Вуруди даҳҳо парвандаи "ифротгароёну террористон" ба додгоҳи Хатлон

Ҳамаи ин афрод соли гузашта бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ дар Қубодиён ба зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки аз аввали имсол танҳо ба ин додгоҳ 28 парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст, ки вобаста ба терроризм ва ё ифротгароӣ ҳастанд. Додгоҳ аз ин миён ва дар панҷ моҳи гузашта, 20 парвандаро баррасӣ кардааст ва мегӯяд, ҳамаи онҳоеро, ки гуноҳашон собит шуд, ба зиндон маҳкум кардааст.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 8 парвандаи ҷиноии дигар дар баррасӣ аст ва мумкин аст, рӯзҳои наздик муҳокимаи муттаҳамонаш сурат бигирад.

Бисёре аз парвандаҳоро ба гуфтаи додгоҳ, додситонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба зидди онҳое боз кардаанд, ки ба ҳамкорӣ бо аъзои гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва дигар ҳизбҳои мамнӯъ муттаҳам дониста мешаванд.

Нашри парчаму тамошои барномаҳои зиддиҳукуматӣ

Ҳукми як сокини вилояти Хатлон, ки ҳамин сол ба зиндон маҳкум шуд, дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст. Расулҷон Бухориев, ба гуфтаи додситонҳо ақидаи аъзои ДИИШ-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мекардааст ва аксҳои парчами сиёҳи "Давлати исломӣ”-ро бознашр кардааст.

Расулҷон Бухориев, сокини 24 солаи ҷамоати деҳоти Дӯстӣ ноҳияи Ҷайҳунро барои онки дар саҳифаи интернетияш беш аз 10 акси парчами сиёҳи ДИИШ-ро гузошта, ақидаҳои "Давлати исломӣ" - ро дастгирӣ мекардааст, ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ин афродро барои насби парчами ДИИШ дар Норак соли 2015 дастгир карданд.

Расулҷон Бухориев ба тарғиби ифротгароӣ ва ҷалби дигарон ба созмонҳои террористӣ муттаҳам шудааст ва дар парванда омадааст, ки “ташхиси давлатии диншиносӣ нишон дод, ки ӯ бо гузоштани аксҳои ДИИШ, дар даъватҳои оммавии фаъолияти экстремистӣ саҳм доштааст.”

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин ҷавон тариқи интернет ба ақидаҳои салафия гаравида ва як барномаи телевизиониро, ки бар зидди сиёсатҳои кунунии Тоҷикистон барнома пахш мекунад пайваста тамошо мекардааст.

Ӯ аввали моҳи декабри соли 2016 аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ҷайҳун боздошт шудааст. Хонаводаи Расулҷон Бухориев аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд, аммо додгоҳ мегӯяд, ки ӯ қисме аз иттиҳомотро дар мурофиа эътироф кардааст.

Яке дигар аз онҳое, ки имсол ба зиндон маҳкум шуд, Муҳаммадсолеҳ Бобоев, сокини ҷамоати "Бохтариён" аст, ки ӯро дар Молдова боздошт карданд ва ба Тоҷикистон супурданд. Ӯ гӯё эътироф кардааст, ки мехост, аз Молдова ба Туркия ва сипас ба Сурия биравад.

Муҳаммадсолеҳ Бобоевро моҳи апрел аз Молдова ба Тоҷикистон оварданд ва ӯ моҳи май 10 сол ба зиндон маҳкум шуд. Ин сокини ноҳияи Бохтар дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ мекардааст ва мубаллиғони ДИИШ ӯро ба домашон андохтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ифротгароӣ як хатари ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар аст ва Хатлон яке аз осебпазиртарин минтақаҳо дар баробари ин зуҳурот аст.

Соли 2016 дар вилоят беш аз 300 парвандаи ҷиноии вобаста ба терроризм ва ифротгароӣ боз шудааст. Моҳи май имсол худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз хатари ифротгароӣ дар Хатлон сӯҳбат кард ва гуфт, 500 сокини вилоят ба Ироқу Сурия рафтаанд ва 60 нафарашон дар ҷангҳо кушта шудаанд.