Барои аввалин маротиб аст, ки дар Кӯлоб як соҳибкорзан бо таъсиси як корхонаи консервабарои занҳои муҳоҷирро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд бо кор ҷалб кардааст. Ин корхона мавсимӣ буда, то 10 зан дар инҷо фаъолият мекунад.
Гулсумбӣ Иброҳимова, як соҳибкорзани Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиоӣ Озодӣ гуфт, ҳоло онҳо омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии меваро доранд. Хонум Иброҳимова афзуд, идораи "Тоҷикиматлубот" дар вилояти Хатлон бо шуъбаи иқтисоди вилояти Новосибирск шартнома бастаанд, то ба онҷо консерва содирот намоянд. Ӯ мегӯяд, ҳоло "Тоҷикматлубот" ба онҳо супориш додааст, ки то 40 ҳазор бонкаи консервагӣ омода намоянд.
"Ҳозир 10 зан ва се мард, дар корхонаи консервабароӣ ба кор ҷалб шудаанд. Cе тани онҳо занҳое ҳастанд, ки ихроҷ шудаанд ва дигаронаш занҳои аз шавҳар ҷудо шуда мебошанд. Инҳо бештар аз моҳи май то моҳи октябр кор мекунанд. Баъд дар замистон таътил аст ва боз дар баҳор корро оғоз мекунанд. Ҳоло мо кӯшиш дорем, ки ин корхонаро васеътар кунем ва бештар занҳои ихроҷшуда аз Русияро ҷалб кунем."
Ин зани соҳибкор ду сол қабл корхонаи консервабарорӣ таъсис дод ва коргарони аввалини ин корхона низ занҳое, буданд ки аз ҳуқуқи ба Русия рафтан маҳрум шуда буданд. Санавбар Пирова, як коргари 45-солаи корхонаи консервабароӣ рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ як сол қабл аз Русия ихроҷ шуда, ба ватан баргашт. Хонум Пирова гуфт, ки баъди омадани ӯ, писараш низ аз Русия ихроҷ шуд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ӯ ва писараш панҷ сол ҳуқуқ надоранд ба Русия ворид шаванд ва дар ин корхона аз соли гузашта ба кор ҷалб шудаанд.
Санавбар Пирова мегӯяд, ки "дар Русия чанд сол муҳоҷир будам, соли гузашта маро ихроҷ карданд. Баъди омадани ман писарам низ ихроҷ шуд, ҳоло ҳардуямон панҷ сол ҳақ надорем, ки Русия равем. Баъд як рӯз ба апаи Гулсунбӣ муроҷиат кардам, ки ба ман ягон кор диҳад, то зиндагиамро гузаронам. Ӯ ба ман ин корро пешниҳод кард."
Санавбар Пирова чор фарзанд дорад ва дар гузашта 5 маротиба ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ӯ мегӯяд, ки тангдастӣ ва надоштани маблағ ӯро маҷбур кард, то чор фарзандро партофта ба Русия равад. Хонум Пирова гуфт, ки дар Русия фаррошӣ карда пул меёфт ва ба фарзандонаш ирсол мекард, то онҳо гурусна намонанд, аммо баъди ихроҷ шуданаш аз Русия, ҳоло дар корхонаи консервабарорӣ ба кор ҷалб шудааст.
Ҳоло тибқи оморӣ расмӣ аз Кӯлоб ҳафт ҳазор муҳоҷир дар Русия кору иқомат дорад, ки аз ин шумора 1000 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Ин омор нисбати як соли пеш ду баробар кам шудааст. Коршиносон иллати кам шудани муҳоҷиронро дар ихроҷ шудани онҳо аз қаламравӣ Русия ва бӯҳронӣ молӣ медоданд.
Зимнан, Гулсумбӣ Иброҳимова ба ҳукумати шаҳр пешниҳод кардааст, ки ба ӯ замине ҷудо созанд, то ӯ дар ин заминҳо маҳсулоти кишоварзӣ барои корхонааш парвариш кунад. Ӯ мегӯяд, ки агар ин замин ҷудо шавад, дар кори он бештар занҳои бева ва онҳое, ки аз ҳуқуқи рафтан ба Русия маҳрум шудаанд, ба кор ҷалб хоҳанд шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад