Амонатов дар 11 даври мусобиқаи бози FIDE (Федератсияи байнулмилалии шоҳмот) 9,5 имтиёз ба даст овард. Намояндаи Италия Лоренсо Лодичи низ ҳамин миқдор имтиёз гирифт, аммо шатранҷбози тоҷик аз рӯи нишондодҳои иловагӣ ғолиб гардид.
Дар блитс ё шоҳмоти барқвор 333 шатранҷбоз иштирок карданд. Дар ин мусобиқа ба ғайр аз Фаррух Амонатов, боз се шатранҷбози тоҷик ширкат дошта, вале дар ҷамъбаст ба сафи пешсафон дохил нашуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки гроссмейстер Фаррух Амонатов ба шатранҷбозии худ хотима дода, тамаркуз ба мураббигӣ кардааст. Зеро дар байни бозигарони фаъол номи Амонатов солҳои ахир дар рейтинг ё феҳристи ФИДЕ зикр нашудааст. Аммо ӯ ҳанӯз корномааашро ба охир нарасонидааст, танҳо муддати тӯлонӣ дар мусобиқаҳо иштирок намекард.
Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, агар шатранҷбоз муддати муайян дар мусобиқаҳои расмӣ иштирок накунад, пас, рейтинги ӯ ба бойгонӣ ворид мешавад. Бинобар ин, вай метавонад баргардад ва сипас дубора ба рейтинг шомил шавад. Ахиран имтиёзҳое, ки шатранҷбоз дошт, ҳамон тавре боқӣ хоҳад монд, ки қабл аз бойгонӣ буд.
Солҳои ахир Амонатов бо шатранҷбозони зиёде аз кишварҳои гуногун кор мекунад, онҳоро машқ медиҳад, таҷрибаи худро меомӯзонад.
Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд. Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскави Русияро ба итмом расонидааст.
Амонатов дар байни шатранҷбозони Тоҷикистон ягона гроссмейстери байнулмилалӣ мебошад. Ӯ ба ин унвони баланд соли 2002-юм дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мушарраф шудааст.
Фаррух Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалии шоҳмот мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 дар ҳафт Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ширкат варзидааст.
“Барои гирифтани унвони гроссмейстер ё бузургустод шароити хуб лозим аст. Инчунин мо ба мураббиёни баландихтисос, ки шогирдони худро ба дараҷаи гроссмейстер расонанд, эҳтиёҷ дорем. Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон мехоҳад барномаи рушди шатранҷ дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ қабул ва дар чаҳорчӯби ин барнома Академияи шоҳмот дар Душанбе бунёд шавад”, - иброз дошт Илҳом Юнусов.