Нимашаби гузашта вулусволии Кӯҳистон дар вилояти Форёб, шимоли Афғонистон, ба дасти шӯришиёни Толибон суқут кардааст. Вилояти Форёб яке аз пойгоҳҳои аслии генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ба шумор меравад.
Моҳи апрели имсол минтақаи Зебоки вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Покистон марзи муштарак дорад ва аз марзи Тоҷикистон низ чандон дур нест, ба дасти Толибон суқут карда буд
Аҳмадҷовид Бедор, сухангӯи волии Форёб, рӯзи 23-юми июл гуфт, ки Толибон соати севуними шаб ба вулусволӣ ё ноҳияи Кӯҳистон ҳамла карда, баъди фирори нирӯҳои амниятӣ бинои ҳукуматро ғасб намуданд. Сухангӯи волии Форёб ҳамчунон гуфт, нирӯҳои афғон пас аз тарки вулусволӣ дар як қалъае ҷобаҷо шудаанд.
Бино ба як хабари дигар, мақомоти Ғӯр мегӯянд, ки як ноҳияи ин вилоят низ соати нӯҳи рӯзи якшанбе ба дасти шӯришиёни Толибон гузаштааст. Ғуломносир Хозеъ, волии Ғӯр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳарчанд барои наҷоти вулусволӣ аз артиш кумак хоста буданд, ёрӣ дар вақташ нарасид. Ӯ гуфт, дар даргирӣ дар ин вулусволӣ нирӯҳои афғон ва ҷангҷӯёни Толибон талафот доданд, вале омори дақиқро ҳанӯз дар ихтиёр надорад.
Гурӯҳи Толибон то ҳанӯз дар мавриди ин ҳодиса чизе нагуфтааст. Аммо ҷангҷӯёни ин гурӯҳ баъд аз хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилофи байналмилалӣ дар ду соли пеш ба пешрафтҳое ноил шуда, чандин минтақаи Афғонистонро, аз ҷумла дар наздикии марз бо Тоҷикистон, тасарруф намудааст. Нирӯҳои давлатии Афғонистон мегӯянд, аксари ин манотиқро дубора аз дасти Толибон гирифтаанд.
Аз ҷумла моҳи апрели имсол минтақаи Зебоки вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Покистон марзи муштарак дорад ва аз марзи Тоҷикистон низ чандон дур нест, ба дасти Толибон суқут карда, моҳи июн ба ихтиёри нирӯҳои давлатӣ гузашт.
Режими Толибон дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 1990 дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд.