«Ҷумҳурият» бо нашри мақолае зери унвони «Ҳамсоя аз роҳбандӣ ба роҳканӣ гузашт», роҷеъ ба қатъи гази Узбакистон ва бастани роҳи оҳани Амузгон-Хатлон навиштааст, ғараз аз ин амал, «ба мушкилӣ мувоҷеҳ сохтани мардум ва бедор намудани ҳисси нобоварии онҳо нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон аст.»
Ин нашрия менависад, ки «дар Ӯзбекистон дақиқан медонанд, ки аз ин роҳ маводи ғизоӣ барои сокинони ҷануби Тоҷикистон интиқол мегардад. Ҳамлу нақли ин мавод аз масири Бекобод-Хуҷанд (роҳе, ки барои бурдани борҳо пешниҳод мегардад) ва интиқоли он то ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон тавассути роҳу ағбаҳои кӯҳӣ ҳафтаю моҳҳо тӯл мекашад. Дар ин давом, қисме аз мавод ғайри қобили истеъмол мегардад ва нархи қисмати боқимонда даҳҳо маротиб боло рафта, ба рӯзгори мардуми оддӣ мушкилӣ зам хоҳад кард».
Ин нашрия дар матлаби дигаре бо унвони «Гази Узбакистон ба фишори сиёсӣ табдил шуд», менависад, ки «Сабаби дигари иғвоангезии ҷониби Ӯзбекистон дар масъалаи газ ба обанбор ва сарбанди «Фарҳод», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, вобаста мебошад. Бояд гуфт, ки ҳудуди сарбанд ва обанбори «Фарҳод»-ро ҳанӯз соли 1933 ба муҳлати 40 сол ба Ӯзбекистон иҷора дода буданд. Муҳлати иҷора кайҳо ба охир расида бошад ҳам, мамлакати ҳамсоя замини Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад. Табиист, ки Тоҷикистон ба ин розӣ нахоҳад шуд.»
Аммо менависад нашрия, тоҷики дар сахтӣ обутобёфта аз чунин имтиҳоноти зиндагӣ борҳо гузаштаасту боз ҳам мегузарад.
Ин дар ҳолест, ки матбуоти расмии Тоҷикистон то кунун тарҷеҳ медод, ки дар робита ба мушкилоти пешомада дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия хомӯш бошад. Дар ҳоле, ки матбуоти мустақил ҳамеша ин масоилро бозтоб додааст.
Гуфтанист, сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ бо нашри як баёния шадидан аз мавзеъгирии Тошканд интиқод намуда ва гуфта буд, ки Узбакистон мехоҳад тавассути фишор ба Тоҷикистон, ба хостаҳои худ даст пайдо кунад.