Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 вазир дар таркиби ҳукумати нави Тоҷикистон


Ҳукумати нави Тоҷикистон нахустин ҷаласаи худро баргузор кард ва расман ба фаъолият оғоз намуд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30-юми ноябр ҷаласаи нахустини ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати нав баргузор шуд.

Ҳукумати нави Тоҷикистон дар ҳайати сарвазир, муовини якум ва се муовини сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар таъсис ёфтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷиистон, 13 нафар аз аъзои ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуда ва синни миёнаи аъзои ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Бар пояи ин манбаъ, ҳамаи аъзои ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд ва аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави ҳукумат 2 нафар зан мебошанд, ки қаблан танҳо як нафар бону дар ҳукумати кишвар фаъолият дошт.

Ҳукумати нави Тоҷикистон дар ҳайати зерин таъсис ёфт:

Қоҳир Расулзода-нахуствазир
Давлаталӣ Саидов - муовини аввали нахуствазир,
Марҳаббо Ҷабборова муовини нахуствазир,
Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир,
Азим Иброҳим, муовини нахуствазир
Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ,
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ,
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ,
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо,
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм,
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,
Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захираҳои об,
Шавкат Бобоев, вазири саноат ва технологияҳои нав,
Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанг,
Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,
Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ,
Рустам Менгалиев, вазири адлия,
Абдусалом Қурбонов, вазири молия,
Хайрулло Асоев, вазири нақлиёт,
Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ,
Муҳаммадтоҳир Зокиров, раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ.

Ба иловаи тағйироти фарогири кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, инчунин имсол дар сохтори ҳукумат низ тағйироте ворид карда шуд. Аз ҷумла бо фармони раиси ҷумҳур, вазорати энергетика ва саноат ба вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, вазорати маориф ба вазорати маориф ва илм, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ табдил дода шуданд.

Инчунин вазорати тандурустӣ ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати хизмати давлатии назди президент ба Оҷонсии хизмати давлатии назди президент, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумита оид ба корҳои дин ба Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумат, табдил дода шуданд.

Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумат ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҳукумат ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ, Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, табдил дода шуданд.

Ҳамчунин таъсиси чаҳор ниҳоди нав, яъне вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди маҳалӣ, Оҷонсии хоҷагии ҷангал ва Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ ва барҳамдиҳии вазорати мелиоратсия ва захираҳои обӣ, дар назар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр расман истеъфо дода буд. Тибқи моддаи 74-уми Қонуни асосии Тоҷикистон, дар пайи интихоби раисиҷумҳури ҷадид, ҳукумати қаблӣ бо шумули сарвазиру муовинҳои ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то замони таъсиси ҳукумати нав ваколатҳои худро дар назди президенти навинтихобшуда, ки дар Тоҷикистон раиси ҳукумат ҳам ӯст, вомегузоранд.
XS
SM
MD
LG