Афтандил Жоробеков, фаъоли мадании қирғиз баъди ҳафт моҳи боздошт ба ҳабси хонагӣ гузаронданд. Дар ин бора вакили дифои ӯ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.
Ҷурабекови 40-сола моҳи декабри соли 2023 баъди ошкоро эътироз кардан ба тағйир додани парчами Қирғизистон боздошт шуд. Мақомоти қирғиз ин фаъоли ҷамъиятиро ба даъвати оммавӣ барои бетартибӣ ва нофармонӣ муттаҳам карданд.
Афтандил Жоробеков моҳи декабри соли гузашта дар навор гуфта буд, ки давоми се соли охир дар иқтисоди Қирғизистон пешрафте нашудааст ва ҳамчунин норозигии худро ба тағйири парчам баён карда буд.
Пешниҳоди тағйир додани парчами Қирғизистон аз тарафи раиси ҷумҳур Содир Ҷабборо садо дод ва сарфи назар аз норозигии бархеҳо дар Қирғизистон онро қабул карданд.