Дар миёни ин ҷавонон ҳам писарон ва ҳам духтарон ҳастанд. Онҳо бо назардошти суннатҳои оиладории тоҷикон худашон эътироф мекунанд, ки беҳтарин солҳои хонадориро аз даст додаанд ва дар ғурбат коре ҳам аз дасташон барнамеояд. Онҳо мегӯянд, гоҳо фикри оиладоршавӣ дар чунин синну сол дар хориҷ аз Ватан ғайриимкон ба назар мерасад ва ҳатто онҳоро ба даҳшат меорад. Яке аз мусоҳибони барномаи "Садои Ҳамватан", ки дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав худро Гулчеҳра муаррифӣ кард, маҳз ҳамин душвории ҷавононро таъкид кард. Зоолшоҳ, яке дигар аз мусоҳибони "Садои Ҳамватан" низ гуфтаҳои Гулчеҳраро таъйид кард ва дурӣ аз ватан, душвориҳои молӣ, набуди хонаи зист ва надоштани вақти кофӣ барои мулоқот ва ошноиро омилҳои чунин мушкил хонд. Зоолшоҳ мегӯяд, дар ҳаёти муҳоҷирони ҷавон ин мушкил падидаи нав аст.
Бо назардошти чунин вазъи пешомада дар зиндагии муҳоҷирони кории ҷавон, вале хонадорнашуда, оё таҳлилгарону коршиносон барои омӯзиши ангезаҳои ин мушкил коре анҷом додаанд, то роҳҳои ҳалли он пешниҳод шавад? Маъмулан, дар кишварҳои ғарбӣ марказҳои омӯзишӣ барои таҳқиқи чунин падидаҳои иҷтимоӣ корҳое анҷом медиҳанд ва роҳҳои рафъи онро пешкаш мекунанд. Мулоқотҳо баргузор мекунанд ва ҳатто барои шиносоии писарону духтарон клубҳои вижа ташкил мекунанд, то имкони мулоқот бо якдигар ва имкони интихоб ба вуҷуд ояд. Оё чунин кор ба табиати тоҷикон низ хос аст ва он ҳам дар шароити дурӣ аз Ватан?
Мо барои боз кардани ин масъала бо Боғшоҳи Лашкарбек, таҳлилгари тоҷик дар умури муҳоҷират ва раиси ҷамъияти "Нур" дар Маскав, мусоҳиб шудем. Ёдовар мешавем, ки ин ҷамъият ахиран дар Маскав дар ин бора як нишасти коршиносонро низ созмон дод. Оғои Лашкарбек чунин мегӯяд:
«- Дар оғоз ҷавонон, яъне, писарон бештар аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати корӣ меомаданд. Баъдтар хонумҳо ҳам шурӯъ карданд. Тасаввур кунед, ки агар муҳоҷирони корӣ як миллион нафар бошанд, 70 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Хонумҳо ҳам маҷбур шуданд, ки роҳи муҳоҷирати кориро пеш гиранд ва умеди онҳо ҳам ин буд, ки якум, мушкилоти зиндагиашонро ҳал кунанд ва дуввум, мушкилоти хонаводаӣ, яъне дар фикри хонавода бошанд. Вале вақте, ки ба Русия омаданд, дар ин ҷо ба шароити хеле сахт рӯ ба рӯ шуданд. Корҳое, ки онҳо пайдо карданд, имкон намедиҳад, ки вақти зиёд дошта бошанд. Субҳ мераванд кор ва шаб бармегарданд. Бад-ин минвол, 7-8 сол сипарӣ шудааст. Дар чунин ҳолат, аксари духтарон бешавҳар монданд ва бачаҳо безан монданд. Дар ин ҷо мушкиле пеш омадааст, ки ҳеҷ роҳи ҳалли онро пайдо кардан намешавад.»
Суол: «Фикр намекунед, ки тарафи дигари масъала ҳам ҳаст, яъне дурӣ аз хонавода, пайдо карда натавонистани кори муносиб ва шароити хуби зист дар муҳоҷират боиси душвориҳои равонӣ ва афсурдагии ҳамин гуна ҷавонони муҳоҷир дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия мешавад ва онҳо наметавонанд бо якдигар оила ташкил кунанд?»
Ҷавоб: «- Проблемаҳо хеле зиёданд ва мо аз ин проблемаҳое, ки дар Русия дар миёни ҷавонон вуҷуд дорад, аз сад якеро баррасӣ кардем. Инҳо проблемаҳои хонаводагист. Вақте, ки мушкил пеш омад, онҳо мебинанд, ки ҳеҷ роҳи баромад аз ин мушкил барояшон вуҷуд надорад. Фақат роҳи ягона ин аст, ки дар Русия бо шаҳрвандони Русия хонадор шаванд. Дар он сурат масъалаҳои регистратсия ё сабт, бисёр масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳал мешавад ва онҳо ҳуқуқи озодона кор кардан ва зиндагӣ карданро пайдо мекунанд. Вале тарафи дигари масъала ин аст, ки агар дар ин ҷо бисёрии бачаҳо бо шаҳрвандони Русия хонадор шаванд, духтарони тоҷик дар ин ҷо бешавҳар мемонанд. Ин ҳам як дарди дигари ҷамъият аст.»
Суол: «Шумо духтарони тоҷик дар дохили Тоҷикистонро дар назар доред, ки агар писарони тоҷик дар Русия бо духтарони рус издивоҷ кунанд ва оила ташкил кунанд, духтарон дар Тоҷикистон бешавҳар мемонанд? Бидуни ин ҳам шумораи занон аз мардон дар Тоҷикистон зиёд аст. Шумо ҳамин нуктаро дар назар доред?»
Ҷавоб: «-Ҳамин нуктаро дар назар дорам. Ҳам дар он ҷо бешавҳар мемонанд ва ҳам духтароне, ки ба Русия ба муҳоҷирати корӣ омадаанд. Ҳатто баъзе ҷавонон хонумҳои худро тарк мекунанд ва баъд аз омадан ба Русия, дар ин ҷо боз зан мегиранд. Ин аст мушкил. Масалан, дар Маскав мушкил ин аст, агар ҷавоне духтари тоҷикро дӯст дорад, фикр мекунад, ки бо вай хонадор шавад ё нашавад. Вай фикр мекунад, агар вайро гирад, на вай хона дорад, на ман. На вай сабти ном дорад, на ман. Дар чунин ҳолат вай бартарӣ медиҳад, ки духтари русро бигирад, ки мушкилаш ҳал шавад.»
Суол: «Оё намунаҳои баръакс ҳам ҳастанд, ки духтарони тоҷик бо русҳо ё миллиятҳои дигари сокини Русия ба шавҳар баромада бошанд?»
Ҷавоб: «-Ин хел намунаҳо ҳам ҳастанд. Касе ба онҳо мамониат намекунад. Вале аз лиҳози менталитет онҳо худро чандон роҳат эҳсос намекунанд. Дар чунин ҳолат ҳар ду ҷониб кӯшиш мекунанд, то зиндагии хонаводагие дуруст кунанд, ки фарҳанги миллии ҳар ду ҷониб зинда монад. Албатта, мо муқобил нестем. Ин нажодпарастӣ нест. Вале мушкил ин аст, вақте, ки шумораи зиёди мардон дар ин ҷо зани рус мегиранд, ё зани ғайритоҷик мегиранд, шумораи зиёди духтарону занони тоҷик дар Маскав ё худи Тоҷикистон бешавҳар мемонанд. Ҳудуди 15-20 дарсад наметавонанд барои худ шавҳар пайдо кунанд. Аз ин ҷост, ки онҳо метавонанд зани дуввум, зани севвум ва ғайра бишаванд ва ё роҳи зиндгии ношоистаро пеш гиранд. Ё ин институтҳои нави хонадорӣ, ки дар Ғарб ҳаст, дар ин ҷо ҳам ҷорӣ мешавад, яъне, муваққатан бо касе зиндагӣ кардан ва ғайра.»
Суол: «Яъне, дӯсти зиндагӣ будан?»
Ҷавоб: «-Дӯсти зиндагӣ будан ва он ҳам барои эҳтиёҷаш. Он дӯстии воқеӣ нест, яъне дӯсти марде, ки зан дорад, дӯсти марде, ки фақат ду бор дар моҳе пешаш меояд, як бор меояд. Албатта, ин аз ночорӣ аст, аз пайдо накардани ҳамсар аст.»
Суол: «Оё дар конфронси шумо барои рафъи ҳамин мушкил пешниҳодҳо ҳам матраҳ шуд?»
Ҷавоб: «-Оре, дар ин ҷо гуфтанд, ки чаро институтҳои анъанавӣ кор намекунанд, яъне тавассути хешӣ ба шавҳар баромадан. Албатта, ин шева дар Русия ба кор намеояд. Аввал ин, ки дар як шаҳре, ки 12 миллион аҳолӣ дорад, хонум дар куҷост, касе пайдо намекунад. Ҳар кадом дар ҳар кунҷе ва ҷое имкони рафтан надошта бошанд ба ғайр аз ба кор рафтан ва шаб ба хона омада хоб кардан. Дуввум, ин системаи ҷадиде, ки ҳоло дар тамоми Русия ҳаст, дар Ғарб тавассути клубҳо ва тавассути интернет барои пайдо кардани ҳамсар, байни тоҷикон чандон ривоҷ надорад, ононе, ки тарбияи анъанавӣ гирифтаанд, пойбанди суннатҳои миллӣ ҳастанд, инро барои худ кори паст медонанд, ғайри қобили қабул аст барояшон.»