Матбуоти Узбакистон аз хатари рахна шудани обанбори Фарҳод ҳушдор медиҳад, мақомоти Тоҷикистон инро рад мекунанд.
Як сомонаи наздик ба ҳукумати Узбакистон навишт, ки сарбанди обанбори Фарҳод дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо Узбакистон метавонад хароб шуда, шуморе аз манотиқи аҳолинишини Узбакистонро зери хатари ғарқшавӣ қарор диҳад. Сомонаи 12news.uz дар матлабаш таҳти унвони “Бо айби Тоҷикистон дар сарбанди нирӯгоҳи Фарҳод метавонад садама рух диҳад” менависад, ки ҷониби Тоҷикистон оддитарин меъёрҳои техникаи бехатарӣ ва тартиби истифодаи ин обанборро ба ҷо намеорад, ки метавонад боиси рахна шудани сарбанди Фарҳод шавад.
Бино бар ин навишта, дар давроне ки нирӯгоҳи Фарҳод аз сӯи Узбакистон идора мешуд, убуру мурури мошинҳои боркаш бо беш аз 8 тонн бор аз рӯи сарбанди Фарҳод мамнӯъ буд ва як посгоҳи вижаи пулис равуои васоили нақлия аз ин масирро назорат карда, мошинҳои пурбортарро аз роҳ мегардонд. Вале ҳоло ҷониби Тоҷикистон ин режимро риоя намекунад ва аз болои сарбанд ба самти ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мошинҳои пурбори чиноии HOWO ва русии КАМАЗ бо боре мегузаранд, ки баъзан аз 20 тонна ҳам бештар аст, афзудааст муаллифи матлаб, ки худро Тимур Садриддинов муаррифӣ мекунад.
Аммо як масъули ҳукумати вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Озодӣ иддаои ин сомонаи наздик ба ҳукумати Узбакистонро бепоя номида, инкор кард ва гуфт, дар атрофи обанбор нафақат манотиқи аҳолинишин, балки чанд рустои худи Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки дар сурати рахна шудани обанбор, низ зери об хоҳанд монд ва ҳеҷ кас дар Тоҷикистон намехоҳад ки ба онҳо зарар расад. Ин мақом афзуд, ба ҳамин далел, "убуру мурури нақлиёте, ки беш аз 8 тонна бор доранд, аз болои сарбанд пурра манъ шудааст ва мақомоти масъул кор карда истодаанд, ки роҳро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ бидоранд." Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "ҳадафи онҳо аз чунин навиштаҳо танҳо як чиз аст: облойкунӣ, яъне ҷалби дигарбораи таваҷҷӯҳ ба баҳси обанбори Фарҳод ва дубора гашта гирифтани ин обанбор."
Нирӯгоҳ ва обанбори Фарҳод аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мавзӯъҳои умдаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мемонад. Ин обанбор ҳанӯз дар солҳои 50 дар қаламрави Тоҷикистон сохта шуд, вале аз сӯи Узбакистон идора шуда, обаш низ то ҳол асосан барои таъмини заминҳои кишти он кишвари ҳамсоя истифода мешавад. Дар солҳои 90 Тошканд бо ин иддао, ки дар вақташ дар ивази ин қаламрав ба Тоҷикистон замин додааст ва котиби вақти Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1962 ин муомиларо тасвиб кардааст, обанбор ва қаламрави атрофашро моли худ эълон кард. Аммо дар моҳи майи соли 2000 нирӯҳои марзбонӣ ва пулиси маҳаллӣ ба раҳбарии раиси вақти пулиси ноҳияи Спитамен Рустам Саидов бинои маъмурияти обанбор ва манотиқи атрофи онро аз ҳузури нирӯҳои марзбониву гумруки Узбакистон холӣ карданд.
Бо ин вуҷуд, то ҳолба обанбори Фарҳод ҳарду кишвар иддаои соҳибӣ мекунанд. Вазири амнияти Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов соли гузашта дар як мулоқоташ дар Хоруғ ба ин масъалаи ҳассос дахл карда, гуфта буд, дар як музокирот намояндагони Узбакистон як харитаи замони Шӯравиро рӯи миз партофтаанд, ки дар он гӯё навишта шудааст ки “Граница между Узбекистаном и Таджикистаном проходит у водохранилища Фархад.” Оқои Ятимов гуфтааст, пешоянди “у” дар забони русӣ маънои “аз назди”-ро дорад, на “аз паси”, ки дар Тошканд мегуморанд.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ҷониби Узбакистон шарт гузоштааст, ки дар сурати баргардондани обанбори Фарҳод масоили ҷамъшудаи иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар равобити Душанбеву Тошканд низ ҳалл хоҳанд шуд.. Оқои Ятимов низ дар он мулоқоташ бо мардуми Хоруғ баҳси Фарҳод ва тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ду мавзӯъи асосии мушкилзо дар равобит бо Узбакистон ном бурдааст.