Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6 январ дар идомаи тағйироти кадриаш раҳбарону муовинони боз чанде аз идораҳои давлатиро иваз кард.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин карда шуд. Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Дилшод Назаров соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар риштаи гурзандозӣ ғолиб шуда, ҳамон сол дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ дар Ҳиндустон барандаи медали нуқра гаштааст.
Соли 2005-ум ӯ дар аввалин Бозиҳои кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ медали тилло ба даст овардааст. Баъдан Дилшод дар чемпионатҳои Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ ва Урдун ҷойҳои дувумро касб кардааст. Вай қаҳрамони дукаратаи Осиё - соли 2009 дар Чин ва соли 2013 дар Ҳиндустон мебошад. Ӯ, ҳамчунин, ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ соли 2006 дар Қатар ва соли 2010 дар Чин, ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ширкат кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад. Дидшод Назаров моҳи марти соли 2013 дубора ба вазифаи раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд.
Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян ва Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард.
Радиои Озодӣ қабл аз соли нав бо Дилшод Назаров сӯҳбати ихтисосие анҷом дода буд, ки видеояшро метавонед инҷо тамошо кунед:
Рӯзи 6-уми январ бо фармони президент ҳамчунин роҳбарони чанде аз ниҳодҳои давлатӣ аз вазифа озод ва ба вазифаи дигар таъин карда шуд. Аз ҷумла Бобохон Маҳмадов, аз вазифаи мудири Маркази таҳқиқоти стратегӣ, як ниҳоди пажӯҳишии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, сабукдӯш гардида, ба ҷои ӯ Худойбердӣ Холиқназаров, ки то ин замон муовини мудири ин ниҳод буд, мудир таъйин гардид.
Худойбердӣ Холиқназаров, дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда, хатмкараи шӯъбаи забони форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих мебошад. Холиқназаров солҳои 1992-1993 дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, солҳои 1993-98 ноиби намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии рушди демократияи Тоҷикситон дар кишварҳои ИДМ ва солҳои 1998 то 2000 аз саҳмияи 30 дарсадаи мухолифон дар вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ кор кардааст.
Бо фармони дигари раисиҷумҳур Абдураҳим Холиқов аз нав раиси Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон таъйин гардид.
Ҳамчунин Анвар Бобоев сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин гардиданд. Анвар Бобоев қаблан ба ҳайси муовини раиси хадамоти муҳоҷират кор мекард.
Наврӯз Ҷаъфаров ба ҷойи Аъзамҷон Мирзоев сардухтури санитарии давлатӣ таъйин карда шуд. Бо фармони дигари президент Зебо Юнусова аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод карда шуд ва Абдукарим Шехов, ки то ин вақт Сардухтури маркази миллии тиббӣ буд, ба вазифаи сардори ин ниҳод таъйин гардид.
Тибқи хабари ин манбаъ, дар сохторҳои қудратии кишвар ҳам тағйироти кадрӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла роҳбарии шӯъбаҳои dазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Хоруғ, Дарвоз, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ғончӣ, Истаравшан ва Бохтар шахсони дигар таъин карда шуданд.
Ҳамчунин бо фармони президент ба ҷойи додрасҳои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол, Шуғнон, Рушон, Мурғоб, Панҷакент, Шаҳристон, Конибодом, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд кадрҳои дигар омадаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ бо кадрҳои нав ба вазифа таъиншуда сӯҳбат карда, онҳоро ба «хизмати содиқонаю софдилона ба давлату миллат, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ» даъват намудааст.
Тағйироти кадрӣ дар суфуфи мухталифи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи ноябр, ба дунболи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ва тамдиди замони раҳбарии ӯ то соли 2020 идома дорад.
Дилшод Назаров соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар риштаи гурзандозӣ ғолиб шуда, ҳамон сол дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ дар Ҳиндустон барандаи медали нуқра гаштааст.
Соли 2005-ум ӯ дар аввалин Бозиҳои кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ медали тилло ба даст овардааст. Баъдан Дилшод дар чемпионатҳои Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ ва Урдун ҷойҳои дувумро касб кардааст. Вай қаҳрамони дукаратаи Осиё - соли 2009 дар Чин ва соли 2013 дар Ҳиндустон мебошад. Ӯ, ҳамчунин, ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ соли 2006 дар Қатар ва соли 2010 дар Чин, ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ширкат кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад. Дидшод Назаров моҳи марти соли 2013 дубора ба вазифаи раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд.
Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян ва Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард.
Радиои Озодӣ қабл аз соли нав бо Дилшод Назаров сӯҳбати ихтисосие анҷом дода буд, ки видеояшро метавонед инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад