Маросими дафни Боғшоҳи Лашкарбек дар Ишкошим

Боғшоҳи Лашкарбек (Акс аз бойгонӣ)

Ҷанозаи донишманди тоҷик Боғшоҳи Лашкарбекро рӯзи 6 феврал дар зодгоҳаш - рустои Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хок супурданд.
Дар маросими дафни Боғшоҳи Лашкарбек дар рустои Зугванди ноҳияи Ишкошим наздикону ҳамкорони ӯ, ҷамъи аз равшанфикрони тоҷик ва ҳам гурӯҳе аз Вахони Афғонистон ширкат кардаанд.

Боғшоҳи Лашкарбек шаби 2 феврал дар шаҳри Маскав дар синни 66 даргузашт. Ҷанозаи ӯро субҳи 5 феврал тавассути ҳавопаймо ба Душанбе оварда, барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Ишкошим бурданд.

Донишманди тоҷик Гулхоҷа Ҷангибеков рӯзи 5 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои ҳомили тобути Боғшоҳи Лашкарбекро субҳи имрӯз дар фурудгоҳ ҳайъате аз олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва ёрону наздикони ин забоншиноси шинохта пешвоз гирифтанд. Ҷанозаи Боғшоҳи Лашкарбек, ки шаби 2 феврал дар Маскав даргузашт, билофосила барои дафн ба зодгоҳаш - рустои Зугванди ноҳияи Ишкошим - бурда шудааст. Гулхоҷа Ҷангибеков гуфт, маросими дафн пагоҳ доир мешавад.

Расми видоъ бо Боғшоҳи Лашкарбек дар Маскав

Рӯзи 4 феврал дар Маскав маросими видоъ бо донишманди шинохтаи тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек доир шуд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 4 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ бо ин донишманди тоҷик
дар толори вижаи бемористони рақами яки шаҳри Маскав баргузор шуд. Боғшоҳи Лашкарбек шаби 2 феврал дар ҳамин бемористон даргузашт.

Иброҳим Аҳмадов гуфт, тобути Боғшоҳи Лашкарбекро барои видоъ дар саҳни толор гузошта буданд ва аҳли маросим, ки тақрибан 200 нафар буданд, баъди анҷоми қисмати суханрониҳо аз пои тобут гузашта, бо ӯ видоъ карданд.

Сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, дар ин маросим намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз вилоятҳои мухталифи Русия, равшанфикрони шинохтаи тоҷики муқими ин кишвар, ҳамчунин намояндагони расмии сафорати Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират, бо шумули муовини раиси ин намояндагӣ Саид Боев, ва Бунёди Оғохону ройзании фарҳангии Эрон ва ҳамин тавр, раҳбарони диаспораҳои узбакҳову афғонҳо, абхозҳо ва чандин ҷамъияти дигари миллӣ суханронӣ карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иброҳим Аҳмадов дар бораи видоъ бо Боғшоҳи Лашкарбек


Ҳамкорони Боғшоҳи Лашкарбек аз Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия низ дар расми видоъ бо ин забоншиноси маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳузур доштанд. Муовини раиси ин Пажӯҳишгоҳи мӯътабар марши Боғшоҳи Лашкарбекро талафоти сангин барои илми забоншиносӣ ва бавижа барои ин муассисаи илмӣ унвон кард, вале гуфт, ки ӯ шогирдони зиёде тарбия кардааст, ки кори устодашон Боғшоҳи Лашкарбекро идома хоҳанд дод.

Иброҳим Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанозаи Боғшоҳи Лашкарбеки шаби 4 феврал аз Маскав тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристода хоҳад шуд. Қарор аст, ӯро дар зодгоҳаш - ноҳияи Ишкошим ба хок супоранд.

Изҳори ҳамдардии сафорат

Сафорати Тоҷикистон дар Русия шоми 3 феврал бо изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони Боғшоҳи Лашкарбек гуфт, омода аст дар ташкили маросими видоъ ва интиқоли ҷанозаи ин донишманди тоҷик ба Ватан кумак расонад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як таъзияи расмӣ аз марги нобаҳангоми Боғшоҳи Лашкарбек, роҳбари ҷамъияти "Нур"- яке аз марказҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон дар Русия изҳори андӯҳи сахт ва ба аҳли хонаводаву ва ёрону дӯстони ӯ изҳори ҳамдардӣ кард. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев рӯзи 2 феврал дар як ҷаласаи вижа бо масъулини сафорат бо изҳори таассуф “аз ин хабари пурғам” амр додааст, то “дар ташкили маросими видоъ, ҳамчунин ҷиҳати интиқоли ҷасади ин шахсияти саршиноси ҷомиаи тоҷикистониёни Русия ба Ватан кумак расонанд.”

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, Боғшоҳи Лашкарбекро 16 сол боз шахсан мешинохт: “Равоншод ҳамчун олими адабиётшиноси тоҷик, сарвари яке аз ҷомиаҳои тоҷикистониҳои Русия дар фазои фарҳангии миллатҳои муқими Русияҳузури чашмгир доштанд. Эшон ҳамчун сипаҳсолори фарҳанги миллии тоҷикон дар Русия ҳамеша дар такопӯ буд, ки насли феълии хамватанони мо, ки аксар чавонону наврасонанд, аз решаҳои асли хеш ба дуриҳо наяфтанд, решапайвандие дошта бошанд.”

Боғшоҳи Лашкарбек, яке аз шахсиятҳои умдаи фарҳангии тоҷикон шаби 2 феврал дар бемористони рақами яки шаҳри Маскав дар синни 65 даргузашт. Давлати Худоназар, коргардони маъруфи тоҷики муқими Маскав рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Боғшоҳи Лашкарбек ахиран дар яке аз бемористонҳои Маскав қалбашро ҷарроҳӣ кард. Ҷарроҳӣ, ба гуфтаи ӯ, хуб гузашт, вале шушҳои Боғшоҳи Лашкарбек аз кор монданд. Ӯро барои табобати хубтар ба бемористони рақами як гузарондаанд, вале шаби 2 феврал ӯ аз олам чашм пӯшид.

Боғшоҳи Лашкарбек аз шахсиятҳои умдаи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Маскав ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия кор мекард ва ҳамзамон раҳбарии ҷамъияти "Нур" - яке аз ҷамъиятҳои умдаи тоҷикони Маскавро бар ӯҳда дошт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даргузашти боз як донишманди тоҷик дур аз Ватан


Абдуллоҳи Давлат, раиси яке аз бузургтарин ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, "даргузашти Боғшоҳи Лашкарбек талафоти азим ва ҷуброннопазире барои тамоми диаспораи тоҷикон дар Русия аст, чунки ҳеҷ касе мисли ӯ дар баҳсҳову баррасиҳои масоили муҳоҷират дар ин кишвар ин қадар хубу бо тавозун ва донишмандона аз мардуми мо намояндагӣ карда наметавонист."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдуллоҳи Давлат: Даргузашти Устод талафоти бузурге барои ҳамаи мост


Давлати Худоназар

Давлати Худоназар, коргардони маъруфи тоҷики муқими Маскав мегӯяд, меросе ки Боғшоҳи Лашкарбек ва ҷамъияти "Нур"-и ӯ барои тоҷикони Русия аз худ ба ҷо гузошт, мероси бузургест ва пур кардани ҷои шахсиятҳои мисли ӯ кори саҳле нахоҳад буд: "Меҳнати зиёде карда буд дар ин ҷамъият. Дар ҳар чорабиние ки мешуд, ҳунарнамоии тоҷикӣ аз тарафи гурӯҳе буд, ки ҷамъияти "Нур" таъсис дода буд. Як марди хеле ватанпарасту фарҳангшинос буд. Кӯшиш мекард, то аз Ватан дур ҳам бошем, дар ин дурӣ аз фарҳанги Ватани худ дур нашавем. Вақте одамони фаъол аз байн мераванд, фаъолиятҳо коҳиш мебӣанд, чунки пур кардани ҷои чунин шахсиятҳо кори осон нест."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Давлати Худоназар: Пур кардани ҷои Боғшоҳи Лашкарбек осон нест


​Абдуллоҳи Давлат ҳам дар мавриди нақши Боғшоҳи Лашкарбек меафзояд: "Ҳамин тоза, рӯзи 22 январ ба ҷаласаи анҷуманҳои миллӣ даъват шуда будем ва тибқи маъмул ин бор ҳам аз ман хостанд, ки ҳатман Боғшоҳи Лашкарбекро бо худ биорам, ки ба ин ҷаласа шаҳомати бештар бидиҳад. Ӯ бо донишу зиёияти худ аз байни ҳамаи диаспораҳо фарқ мекард, нафақат дар миёни тоҷикҳо. Хеле бо назокат ва донишмандона ҳарф мезад дар мавзӯъҳои муҳоҷират. Воқеан мояи ифтихори тамоми тоҷикони Русия буданд Устод. Ва ҳоло ман фикр мекунам, ки ӯ нафақат фарзандони худ, балки ҳамаи моро дар ин ғарибӣ ятим карданд. Як инсони дар воқеъ донишманд ва дар воқеъ равшанфикру зиёӣ буданд Устод Боғшоҳи Лашкарбек. Ман ҳоло дигар намедонам, ки дигар мо, тоҷикҳоро дар нишастҳои Маскав кӣ ба ин гунае, ки Устод намояндагӣ мекард, муаррифӣ мекунад."

Боғшоҳ Лашкарбеков

Боғшоҳи Лашкарбек 6 феврали соли 1949 дар рустои Зугванди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми донишгоҳ ба омӯзиши фолклори мардуми Бадахшон пардохт ва дар шӯъбаи забонҳои шарқии эронии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор мекард. Ин донишманди варзида ҳанӯз дар солҳои 90, дар пайи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Маскав кӯч баста, фаъолиятҳои илмиашро ба ҳайси ходими илмии шӯъбаи забонҳои эронии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия идома дод. Ӯ дар Маскав ҳам ба таҳқиқи забонҳои шарқии эронӣ идома дод ва яке аз охирин корҳои илмиаш таҳқиқи таърих ва урфу одатҳои тоҷикони Қошғари Чин буд, ки шуморашон зери 80 000 нафар баровард мешавад.

Боғшоҳи Лашкарбек ҳамчунин раҳбарии "Нур"- яке аз марказҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон дар Маскавро бар ӯҳда дошт. Ин марказ бо фаъолиятҳои муҳими фарҳангиаш дар байни муҳоҷирон шӯҳрат дошт ва аз ҷумла як мактаб барои фарзандони муҳоҷирон ва ҳам гурӯҳи ҳунариеро аз навозандагону хонандагон ва раққосони Бадахшон таъсис дода буд.

Наздикони Боғшоҳи Лашкарбек мегӯянд, ки ӯ баъди сафари тобистони гузаштааш ба Тоҷикистон қасди қатъӣ гирифта буд, ки батамом ба Душанбе баргардад ва фарзандонашро ҳам барои бозгашт омода карда буд, вале умр вафояш накард. Боғшоҳи Лашкарбек шаби 2 феврали соли 2014 дар синни 65 ба дунё падруд гуфт. Агар умр вафо мекард, ӯ баъди ҳамагӣ 4 рӯзи дигар ба синни 66 мерасид.

Наздиконаш мегӯянд, ҷанозаи Боғшоҳи Лашкарбекро дар зодгоҳаш - Ишкошим - ба хок хоҳанд супурд.