миллати тоҷик наметавонем ин ҳарфро гӯем, чун миллати мо аз оғоз миллати шеър буд, миллати сухан буд, миллати нур буд ва бо паёмҳои рӯҳонӣ ва бо қути маънавӣ ҳамеша зиндагиро идома мебахшид. Бо онки ҳоло мову шумо дар замони шитобҳои бузург, дар замони тарвиҷи техникаю технологияи муосир, дар замони ибтикор ва ихтирооти бузурги атомӣ қарор дорем, боз ҳам руҳи инсонҳо ва хосса руҳи ҳаммилатони мову шумо бисёр гушна аст, бисёр ташнаанд, бисёр ниёзи шадид дорад ба қути ҷон. Ва қути ҷон чист? Қути ҷон башоратест,ки аз бузургон ба аҳли миллат меояд ва шеър ҳам ба он дохил мешад. Дар ҳоле, ки ҳуруфи мутавассит набошад, дар ҳоле, ки дар дохилаш муждаҳову пайкҳое дошта бошад, дар ҳоле ки дар дохилаш дастури худшиносиву камол бошад. Инсонҳоро ба вироиш ба ислоҳ ба такмили худ хонад. Ин кори сода нест. Барои он, ки шоир бояд аз худаш шурӯъ кунад. Шайх Саъдӣ мегӯяд ки: "Саъдӣ ҳамасола панди мардум мегӯяду худ намекунад гӯш ", аммо Саъдӣ бисёр ба лутф ин ҳарфа мегӯяд, аслан зиндагонии Саъдӣ бозгӯи шеъри ӯву осори ӯст ва осори ӯ бозгӯи ростини зиндагонии ӯст. Аслан фарқ намекунанд. Ё ҷое дигар мегӯяд,ки

Ки гар хок гаштаст Саъдӣ чӣ ғам?

Ки дар зиндагӣ хок будастам.

Чӣ ҳарфҳои бузург аст, чӣ ормони бузург аст, чӣ ба талабе, ки ба мардум таъкид намекунад, ки шумо фурӯтан бошед, балки мегӯяд, ки "Ман худам ҳам мартабаи хок ҳастам ва бими он надорам,ки рӯзе ба хок хоҳам рафт" дар ҳоле, ки боз ҳам зиндагонии ҷовидон ёфт.

Фарзона

Ба ёдам суханони устод Турсунзода расид, ки боре ҳамроҳи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва чанд тани дигар ба ҳамсафарон мегӯянд, ки ман хеле хавотир ҳастам, ки оянда шеъри моро кӣ мехонад? Зеро бештари мардум ба забони ғайр байни ҳам сӯҳбат мекунанд. Нигаронӣ дорам, ки шеърҳои ман дигар беистифода мемонад. Аммо имрӯз чанд миллион форсизабони олам бо шеъри устод Турсунзода якдигарро паём мегӯянд: “То тавонӣ дӯстонро гум макун”. Яъне он нигарониҳо маълум шуд, ки заминаи қавӣ надоштаст ва аммо шеър бисёр заминаи устувору собит доштааст, ки то имрӯз зиндагӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Байни интиқодгарони шумо, нафароне,ки ҳам шеърҳои шуморо нақд мекунанду ҳам аз оғози эҷодиётатон то ҳоло пайгирӣ менамоянд, як назари интиқодие пайдо шудааст, ки шеърҳои шумо тағйир ёфтаанд. Он шеърҳое,ки шумо дар ҷавонӣ гуфтаеду масъалаҳое, ки бармаъло кардаед дар ин авохир ҳамингуна шеърҳо камтар ба назар мерасанд. Аслан худи Шумо тафовутро байни шеъри дирӯзу имрӯзатон чи гуна мебинед?

Фарзона: Шояд ба ин хотир, ки дар рӯзгори ҷавонӣ бештар ба матолиби миллӣ ва ба масоили худшиносӣ ва ормонҳои миллӣ бештар руҷӯъ карда бошам. Баъдан, ки ба дарёи Мавлоно як андак агар гӯям, ки ғӯтавар шудаам дуруст намебуд, саҳеҳ намебуд, як андак вуруд ёфтам, аз ҳамон ҷуғрофиё худро берунтар кашидам ба ин маънӣ, ки масалан Мавлоно шояд дар бобати бузургии миллати тоҷик, ҳуруфи зиёд нагуфта бошад аммо чандин ҳазор мардуми олам ба хотири Мавлоно забони мову шуморо меомӯзанд. Вақте забони мову Шуморо меомӯзанд, яъне ошиқу шефтаи миллати мо мешаванд. Мавлоно воситаву василае ҳаст,ки мардуми олам миллати Тоҷикро дӯст дорад. Дар ҳоле, ки дар сифоти миллаташ шояд ҳарфи зиёд нагуфта бошад

Худ чи ҷойи турку тоҷик асту занг

Фаҳм созад ин забонро чӯбу санг.

Мавлоно бо забони ишқ ва ба аҳли олам хитоб мекард ва манам дар оғози роҳ ҳамеша мехостам, фақат ҳуруфе гӯям, ки дархури дарди ҳаммилатони азизам бошам ва давлати мулозимати ин азизонро дошта бошам. Баъдан хиёл кардам, ки як андак бояд масоҳати худро дигаргуна кунам. Як андак коре кунам, ки аҳли миллатҳои дигар ҳам вақте тарҷума мешавад ин осор, дарёбад, ки рӯҳи ман бо рӯҳи онҳо ҳам хеш аст, ҷони ман бо ҷони онҳо ҳам пайванд аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Маҳфили шеъри Фарзона ва таҷлил аз 60-солагии ӯ дар Хуҷанд

Радиои Озодӣ: Ана ҳамин мавзуъоте, ки шумо дар ҷавонӣ гуфтед, яъне дар бобати масоили миллӣ шуморо хеле маъруф карду шӯҳратманд гардонд. Пас аз чандин солҳои он рӯзгор алҳол сӯҳбат карда истодаем, месазад пурсем, ҳамон шӯҳрате, ки шумо дар овони ҷавонӣ дарёфтед ва ба дӯши Шумо як масъулият ҳам шуд, то ба ин рӯзгор чӣ гуна оварда истодаед, яъне то куҷо ҳадди тавони бардоштани онро аз уҳдааш баромадед?

Фарзона: Ман аз кӯдакиам як орзу доштам. Он орзу ин буд, ки бо ҳама баробар ҳаммақом бошам. Аз касе фаротар набошам ва аммо аз касе фурӯтар ҳам набошам. Тамоми ҷиҳоди ман ин буд, ки аз касе фурӯтар набошам ва аммо ҳеҷ вақт хаёл накардам, ки аз касе фаротар гардам. Дар мавриди аз худ рафтану ину он, ғара шудану ба кибр дода шудан ҳаминро мегӯям, ки “Охир аз ҷониби афлок расан меояд”. Яъне одамоне, ки фирефтаи ҷоҳу шукӯҳу таҷаммул мешаванд, мутаассифона, шикастҳои бузург мебинанд. Аз давраи ҳою ҳуй ба давраи ҳой-ҳой мерасанд ва шӯҳрат ҳамеша дар назари ман як замимаи гарон менамуд. Шӯҳрат ҳам ёрӣ мекунад барои ҳунарвар ва ҳам халал мерасонад,

"Мадад низ карду халал низ дод",

Мисрае аз мост, ки бозгӯи нафарони шӯҳратманде ҳастанд, ки ҳатман дар роҳҳояшон ҳоилу халалу газанду осеб ҳам пайдо мешавад, яъне шӯҳрат барои ҳунарвар шояд сахт зарур набошад, хоса барои касоне, ки шояд муродашон аз зиндагӣ дарёфти як чизи дигар аст:

Гуфтанд: ёфт менашавад ҷустаем мо,

Гуфт: онки ёфт менашавад онам орзуст..

Ва чи орзуи ману шумост дарёфти инсони расо, дарёфти одамоне,ки ҳузурашон ҷаҳонро комил мекунад, миллатсоз, инсонсоз, ҷаҳонсоз ва худсоз.

Радиои Озодӣ: Бале. Мавлоно боз ҷои дигар мегӯяд:

Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Фарзона: Инсон шудан, як кори нисбатан одӣ. Афсӯс, ки ҳамин кор аз дасти ҷомеъаи инсонӣ намеояд. Агар меомад, магар имрӯз дарҳо қулф медошт? Агар ҳамин кора инсоният метавонист, магар имрӯз нозирҳову милисаҳову мисли ин чандин тахассусҳое ҳастанд, ки гӯё барои ҳифзи одамҳо офарида шудаанд. Дар ҳоле, ки ҳамаи ҳамин зарурат надорад. Агар инсонҳо воқеан ба мабдаъи инсонии худ содиқ бошанд. Магар ҷанг мешуд? Магар дар дунё ҳанӯз ҳам садои гулулаву тир садо медод? Кӯдакҳои ширини нав ба дунёомада магар фавт мекарданд? Аз ҳамин хабисии бузургсолон, ки барои худкомагии худ, ҳамин худкомагон, ҷаҳонхор ҳастанд. Ба ин хотир кӯдакҳои хурда насиби зиндагӣ намедиҳанд. Агар мо инсони комил месохтем, агар худамон инсони комил мешудем, ҳаргиз масалан, марзҳо боқӣ мемонданд? Дар миёни марзҳо ин қадар зиёд симхорҳову минаву ину он магар мебуд? Ҳаргиз намебуд. Барои ҳамин ҳам ман хеле фикр кардам, ки чи кор метавон кард. Албатта, мову шумо коре наметавонем кунем. Барои ҳамин ҳам як дубайтие хонда будам.

Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист?

Ҷуз ислоҳи худӣ чизе дигар нест.

Мадеҳ тағйир авзои ҷаҳонро,

Ки гар худро диҳӣ тағйир, кофист.

Яъне зӯри мо намерасад, ки оламро дигар созем. Зӯри мо намерасад, ки сайёраро ба самти дигар кӯч диҳем ва ба инсонҳо инсон шуданро омӯзем. Лоақал зӯрамон барои он расад, ки худамонро инсон кунем.

Радиои Озодӣ: Дар ин моҳи тирамоҳӣ Шумо соҳиби боз якчанд китобҳои нав гардидед ва шуморо муборакбод мегӯем. Китобҳое бо номи "Қанди баста" ва боз китобҳои дигар бо эҳтимоми фарзандонатон Шоҳонахону Шаҳнавозхон дар Душанбеву Хуҷанд нашр шудаанд. Ин армуғонҳо як андак ба мухлисонатон боз навид шуд, навиди хушҳолкунанда шуд ва ҳамингуна дар ояндаи наздик чӣ навидҳоро ҳаводорони шеъри Шумо интизор шуда метавонанд?

Фарзона: Ҳудуди 12 китоб ба нашр омода шуд ва се китобро Шумо ёдовар шудед, яке "Қанди баста" маҷмӯаи осори насрии мо ва дигар "Шоири Фарзонаи дил" маҷмӯи эҳдономаҳо ва савум коре, ки духтари мо, Шоҳона, мураттаб кард номаш "Сетор" аст. "Сетор" боз ҳам ишорат ба ҳамон айну шину қоф аст. Шоҳона дар сарсуханаш мегӯяд,ки: Агарчи сетори муҳаббат дар зиндагонии мо канда шуд, аммо ба таманнои онки дар зиндагонии хонандагони азиз сетори муҳаббат навоофарин бошад, боз ҳам номи онро "Сетор" гузоштем.

Баъдан дирӯз дар ҷаласа Шумо ҳам шунидед,ки устоди донишвари Донишгоҳи Фарғона номзади улуми суханшиносӣ, раиси бунёди тоҷикони Фарғона Масъуди Мирзо ду китоб таҳия намуданд, яке ба забони тоҷикӣ ва дигар бо забони ӯзбекӣ дар робита бо осори мо. Устоди ховаршинос ва забонпажӯҳи номвар Абдурашид Самадов аз Душанбе як китоби дигар дар бобати тарҷумаҳои мо ба нашр расонидаанд, номаш "Маснаднишини сухан" аст ва як хоҳараки дилбанду шогирди номвари мо, номзади илми суханшиносӣ Мухлиса Нуруллоева маҷмӯи тарҷумаҳои моро ба чоп омода намуданд, ки ҳоло ба нашр омода шудааст, вале ҳанӯз руйи чопро надидааст. Ҳамчунин як китоби дигари мо бо номи "Модарҷон" дар таҳияи шогирди азизамон Фарзонаи Зарафшонӣ ба чоп расид. Яъне ин 12 китобе, ки мегӯям, хеле тӯлонӣ мешавад сухан.

Дирӯз дар маҳфилҳо гуфтам, ки ман ба номи ҳамаи шумо номаи муҳаббат навиштаам ва агар шумо ҳиммат кунед, он номаҳоро имрӯзу фардо мехонед. Мисли ин ки дар ҷашнҳои зодрӯз меоянду адрес мехонанд. Ё намехонанду мегӯянд, ки ин барои шумост, баъдтар хонед. Ҳамаи он шеърҳое, ки шоирони имрӯз менависанд, суроғае дорад ба унвони инсонҳои имрӯзу фардо.

Ростӣ дар кори худи ман ва дар зиндагонии худи ман халали бузург афтод ва мутаассифона якуним сол аст, ки сӯгнома менависам, "Ҳумоюннома"-ро дӯсти мо донишвари эронӣ, хонум Суҳайло Юсуфӣ, дар Эрон мунташир карданд, ки фарогири ҳуруфи дили мо ва ёрону пайвандони мо аст. Саросари олам ба унвони писари нозанини мост, ки ба даргоҳи Раббул-иззат пар кашид.