Раъйпурсиҳои шарқи Украина чӣ дод ва чӣ гирифт?

Раъйпурсиҳои анҷомдодаи ҷудоиталабон дар ду вилояти шарқи Украина то имрӯз суолҳои бештаре халқ кардааст, то посух ба суолҳои мавҷударо.
Далоили зиёди бадастомада ҳокист, ки раъйрпурсиҳои рӯзи 11 май бо талаби “мустақилият”-и вилоятҳои умдатан русзабони Донетсу Луҳанск барпокардаи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина ҳамроҳ бо тахаллуфоти фаровон сурат гирифтаанд. Ҷудоиталабон иддао доранд, ки дар ин назархоҳиҳо комёб шудаанд. Вале то кунун ин ду маърака бештар суолҳои наверо халқ кардааст, то посух ба суолҳои мавҷударо.

Он чӣ ки аён аст:

- Амалан мақомоти интихоботии худхонда дар ҳарду вилоят иддао доранд, ки аксарияти кулли мардум - дар Донетск 89,7 дарсад ва дар Луҳанск 96 дарсад - аз “мустақилият” ҳимоят кардаанд.


  • Раъйпурсӣ бидуни хушунат анҷом нашуд. Бино ба хабарҳо, дар Красноармийск, воқеъ дар ғарби шаҳри Донетск дастикам як нафар кушта шуд.



Он чӣ ки аён нест:

-- Маълум нест ки аслан чанд нафар раъй додаанд? Ҷудоиталабон иддао доранд, ки дар ҳарду вилоят дастикам 70 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи раъй овоз додаанд. Дар Донетску Луҳанск тақрибан 7 миллион, ё 15 дарсади аҳолии Украина ба сар мебаранд. Аммо кадом далели қотеъе оварда нашуд, ки ин рақамҳоро собит кунад. Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов мегӯяд, дар Луҳанск ҳамагӣ 24 дарсад ва дар Донетск 32 дарсади мардум дар раъйпурсии ҷудоиталабон ширкат кардаанд.

Мояҳои шакку шубҳа:
- Хеле оддист. Омодагиҳо ба раъйпурсиҳо камтар аз як моҳро дар бар гирифт ва ба гуфтаи ҷудоиталабон, харҷаш ҳамагӣ 1700 долларро ташкил додааст.

- Овоздиҳандаҳои ноаён? Дар ҳоле ки хабарнигорони рӯ ба Русия ва ҷудоиталаб аз навбатҳои тӯлонӣ дар назди қитъаҳои раъйдииҳӣ гузориш медоданд, хабарнигорони дигар дар Луҳанску Донетск далелҳоеро дар бораи ширкати ночизи мардум ва ҳатто дар тӯли рӯз холӣ мондани бархе қитъаҳои овоздиҳӣ ҷамъ мекарданд. Дар айни замон камбуди қитъаҳо низ эҳсос мешуд. Дар шаҳри Мариупол, ки 500 000 аҳолӣ дорад, танҳо 8 қитъаи овоздиҳӣ амал мекард, ки боиси навбатҳои тӯлонӣ шуд ва қуттиҳои овоздиҳиро бидуни назорат дар кӯчаҳо гузошта буданд.

- Маъракаҳои фишор. Тақрибан ҳамаи қитъаҳои бузурги раъйдиҳӣ аз сӯи афроди силоҳбадасти ниқобпӯш посбонӣ мешуд. Аксари онҳо силоҳ дар даст раъй доданд. Дар бисёре аз қитъаҳо кабинаҳои овоздиҳӣ вуҷуд надошт ва мардум маҷбур буд баргаҳоро дар пеши издиҳмо пур кунад. Дар дастикам як маврид марде, ки зидди мустақилият овоз дода буд, зоҳиран аз тарси амнияташ ба хабарнигор акси инро гуфт, ки гӯё аз ҷудоиталабон ҳимоят кардааст.
  • Нақзи тартиб. Тибқи қонунҳои Украина, кумиссиюнҳои интихоботӣ бояд аз дастикам 9 нафар иборат бошанд. Аммо бисёре аз нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳадди аксар 3 корманд доштанд ва аксаран – онҳое ки қаблан таҷрибаи кор дар маъракаҳои интихоботиро надоштаанд. Бархе ҳавзаҳо рӯйхати интихобкунандагонро надоштанд, ки заминаи тахаллуфотро фароҳам мекард. Дастикам як мард бо як даста шиносномаҳо ҳангоми овоз додан ба ҷои чанд нафар намоиш дода шуд. Вале ӯ гуфт, аз номи аъзои хонаводааш раъй медиҳад.
  • Тақаллуби натиҷаҳо. Нирӯҳои Украина дар арафаи раъйпурсӣ дар вилояти Донетск мошинеро бо 100 000 баргаи раъй боздошт карданд. Ҳамаи ин баргаҳо аз пеш ба тарафдорӣ аз “мустақилият”-и Донетск пур карда шуда буд. Бархе хабарнигорон мегӯянд, баргаҳои зидди “мустақилият”-ро ҷудоиталабонг нест мекарданд. Васил Никитин, сухангӯи ҷудоиталабони Луҳанск иддао кард, ки нирӯҳои Горди миллӣ то 15 000 баргаи раъйро тасарруф кардаанд ва онҳо маҷбур шудаанд, баргаҳои бештар чоп кунанд.

Гирдиҳамоӣ дар Луҳанск

- Фарқи натиҷаҳои райъпурсӣ аз натиҷаҳои назарсанҷиҳо: Тибқи натоиҷи назархоҳие, ки рӯзи 8 май Pew Research Center нашр кард, 70 дарсади аҳолӣ дар шарқи Украина тарафдори ваҳдати кишвар буда, танҳо 18 дарсад аз ҷудоиталабаон ҳимоят мекунанд. Ҳатто дар байни русзабонҳои ин минтақа 58 дарсад тарафдори ваҳдати Украина ва ҳамагӣ 27 дарсад ҷонибдори “мустақилият” будаанд. Натиҷаҳои эълоншудаи райъпурсиҳои рӯзи 11 май аз ин рақамҳо на 1, 10 ё 20 фоиз, балки чанд маротиба фарқ мекунад.

- Ҳузури ҷисмонӣ? СБУ – Хадамоти амнияти Украина дар ҳафтаи гузашта сабти садоии сӯҳбати телефонӣ байни қавмгарои тундрави рус Александр Баркашов ва раҳбари як гурӯҳи ҷудоиталабони Донбасс Дмитро Бойтсовро нашр кард. Бойтсов дар ин сӯҳбат изҳори ташвиш мекунад, ки вилоятҳои шарқи Украина бидуни пуштибонии низомӣ наметавонанд дар раъйпурсиҳо комёб шаванд. Баркашов дар посух мегӯяд: “Ҳарчӣ мехоҳед, ҳамонро бинависед. 99 фоиз бинависед! Чӣ, шумо дар воқеъ мехоҳад қоғаз ҷамъ карда гардед?”


Чаро ҳақиқат ҳеҷ гоҳ рӯи об нахоҳад баромад?
  • Шоҳидони холис команд. Нозирони байналмилалӣ, ҳатто нозирон аз Русия дар раъйрпусиҳои Донетску Луҳанск ҳузур надоштанд. Як теъдод аз хабарнигорон дар назди қитъаҳои раъйдиҳӣ мавриди фишору таъқиб ва ҳатто латтукӯб қарор гирифтанд. Баъзан аксбардоронро ба дохқили ин қитъаҳо роҳ надоданд.

Суолҳое ки имрӯз дар назди сокинони шарқи Украина истодаанд:

- Онҳо барои чӣ овоз доданд? Баргаҳои раъй аз онҳо мепурсид, ки оё онҳо аз “мустақилият” пуштибонӣ мекунанд? Аммо мардум дар сӯҳбат бо Озодӣ ин суолро ба гунаҳои гуногун маънидод мекарданд. Бархе мегуфт, “мустақилият” ба маънои пайвастан ба Русия аст. Бархе аммо мӯътақид буд, ки онҳо дар ҳайати Украина хоҳанд монд, вале бо касби мухторияти бештар. Тақрибан мисли Қрим дар рӯзҳои қабл аз тасарруфаш аз сӯи Русия. Ҳамин тавр як гурӯҳи дигар бар ин буд, ки Луҳанск ва Донетск комилан мустақил мешаванд – ҳам аз Украина ва ҳам аз Русия.
  • Қадами баъдӣ чӣ хоҳад шуд? Мақомоти мухталифи худхондаи ҷудоиталабон аҳдофи мухталиферо матраҳ мекунанд –ташкили ниҳодҳои давлативу низомӣ; боқӣ мондан дар Украинаи ё “унитарӣ” ё “федеративӣ”; берун кардани нирӯҳои Украина ҳамчун ишғолгарони “хориҷӣ”; ё баргузории раъйпурсиҳои нав бо талаби пайвастан ба Русия. Бархе ҷудоиталабон Киевро ба талоши “аннексия”-и ноҳияҳои тарафдори Украина дар вилоятҳои Донетску Луҳанск айбдор мекунанд.

- Ва оқибат чӣ мешавад? Сенарияҳои дарозмуддати эҳтимолӣ буруз боз як минтақаи низои яхбаста дар харитаи Аврупо, фаъолияти ҳамзаамони сохторҳои идории ҳам рӯ ба Украина ва ҳам ҷудоиталаб дар ин манотиқ ваё бо баҳонаи пешгирӣ аз хушунатҳо ба убури марз ва истиқрори нирӯҳои “ҳомии сулҳ”-аш дар шарқи Украина азм кардани Маскавро дар бар мегиранд.