Маъюсии Рашид Раҳимов аз сатҳи футболи тоҷик

Рашид Раҳимов

Мураббии маъруфи тоҷик Рашид Раҳимов мегӯяд, футболи Тоҷикистон дар сатҳи баланд нест ва футболбозоне надорад, ки дар сатҳи қаҳрамонии футболи Русия бозӣ карда битавонанд.

Рашид Раҳимов, мураббии маъруфи тоҷик ва ситораи собиқи бошгоҳи футболи “Помир”-и Душанбе дар як мусоҳибаи онлайн сатҳи кунунии футболи Тоҷикистонро паст номида, гуфтааст, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон футболбозоне надоранд, ки дар сатҳи қаҳрамонии футболи Русия ҳунарнамоӣ карда битавонанд.

Рашид Раҳимов, сармураббии кунунии тими “Терек”-и Грозний, пойтахти Чеченистон дар мусоҳибаи онлайн бо мухлисони футбол, ки сомонаи championat.com рӯзи 29 декабр нашр кард, дар бораи фаъолияташ дар бошгоҳи футболи “Терек”, вазъи футболи Русияву ҷаҳон ва ҳамчунин дар бораи сатҳи имрӯзаи футболи тоҷик изҳори назар кардааст.

Дар посух ба суоли як мухлиси тоҷик, ки оё ҷараёни футбол дар Тоҷикистонро низ пайгирӣ мекунад ва ба футболбозони ҷавони тоҷик низ таваҷҷӯҳ дорад ё на?, гуфтааст, вазъи футболи Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро пайгирӣ мекунад, аммо “муттаассифона, сатҳи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баланд нест. Ман дар онҷо футболбозонеро, ки дар сатҳи Премер-Лигаи Русия бозӣ карда битавонанд, намебинам. Агар чунин бозигарон мебуданд, табиист, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ мекардам. Вақте як ҷавони боистеъдодро пайдо мекунӣ, бояд ӯро берун кашид ва бо вай алоҳида кор кард. Барои онки бозигар ба як сатҳи муайян бирасад, бояд ба вай 2-3 сол сармоягузорӣ кард.”

Мӯҳсин Муҳаммадиев

Мухлисони тоҷик зимни ин мусоҳиба аз Рашид Раҳимов ҳамчунин пурсидаанд, ки оё ӯ мисли ҳамдастаи собиқаш Мӯҳсин Муҳаммадиев қасди ба дӯши худ гирифтани мақоми сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистонро надорад? Ва оё ба ӯ чунин пешниҳод шудааст?

Рашид Раҳимов дар посух гуфта, ки чунин пешниҳод нашудааст, “чунки онҳо мефаҳманд, ки имрӯз вақти муносибе барои ччунин пешниҳод нест.” Ӯ дар идома шарҳ додааст, ки мехоҳад сатҳи футбол дар Тоҷикистон ба ончӣ ки дар гузашта дошт, баргардад. Рашид Раҳимов барои ин таҳияи як барномаи давлатиро зарур шумурдааст: “Имрӯз дар онҷо майдонҳову мактабҳои футбол ва мураббиёни таълимдида каманд. Дар замони Шӯрави тамоми ҷумҳурӣ барои “Помир” мухлисӣ мекард. Ҳар бозии ин бошгоҳ то 20 000 мухлисро ҷамъ меовард. Ба ақидаи ман, тими миллиро танҳо замоне мешавад раҳбарӣ кард, ки ин ҳама эҳё шавад. Имрӯз чизе нест. Ва албатта, ман аз ин ҳолат маъюсам.”

Изҳори маъюсии Рашид Раҳимов аз вазъи футболи тоҷик дар ҳолест, ки бино ба охирин раддабандии ФИФА – Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар байни 202 кишвари узви ин созмон дар мақоми 148-ум қарор дорад, ки пойинтарин мақом дар байни кишварҳои Осиёи Марказист. Барои муқоиса, Узбакистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 74, Қирғизистон дар мақоми 108, Туркманистон дар зинаи 119 ва Қазоқистон дар ҷои 129-ум гузошта шудаанд.

Ҳайъати "Помир"-и соли 1990. Рашид Раҳимов - якум аз тарафи рост

Рашид Раҳимови 50-сола аз матраҳтарин намояндагони футболи Тоҷикистон дар хориҷ ба шумор меравад. Ӯ соли 1965 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (Ваҳдати имрӯза) ба дунё омада, солҳои 1982-1991 дар ҳайъати “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Раҳимов дар ҳайъати "Помир" 277 маротиба ба майдон баромада, 27 гол задааст.

Рашид Раҳимов солҳои 1991-1992 ва 1994-1995 дар ҳайъати тими “Спартак”-и Маскав, солҳои 1993-1994 дар тими “Реал Валядолид”-и Испания ва аз соли 1995 то анҷоми собиқаи футболбозиаш дар соли 1992 дар ҳайъати тимҳои “Аустрия”, “Адмира Ваккер Мёдлинг” ва “Рид”-и Австрия бозӣ кардааст. Раҳимов дар тӯли 20 соли футболбозиаш 539 бор ба майдон баромада, ба дарвозаи ҳарифон 39 гол задааст.

Баъди тарки майдон Рашид Раҳимов ба кори мураббигӣ гузашт ва солҳои 2002-2004 сармураббии “Адмира Ваккер Мёдлинг”, солҳои 2006-2007 ва 2009-2011 сармураббии тими “Амкар”-и Перм, солҳои 2008-2009 сармураббии “Локомотив”-и Маскав буд. Моҳи ноябри соли 2013 ин мураббии шинохтаи зодаи Тоҷикистон сармураббии тими “Терек” таъин шуд. “Терек” дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Русия баъди 18 давр бо 28 имтиёз дар байни 16 тими Премер-Лига дар мақоми 7-ум қарор дорад.

Игор Черевченко

Рашид Раҳимов дувумин намояндаи футболи Тоҷикистон аст, ки ба мақоми сармураббии тимҳои футболи Премер-Лигаи Русия расидаанд. Раҳбарии тими маъруфи "Локомотив"-и Маскавро ҳоло Игор Черевченко бар ӯҳда дорад. Игор Черевченко соли 1974 дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон дар хонаводаи Геннадий Черевченко, капитани собиқи бошгоҳи "Помир"-и Душанбе ба дунё омада, дар ибтидои солҳои 90 дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекард.