Гулшан Мукарамоваи 35-сола бо мушкилоташ ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард. Ӯ гуфт, чор моҳ қабл бо ташабусси собиқ ҳамсараш, ки соли гузашта аз ҳам ҷудо шуда буданд, ӯро аз шаҳри Уфаи Русия барои 5 сол ихроҷ намуданд. Гузашта аз ин падари фарзандон модарро аз дидори писарони хурдсолаш маҳрум намудааст.
Шавҳари собиқи Гулшан ва фарзандонаш шаҳрвандии Русияро доранд. Аммо худи Гулшан ҳаққи иқомат (ВНЖ) дар ин кишварро доштааст. Мусоҳиби мо исрор меварзад, ки баъди ихроҷаш аз Русия шавҳари собиқаш баъзан ба ӯ занг мезад, аммо баъдан ҳама гуна тамосро қатъ намуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба исрори қаҳрамони мо, шавҳари собиқаш барои ба дунё омадани ду писараш розӣ набуд ва талаб кардааст,ки ӯ исқоти ҳамл кунад. Баъди латукӯби навбатӣ писари дуввумаш 6 моҳа ва бо нуқсони модарзодии дил ба дунё омадааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ талош карданд, барои санҷидани иддаои Гулшан бо шавҳари собиқаш дар Русия сӯҳбат кунем. Аммо зангҳо ва паёмҳои мо аз ҷониби ӯ бепосух гузошта шуд. Радиои Озодӣ омодааст дар фурсати дилхоҳ барояш минбар бидиҳад то ӯ ҳам мавқеашро баён кунад.
Барномаро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гулшан мегӯяд, ӯ шаш соли пеш бо ин мард хонадор шуда буд ва мушкилоташ баъди омадани ҳамсари дигари ӯ ба Русия шурӯъ гардид. Вале тавре ба назар мерасад, рӯзгори талхи ҳамсӯҳбати мо аз он сарчашма мегирад,ки розӣ шудааст, ба муҳоҷири тоҷик зани дуввум шавад.
Гулшан дар ихтиёри Радиои Озодӣ аксҳоеро,гузошт ки дар руяш осори зарбу лат дида мешавад. Шавҳараш дар чунин ҳолат ӯро ба бемористон бурдааст.
Мо дар робита бо қазияи Гулшан бо Консулгарии Тоҷикистон дар Русия тамос гирифтем. Дар намояндагӣ бароямон гуфтанд,бо дарназардошти он ки қаҳрамони мо дар Тоҷикистон қарор дорад, барояш зарур аст, ки ба унвонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оиди мушкилоташ ариза бинависад. Дар асоси аризаи ӯ Консулгарӣ дар Уфа тарафи дигари баҳс, яъне собиқ шавҳари Гулшан Мукарамоваро барои сӯҳбат даъват намуда,барои ҳалли мушкилот талош хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон сарнавишти аксари занҳои дуввуму саввум тақрибан ба ин шакл фарҷом меёбад. Умри хонадории онҳо тӯлонӣ нест ва баъд аз чанд муддат, маъмулан бо таваллуди фарзанд, зиёд шудани ташвишҳо, шавҳарон зани дуюмро танҳо мегузоранд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бештар занҳое ҳамсари дувум мешаванд, ки дигар роҳе барои зиндагӣ надоранд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, одатан зани тоҷик замоне ба зани дувум шудан розӣ намешавад, ки соҳибмаълумот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ худкифо бошад. Вақте зан муҳтоҷ ва дастнигар аст, чандзанӣ аз байн намеравад ва ҳамин мисолҳое ба монанди зиндагии қаҳрамони имрӯзаи мо кам намешавад.